1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МАФТУНА ҚУДУЗОВА- ИФТИХОРИ МО!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12 соли 2016) баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотро дар шароити кунунӣ вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф арзёбӣ ва таъкид карданд, ки “Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:49 нафар


ҶАМЪБАСТИ НАМОИШИ КИТОБҲОИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ

Тавре, ки иттилоъ дода будем дар китобхонаи марказии донишгоҳ  намоиши китобҳои устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 18-21-апрели соли равон бахшида ба Рўзи илми тоҷик баргузор гардида буд, ҷамъбаст шуд. Дар он зиёда аз 700 адад, аз ҷумла китобҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои тозавуруд ва китобҳои устодон аз рўи ихтисосҳо ба намоиш гузошта шуд.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:19 нафар


3 МАҚОМИ ДОНИШҶЎЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЛИМПИАДА

21-22-юми апрели соли ҷорӣ дар донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ даври хотимавии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:50 нафар


ҶАМЪБАСТИ «ҲАФТАИ КОНФРОНСҲОИ ИЛМӢ»

Дар толори раёсати донишгоҳ бахшида ба муносибати истиқболи ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 85-солагии донишгоҳ, Соли ҷавонон ва Рӯзи илми тоҷик ҷаласаи хотимавии конфронсҳои илмии олимон, устодони ҷавон, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид. Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Хайрулло Сабуров ҷаласаро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба дастоварду муваффақиятҳои омӯзгорону профессорони ин боргоҳи илму маърифат дар ҷоди илму навоварӣ ва рушди техникаву технология маълумот дод, таъкид гардид, ки давлату ҳукумат ба баланд бардоштани мавқеъи илму маърифат тадбирҳои зиёд андешида истодааст ва мо бояд дар ин раванд фаъол гардида, самаранокии фаъолияти хешро афзун намоем.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:55 нафар


ТАҶҲИЗОТИ ПЕРИФЕРИИ КФ

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи ректори Донишгоҳ аз 1-уми феврали соли 2017 ва бахшида ба Соли 2017 – Соли ҷавонон дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ аз тарафи сармуаллими кафедраи электроникаи факултети физикаю техника А.Усмонов бо иштироки гурўҳи 206 ихтисоси МЭҲ аз фанни сохт ва принсипи кори МЭҲ дар мавзўи “Таҷҳизоти периферии КФ” гузаронида шуд.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:24 нафар


КИТОБ-САРЧАШМАИ ДОНИШ

Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рўзи илми тоҷик  санаҳои 18,19,20,21-уми апрели соли 2017  намоиши китобҳои устодон ва олимони донишгоҳро  баргузор намуд.  
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:19 нафар



<< < 1 | 2 | 3 | 4 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло