1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – ТАҚВИЯТБАХШИ РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

Мо ҳама шоҳиди он будем, ки 23 январи соли ҷорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Сомон» Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд. Қобили зикр аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян шуда, барномаи рушду инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии мамлакат, аз ҷумла самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси Олӣ, тарҳрезӣ гардидаанд, ҳамчун санади муҳими таърихӣ мардуми кишварамонро ба ҷодаи бунёдкориву созандагӣ сафарбар намуда, тамоми бахшҳои ҷомеаи моро ба марҳилаи нави рушду инкишоф тақвият мебахшад. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:358 нафар


МАОРИФ ҲАМЧУН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба мақоми олии қонунгузори кишвар–Маҷлиси Олии мамлакат ирсол менамоянд. Ироаи ин ҳуҷҷати барои тоҷику тоҷикистониён муҳиму сарнавиштсоз, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсии кишвар маҳсуб ёфта, татбиқи нуқтаҳои он ба беҳбудӣ ёфтани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва боз ҳам болотар рафтани нуфуз ва мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:330 нафар


ШАРҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23.01.2015. Президенти кишвар Эмомалї Рањмон Паёми навбатии худро ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии љомеаи Тољикистонро мавриди тањлилу баррасї ќарор дод ва самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуњлати оянда муайян намуд.
Ирсоли Паёми Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар љаласаи њаштуми якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон даъвати чорум сурат гирифт. Роњбарияти парлумон, аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муќаррароти оѓози љаласаи якљояи Маљлиси Миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистонро дар бинои Маљлиси Олї ба љо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба толори калони Кохи Сомон, ки дар ќароргоњи шањрии Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор дорад, ташриф оварданд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:284 нафар


ПАЁМИ ИМРӮЗУ ФАРДОСОЗИ КИШВАР

Дар толори калони Раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Паёми имрӯзу фардосози кишвар» бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов конфронсро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд. Дар оғози паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки “ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:450 нафар


ҲИДОЯТНОМАЕ БА НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Имсол бори аввал Паёми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январ, яъне дар оғози соли тақвимӣ манзур шуд ва бешак аз ҷониби кулли ҷомеа, хоса аҳли илму маориф истиқболи самимона пайдо намуд. Ин паёми раҳнамоянда дурнамои воқеии рушди бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи Тоҷикистонро барои як сол ба таври воқеӣ ва бар пояи заминаҳои мавҷуда, имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пешбинӣ кард. Таваҷҷӯҳи сарвари давлат ба масъалаҳои ҳалталаби кулли соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, минҷумла маорифу фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, хоса тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ҷилавгирӣ аз шомилшавии онон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, таъмини амнияти миллӣ ва амсоли ин аз ҷумлаи бахше аз масоили мубрами имрӯз буданд, ки дар паёми сарвари давлат ба таври возеҳ шарҳу тавзеҳ пайдо намуданд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:293 нафар


ПАЁМЕ ДАР РОҲИ РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нек ва дурбинонаю созанда ба ҳисоб меравад. Барои он ки оғози сол ин ибтидои ба нақшагирии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар буда, барои ба итмом расонидани чорабиниҳои гуногуни пешбинишуда замина мегузорад. Паёми навбатии Сарвари кишвар пеш аз ҳама ба беҳтар гардидани некуаҳволии халқи шарифи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Мӯҳтавои Паём ба ниятҳои созандаи халқ наздик буда, маҳз барои ободии ватан, вусъати дучанди корҳои созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, дастгирӣ ва ғамхории мардуми камбизоат, бачагони ятиму бепарастормонда, маъюбу барҷомонда, беҳтар намудани фаҳанги миллӣ ва ба идома ёфтани сиёсати дуруст ва дурбинонаи дохилӣ ва берунаи кишвар нигаронида шудааст. Дар навбати дигар, нишондодҳои Паём ин роҳи муайян ва мушаххаси ободии минбаъдаи ватан буда, дар назди ҳар як бошандаи он вазифаҳои муайяни созандагӣ ва бунёдкориро пеш мегузорад. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:459 нафар



<< < 204 | 205 | 206


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло