ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.



  • ТАШРИФИ САРДОРИ ТАШКИЛОТИ ҲАМКОРИҲОИ РОССИЯ БА ДОНИШГОҲ

  • ҶАМЪБАСТИ ТАНТАНАВИИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШИИ АНЪАНАВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

  • ВОХЎРӢ БО САРВАРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ҚАМАР НУРУЛҲАҚОВ


АНҶУМАНИ САОДАТУ ҲАМДИЛӢ

Бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлочияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсати донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гашт. Чорабинӣ таҳти унвони “Анҷумани саодату ҳамдилӣ” аз ҷониби донишҷӯёни кафедраи журналистика гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Хуршеда Усмонова дирктори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ ифтитоҳ гардид. Сипас навори кӯтоҳ аз лаҳзаҳои ҳассос ва ноороми кишвар ва ҳамунин баргузории Иҷлосия тақдирсоз намоиш дода шуд. Сипас донишҷӯён доир ба мавзӯъҳои Ватан, Иҷлосияи ва Пешвои миллат шеър ва гуфторҳо қироат намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳои ҷолиб намоиш дода шуд, ки мазмунан  тарғибгари худшиносӣ, иттиҳоду ҳамдилӣ, дустиву рафоқат, бародарию сулҳ ва меҳанпарастию бунёдкорӣ буд.

 

Аз назар гузарониданд: 31 нафар

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ФОҶИАБОРИ ОН ДАР АМНИЯТИ КИШВАР

Амнияти кишварҳои Осиёи Миёна имрӯз хеле ҳассос мебошад. Зеро давлатҳои абарқудрат чашмони хешро ба ин мамлакатҳои хурд ало кардаанд. Мо аҳли илму таълим бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки  вақт барои тарбияи насли ҷавон бештар ҷудо намоем.

Имрӯз дар натиҷаи ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ мо ба таври пурра ҳамаи амалҳои ҷавононро назорат карда наметавонем. Зеро онҳо ба мо як чиз мегӯянд, аммо худашон чизи дигарро ба анҷом мерасонанд. 

Барои ба ҷараёнҳои мухталифи экстремистӣ пайваст нашудани ҷавонон пеш аз ҳама мо бояд сабабҳои пайдоиши экстремизмро муайян кунем. Ба назари коршиносон ин  сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиши сатҳи зиндагӣ, хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии намояндагони хориҷӣ метавонанд сабабҳои пайдоиши экстремизм бошанд.

 

Аз назар гузарониданд: 16 нафар

ДИН НИҚОБИ ТЕРРОРИСТОН ГАРДИД

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари равнақу ривоҷ ёфтани суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмин гардидани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд омилҳое низ ба назар мерасанд, ки ба ҳалалдор намудани амнияти миллии кишвар нигаронида шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое  андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми нерӯҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”. Ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд. 

Аз назар гузарониданд: 14 нафар

ИСЛОМ ВА МАЗҲАБУ РАВИЯҲОИ ОН, МАФҲУМИ ФАКТОРИИ ИСЛОМӢ, ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТИЕ, КИ ДАР ЗЕРИ НИҚОБИ ИСЛОМ ФАЪОЛИЯТ МЕБАРАНД

Ислом ба зоти худ надорад айбе…

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дуруст, қайд кардааст. Зеро ҳар айбе, ки мешавад он аз тарафи худи мардуми мусалмон содир карда мешавад.

Таълимот исломӣ ба зоти худ пок аст. Дар он оид ба тозагии шахсӣ, одобу услуби инсонӣ, илм омўхтан, ҳама гуна таълимотро эҳтиром кардан ва он таълимоте, ки ба дин зарар надорад онро қабул карданро таълим медиҳад. Аммо имрўз муллоҳои навбаромад таълимотҳоеро ба мардуми бесавод, бемаърифат ва ҳато мардуме, ки савод доранд талқин менамояд, ки гиребонро газида чашмони ҳайратангезро во мекунем. 

 

Аз назар гузарониданд: 41 нафар

ХАТАРҲОИ ИСЛОҲНОПАЗИРИ ЭКСТРИМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ба  проблемаи  хеле ҷидӣ рў ба рў гардидааст, ки ин пеш аз ҳама  густариш пайдо кардани терроризм ва экстримизм  мебошад. Терроризм  ва экстримизм дар ҷаҳони имрўз аз хатарҳои умумибашарӣ  маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳарос овардааст. Албатта  дар  пешрафтҳои гурўҳҳои террористиву экстримистӣ дасти ашхоси махсус низ  ҳаст, ки  манфиати худро аз пешрафти  низоъҳои қавмиву нажодӣ ва диниву давлатӣ  мебинанд. Таҳким бахшидан ба низоъҳои сиёсии давлатҳо барои густариши терроризм ва экстримизм заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аз назар гузарониданд: 32 нафар

ВОХЎРИИ НАМОЯНДАГОНИ РАЁСАТИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ

Яке  аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ  ва  дар амал  татбиқ  намудани  рукнҳои  Консепсияи  миллии  тарбия,  аз ҷумла  тарбияи  ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳии ҷавонон  ин пеш аз ҳама ҳамкорӣ  бо  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ   махсуб  меёбад, ки дар ин самт дар факултети  педагогӣ  кор  тибқи   нақша идома  дорад.

Санаи  01.12.2017  тибқи нақша вохўрии  донишҷўёни  факултети педагогӣ  бо муовини  сардори  хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни  ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Суғд подполковники  милиса  Турсунов Нозимҷон Дадаҷонович  ва нозири калони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Суғд  милиса   Якимов Беҳбудӣ Аҳтамович  баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 26 нафар

1 | 2 | 3 > >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар