1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ИДИ ҒАЛАБА ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

Дар факултети физикаю - техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ бахшида ба 70-солагии «Иди Ғалаба» бо иштироки ҷанговари интернатсионалист, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:578 нафар


ЧАШМОНИ ГУЛҲО БОЗ ШУДАНД

Дар толори факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷлили ҷашни бошукӯҳи наврӯзи аҷам бо иштироки ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Декани факултет Раҳимҷон Назаров барномаи наврӯзиро оғоз намуда ҳамаи нишастагонро ба омад омади иди Наврӯз табрику таҳният намуд. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов таманниёти неки раёсати донишгоҳро ба ифтихори Наврӯзи байналмилал ба самъи устодону донишҷӯён расонд. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:476 нафар


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ДОНИШГОҲ

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон, журналистони варзида аз он ҷумла Солеҳи Зарифзод, Ҷӯра Юсуфӣ, Карими Шариф, Мухтори Абдулло, Илҳоми Ҷамолиён ва ғайраҳо иштирок доштанд.
Чорабинро декани факултети филологияи тоҷик Мӯсо Олимҷонов оғоз намуда кулли журналистонро ба идашон табрик намуд. Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлилии МИҲД-и вилояти Суғд табрикоти раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба самъи ҳозирин расонид ва мавсуф ҳамзамон аз имконият ва имтиёзҳои фаровони журналистон ёдоварӣ намуд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:512 нафар


БУЗУРДОШТИ ОИЛА ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

Дар пайи эълон гардидани соли 2015, Соли оила аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ- тарбиявиро пиёда сохтаанд.
Дар факултаи молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳ чорабинӣ таҳти унвони “Зан- чароғи хонадон,тароватбахши зиндагӣ” баргузор гардид. Дар он ҷомеаи донишҷӯён ва устодон факултет ширкат варзиданд. Нахуст, сармуаллимаи кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ ва ташкили бозор Саодат Бегматова баромад намуда, оид ба дастовардҳо ва фаъолияти назарраси бонувони тарбиятдиҳандаи дар ҷодаи илм ва таълим факулта сухан ронд. Сипас, Зарина Мадаминова донишҷӯи факултети мазкур аксҳои ҷолиби диққат ва аз лаҳзаҳои хуши зиндагии хотирмони устодони факултетро ба намоиш гузошта, суханҳои меҳрпайвандӣ оварда, эшонро васф намуд. Ҳамчунин донишҷӯёни соли якум ва дуюм гуфтор, шеърҳо дар васфи Зан-Модар, саҳнача аз ҳаёти модарони ҷавон, рақси гуруҳӣ ва барномаи фарҳангии худро ба намоиш гузоштанд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:503 нафар





BOTANICAL GARDEN | MUSEUM | LIBRARY | PHOTO GALLERY | INFOGRAPHICS | SITE MAP | CONTACT

Republic of Tajikistan, Khujand, passage Mavlonbekov 1

ба боло