1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ВУРУДИ ОФТОБ БА БУРҶИ БАРРА

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фароррасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.
Дар факултаи молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ бахшида ба «Иди Наврӯз» дар мавзӯи «Хуҷаста бод, Наврӯзи аҷам» бо иштироки ҷомеаи донишҷӯён ва устодон баргузор гардид. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:270 нафар


НАВРӮЗИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Чорабинии Наврӯзӣ, ки бо иштироки ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов, вобастагии дафтари фарҳангии Эрон дар вилояти Суғд Масъуди Аҳмадванд ва донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар толори факултети забонҳои Шарқ баргузор гардид, басо хотирмон буд.
Донишҷӯёни бахши дуввум Абдумаҷид Камолов ва Нилуфар Солихӯҷаева чорабиниро ҳусни оғоз бахшида ҷомеаи факултетро ба иди наврӯзи оламафрӯз табрик намуданд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:259 нафар


ХОНАВОДА ВА МУШКИЛОТИ ОИЛАДОРӢ

Ба муносибати эълон гардидани соли 2015 – «Соли оила» аз ҷониби сармутахассиси шӯъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаридун Ҳодибоев китоб таҳти унвони «Хонавода ва мушкилоти оиладорӣ» таҳия ва нашр гардид. Китоби мазкур мафҳуму вазифаҳои оиларо шарҳ дода, роҳу усулҳои пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, бекоршавии ақди никоҳ, зӯроварӣ ва роҳнамоӣ сохтани насли ҷавони кишварро дар бунёди оилаи солиму созанда бидуни азияти рӯҳию равонӣ ва ҷисмонӣ фаро гирифта, бо истифода аз маводи илмию оммавӣ, маърифатӣ ва таҷрибаҳои собиқадорону шахсони рӯзгордида таҳия шудааст. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:233 нафар


МУАРРИФИИ МАҲСУЛИ ҲУНАРМАНДИИ МИЛЛӢ

Дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба иди Наврӯз як қатор озмунҳо байни донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм,чорум ва кафедраҳои он бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Озмунҳо аз рӯйи шартҳои “Хушнависи беҳтарин”, “Иншои беҳтарин”, “Газетаи девории беҳтарин, “Синфхонаи беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:240 нафар


ШӮҲРАТМАНДИИ ДДХ ДАР СПИТАМЕН

Ном ва мавқеъи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Спитамен бори дигар исботи комили хешро ёфт. Ин ҳангоми аз тарафи устодони факултети физикаю техника, ки тарғибу ташфиқи донишгоҳ дар ноҳияи мазкур сурат гирифт, собит шуд. Дар ин бора ба мо декани факултет Раҳимҷон Назаров иттилоъ дод.
Ин манбаъ афзуд, ки дар ноҳияи Спитамен 34 мактаби таҳсилотии умумии миёна ва як гимназия вуҷуд дорад ва дар он 1604 нафар хатмкунандагон таҳсил доранд. Тамоми устодони факултети физикаю техникаи донишгоҳ ба макотиби ноҳия сафарбар гардида, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро оғоз намуданд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:203 нафар


ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ФИЛОЛОГИЯ

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар таҷлили иди Наврӯз, ҳамасола саҳми беназир мегузорад. Ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дар арафаи таҷлили ин иди ҷаҳонӣ қарор доранд. Дар толори бошукуҳи факултаи филологияи донишгоҳ низ бахшида ба Иди Наврӯз чорабинии фарҳангиву фароғатӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ декани факултет, устодон ва донишҷӯёни факулта иштирок доштанд. Маҳфилро донишҷӯёни соли якум ифтитоҳ намуданд, сипас маликаи наврӯзӣ ба саҳна даъват карда шуд ва ҳамаи устодону донишҷӯёнро табрик намуд. Донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм бо иштироки фаъоли худ дар саҳнаҳои тарбиявӣ, сурудхонӣ, рақси якка ва қироати шеър дар васфи нарӯз табъи ҳамаро болида сохтанд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:215 нафар



<< < 193 | 194 | 195 | 196 | 197 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло