1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

БА НАВРЎЗ

Наврўз гашта ибтидо, аз шоҳ  Ҷамшеди Каён,
Эй кор доим ҷо бувад, андар замири ҷовидон.
Имрўз гашта ҷашни мо, овоза андар баҳру бар,
Таҳсин мехонад ҳаме, дунё ба халқи тоҷикон!
Ҳафт сину ҳафт шинҳои ту, рамзи ту гашта аз азал,
То ҳол орояд басе, ин ҷашн хони хонадон.
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:5 нафар


МУЖДАИ САБЗ

Наврўз бадар кунад ғам аз хонаи ман,
Тавлид кунад нишоту афсонаи ман.
Наврўз, ки ишқ ораду меҳроби вуҷуд,
Пайванд ба мўҳра мекунад шонаи ман.
Сарҷамъ шавад қавм ба як дастурхон,
Анвои хушаш зиёда кошонаи ман.
Наврўз бикун, решаи ваҳдатро сабз,
Якдил бинамо, миллати фарзонаи ман.
Бошад, ки чу Наврўз ҷаҳонӣ гардад,
Фарҳанги ғании халқи дурдонаи ман.
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:8 нафар


НАВРЎЗИ ВАТАН

Наврўзи Ватан омад,
Лола ба даман омад,
Булбул ба чаман омад,
Эй халқи кўҳанбунёд
Наврўз муборак бод!
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:6 нафар


НАВРЎЗА БИЁ, КИ ҶАШНИ НАВРЎЗ ОМАД!

Деҳаи Баҳор дар миёни куҳҳои сар ба фалак кашида ҷой гирифта буд. Кабудии осмони деҳа хеле кам ба чашм мерасид, зеро аз чор тарафи он дарахтони ҳамеша сабзи арча пўшида буд. Вақте ки ҳар як сайёҳ ба ин диёр сафар мекард, худро дар олами афсонавӣ тасаввур менамуд. Зеро хониши андалебон, чаҳ– чаҳи парандагонро шунида, бо дидани оби софу нўшиданӣ, ки аз болои сангҳои рангоранг шата задаву кафкунон ҷорӣ мегардид, шавқу рағбати ҳар як бинандаро боз ба ин диёри биҳиштосо ҷалб менамуд. Ин манзараро Наврўза ҳамеша аз табиати диёраш тамошо мекард.  
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:10 нафар


ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҶЎРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРЎЗ

                        Устодон ва донишҷўёни арҷманд! 
Ҳамаи Шумоёнро бо оғози эҳёи табиат, айёми эътидоли баҳорӣ ва  рӯзи фарорасии соли нав аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон хушрўзӣ, сиҳатмандӣ, сарбаландӣ ва саодати наврўзиро орзумандам.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:163 нафар


ПРАЗДНИК ВЕСНЫ НА ФАКУЛЬТЕТЕ РУССКОЙ ФИЛОЛОГИИ

17 марта на факультете русской филологии прошел праздник Навруз. Этот Великий праздник  каждый год  традиционно  празднуется и отмечается на факультете. Праздник начался с просмотра небольшого документального фильма. Гостям было очень коротко, но интересно рассказано о традиции и истории празднования Навруза. 
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:106 нафар



1 | 2 | 3 > >>


БОТАНИЧЕСКИЙ САД | МУЗЕЙ | БИБЛИОТЕКА | ФОТОГАЛЕРЕЯ | ИНФОГРАФИКА | КАРТА САЙТА | КОНТАКТ

Республика Таджикистан, г.Худжанд, проезд Мавлонбеков 1

ба боло