1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ 70 СОЛА ШУДАНД

Олим, публитсист, омӯзгор, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002-2005), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи таърихи ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муаллифи 70 китоб, беш аз 160 мақолаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои аз 700 мақолаҳои илмӣ – оммавӣ дар матбуоти даврӣ Усмонҷон Ғаффоров ба синни мубораки 70 қадам монданд. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:273 нафар


ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ФАКУЛТЕТҲО

Тибқи супориши ректори Доншгоҳ Анвар Мақсудов дар факултетҳои Донишгоҳ роҷеъ ба Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки ҷомеаи меҳнатӣ чорабиниҳо гузаронида шуда истодааст. Чунин нишаст дар факултетҳои биология ва химия ва педагогӣ сурат гирифт. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:289 нафар


ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ояндаи тараққиёти кишварро дар ҳамаи соҳаи ҷамъият, иқтисодию, иҷтимоию, маданӣ муайян мекунад. Аз масъалагузорӣ дар Паём ва иҷроиши он, сатҳи зиндагии аҳолӣ, некӯаҳволи он вобастагии зич дорад. Дар Паёми Президенти кишвар, қайд карда шуд, ки дар соли 2014, новобаста аз таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа, рушди иқтисодии мамлакат дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Масалан, яке аз нишондиҳандаҳои асосие, ки рушди иктисодии кишварро муайян мекунад, ин маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон соли 2014 ба 45,6 миллиард сомонӣ баробар буда, афзоиши воқеии он нисбат ба соли 2013 6,7 фоизро ташкил дод. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:324 нафар


ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – ТАҚВИЯТБАХШИ РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

Мо ҳама шоҳиди он будем, ки 23 январи соли ҷорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Сомон» Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд. Қобили зикр аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян шуда, барномаи рушду инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии мамлакат, аз ҷумла самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси Олӣ, тарҳрезӣ гардидаанд, ҳамчун санади муҳими таърихӣ мардуми кишварамонро ба ҷодаи бунёдкориву созандагӣ сафарбар намуда, тамоми бахшҳои ҷомеаи моро ба марҳилаи нави рушду инкишоф тақвият мебахшад. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:358 нафар


МАОРИФ ҲАМЧУН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба мақоми олии қонунгузори кишвар–Маҷлиси Олии мамлакат ирсол менамоянд. Ироаи ин ҳуҷҷати барои тоҷику тоҷикистониён муҳиму сарнавиштсоз, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсии кишвар маҳсуб ёфта, татбиқи нуқтаҳои он ба беҳбудӣ ёфтани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва боз ҳам болотар рафтани нуфуз ва мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:330 нафар


ШАРҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23.01.2015. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон Паёми навбатии худро ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии љомеаи Тољикистонро мавриди тањлилу баррасї ќарор дод ва самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуњлати оянда муайян намуд.
Ирсоли Паёми Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар љаласаи њаштуми якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон даъвати чорум сурат гирифт. Роњбарияти парлумон, аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муќаррароти оѓози љаласаи якљояи Маљлиси Миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро дар бинои Маљлиси Олї ба љо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба толори калони Кохи Сомон, ки дар ќароргоњи шањрии Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор дорад, ташриф оварданд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:284 нафар



<< < 201 | 202 | 203 | 204 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло