1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ИДИ ҒАЛАБА ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

Дар факултети физикаю - техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ бахшида ба 70-солагии «Иди Ғалаба» бо иштироки ҷанговари интернатсионалист, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:538 нафар


ЧАШМОНИ ГУЛҲО БОЗ ШУДАНД

Дар толори факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷлили ҷашни бошукӯҳи наврӯзи аҷам бо иштироки ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Декани факултет Раҳимҷон Назаров барномаи наврӯзиро оғоз намуда ҳамаи нишастагонро ба омад омади иди Наврӯз табрику таҳният намуд. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов таманниёти неки раёсати донишгоҳро ба ифтихори Наврӯзи байналмилал ба самъи устодону донишҷӯён расонд. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:448 нафар


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ДОНИШГОҲ

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон, журналистони варзида аз он ҷумла Солеҳи Зарифзод, Ҷӯра Юсуфӣ, Карими Шариф, Мухтори Абдулло, Илҳоми Ҷамолиён ва ғайраҳо иштирок доштанд.
Чорабинро декани факултети филологияи тоҷик Мӯсо Олимҷонов оғоз намуда кулли журналистонро ба идашон табрик намуд. Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлилии МИҲД-и вилояти Суғд табрикоти раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба самъи ҳозирин расонид ва мавсуф ҳамзамон аз имконият ва имтиёзҳои фаровони журналистон ёдоварӣ намуд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:480 нафар


БУЗУРДОШТИ ОИЛА ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

Дар пайи эълон гардидани соли 2015, Соли оила аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ- тарбиявиро пиёда сохтаанд.
Дар факултаи молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳ чорабинӣ таҳти унвони “Зан- чароғи хонадон,тароватбахши зиндагӣ” баргузор гардид. Дар он ҷомеаи донишҷӯён ва устодон факултет ширкат варзиданд. Нахуст, сармуаллимаи кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ ва ташкили бозор Саодат Бегматова баромад намуда, оид ба дастовардҳо ва фаъолияти назарраси бонувони тарбиятдиҳандаи дар ҷодаи илм ва таълим факулта сухан ронд. Сипас, Зарина Мадаминова донишҷӯи факултети мазкур аксҳои ҷолиби диққат ва аз лаҳзаҳои хуши зиндагии хотирмони устодони факултетро ба намоиш гузошта, суханҳои меҳрпайвандӣ оварда, эшонро васф намуд. Ҳамчунин донишҷӯёни соли якум ва дуюм гуфтор, шеърҳо дар васфи Зан-Модар, саҳнача аз ҳаёти модарони ҷавон, рақси гуруҳӣ ва барномаи фарҳангии худро ба намоиш гузоштанд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:461 нафар


ПАЁМИ ИМРӮЗУ ФАРДОСОЗИ КИШВАР

Дар толори калони Раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Паёми имрӯзу фардосози кишвар» бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд. Дар оғози паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки “ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:450 нафар


ПАЁМЕ ДАР РОҲИ РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нек ва дурбинонаю созанда ба ҳисоб меравад. Барои он ки оғози сол ин ибтидои ба нақшагирии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар буда, барои ба итмом расонидани чорабиниҳои гуногуни пешбинишуда замина мегузорад. Паёми навбатии Сарвари кишвар пеш аз ҳама ба беҳтар гардидани некуаҳволии халқи шарифи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Мӯҳтавои Паём ба ниятҳои созандаи халқ наздик буда, маҳз барои ободии ватан, вусъати дучанди корҳои созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, дастгирӣ ва ғамхории мардуми камбизоат, бачагони ятиму бепарастормонда, маъюбу барҷомонда, беҳтар намудани фаҳанги миллӣ ва ба идома ёфтани сиёсати дуруст ва дурбинонаи дохилӣ ва берунаи кишвар нигаронида шудааст. Дар навбати дигар, нишондодҳои Паём ин роҳи муайян ва мушаххаси ободии минбаъдаи ватан буда, дар назди ҳар як бошандаи он вазифаҳои муайяни созандагӣ ва бунёдкориро пеш мегузорад. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:459 нафар





БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло