1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, инчунин ҷиҳати рушд ва такомули арзишҳои моддию маънавии давлатдории нивини мо, аз ҷумла ташаккули забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Забон аз рукнҳои муҳими арзишҳои миллӣ дар ҳамаи давру замонҳо ба ҳисоб рафта, имрўз низ ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар сатҳи шоиста ва баланд арҷгузорӣ мешавад. 
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:75 нафар


НУСРАТИ ИЛМ ВА ШУКУҲИ ҶАВОНӢ

Бо ибтикори Кумитаи кор бо  ҷавонон ва  варзиши  назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар  Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа  ба номи Носири Хусрав бахшида  ба  Соли ҷавонон санаҳои 28 - 29 сентябри соли равон ҳамоиши чумҳуриявии  илмӣ-назариявӣ  ва  амалӣ таҳти унвони «Пайравӣ  аз  Пешвои миллат: нақши  ҷавонон  дар  рушди  ҷанбаҳои  гуногуни сиёсӣ»  доир гардид.  Ба кори конфронс дар баробари олимони ҷавон аз макотиби олии кишвар ва муассисаи илмӣ - тадқиқотӣ, дорандагони Ҷоизаи  давлатии ба  номи  Исмоили  Сомонӣ  дар соҳаи илм низ даъват гардида буданд.  Аз донишгоҳи мо дар ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ мудири шўъбаи тарбияи донишгоҳ, номзади илмҳои фалсафа Фаридун Ҳодидоев, мудири шўъбаи кор бо ҷавонон Эҳсон Наврўзов, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, номзади илмҳои филологӣ Дилбар Самадова, олимони ҷавон Замира Сатторова ва Мавзуна Оқилова, ҳамчунин ба ҳайси барандаи ҷоизаи давдатии ба номи Исмоили Сомонӣ докторанти донишгоҳ Нуралӣ Нуров ширкат намуданд.  
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:61 нафар


РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Санаи 27 сентябр дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзӯи «Забони русӣ дар муҳити таҳсилотии Россия ва Тоҷикистон: таҷрибаи омӯзиш ва дурнамои ҳамкориҳо» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, консули Генералии Россия дар ш. Хуҷанд Бондаренко Валерий Алексеевич, роҳбари њамкорињои Россия (Росотрудничество) дар ш. Хуҷанд Иванов Иван Сергеевич иштирок намуданд. Ҳамзамон муовини аввали раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Россия, директории Институти илмӣ-тадқиқотии таърих ва этнографияи Урали Ҷанубии Донишгоҳи давлатии Оренбург, доктори илмҳои таърих Амелин Венамин Владимирович дар якҷоягӣ бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Азизов А., чун модератори мизи мудаввар диққати ҳозиринро ба масоили омӯзиш ва таълими забони русӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва макотиби олӣ ҷалб намуданд. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:26 нафар


ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ОМЎЗГОР

Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи кишвар ба рушди маорифи миллӣ ва фаъолияти ташаккулдиҳандагони афкори ҷомеа – омўзгорон вобастагии қавӣ дорад.
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:60 нафар


РАВАНДИ АЪЗОШАВИИ ДОНИШҶӮЁН БА КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ДОНИШГОҲ

Тибқи ҷадвали таҳия кардаи садорати китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишҷӯён ва мураббиёни гурӯҳҳо, махсусан мураббиёни курсҳои аввали факултети педагогӣ тасмим гирифтанд бо донишҷӯёни худ ба рӯзи дарҳои кушоди китобхонаи марказии донишгоҳ ширкат варзанд. 
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:143 нафар


РАВАНДИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ таҳти рақами 1445 аз 12.09.2017 як қисм донишҷӯёни курсҳои панҷуми шӯъбаи ғоибонаи факултети педагогӣ аз гурӯҳи 501 то 508 аз санаи 04.09.2017 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд барои таҷрибаомӯзӣ равона гардиданд. 
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:130 нафар



<< < 3 | 4 | 5 | 6 | 7 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло