1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ОБ МАНБАИ ҲАЁТ

Дар толори факултети геоэкологияи донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Об асли мавҷудият» бахшида ба Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, оид ба оқилона истифодабарии об, ҷамъбасти даҳ солаи «Амалиёт об барои ҳаёт» бо иштироки устодон ва донишҷӯёни курсҳои якум ва чорум баргузор гардид. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:256 нафар


ХУДШИНОСУ ВАТАНДӮСТ ВА СОДИҚ БА ВАТАНУ МИЛЛАТ

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли мелодӣ ироа намуданд, ки ин ҳамзамон 16-умин Паёми Роҳбари Давлат ба мақомоти қонунгузор маънидод гардид. Сарвари кишвар дар баробари таҳлилу баррасӣ қарор додани самтҳои муҳими давлатдорӣ, ҳамзамон рукнҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:272 нафар


МАРҲАМАТ БА НАМОИШИ КИТОБ

Садорати китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати ҷалби бештари донишҷӯён, магистранту унвонҷӯён, аспиранту докторантон, устодон ва олимони донишгоҳ аз санаи 03.02.2015 то 05.02.2015 намоиши китобҳои мавҷудаи хешро ташкил намояд. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:237 нафар


САБР АСОСИ ПОЙДОРӢ ВА БАҚОИ ОИЛА

Дар толори факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили ҳаштуми «Фарҳанги оиладорӣ» баргузор гардид, ки доир ба мавзӯи «Сабр асоси пойдорӣ ва бақои оила» бо иштироки мутахасиси хонаи ақди никоҳи шаҳри Хучанд Умеда Хоҷаева ва сармуаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбӣ Мунаварра Мухторова, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Шӯрои бонувони донишгоҳ, дотсент Зулфия Раҷабова ҳусни оғоз бахшид. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:228 нафар


ОМИЛҲОИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Бо мақсади татбиқи амалии нуқтаҳои асосии Паёмҳои Президенти ҶТ, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба такмили сифати таълим бо кӯшиш ва эҳтимоми раёсати донишгоҳ нақшаҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳ тасмим гирифт, ки бо мақсади такмили методология ва технологияи дарси муосир, барои гузаронидани муаррифии ҳар як фанҳои таълимӣ дар сатҳи Донишгоҳ семинар-машваратҳо доир намояд. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:248 нафар


ДАСТУР БАРОИ ҚАДАМҲОИ УСТУВОР

Дар ҷумҳуриамон дар даври Истиқлолият корҳои азим оғоз гардид ва давра ба давра ба амал татбиқ шуда истодааст, ки бо тавассути онҳо барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоиста фароҳам оварда шавад. Ба хотири амалӣ гардонидани ҳадафҳои олӣ соли 2014 дар бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид ва дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуд. Паёми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз натиҷаҳои соли 2014 оғоз шуда, барои соли 2015 вазифаҳо муайян гардид. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:250 нафар



<< < 184 | 185 | 186 | 187 | 188 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло