1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК, САНЪАТ, ГЕОЭКОЛОГИЯ ВА ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

Дар толори раёсати донишгоҳ мулоқоти ректори донишгоҳ профессор, Ҷамшед Ҷўразода бо устодони факултетҳои филологияи тоҷик, санъат, геоэкология ва тарбияи ҷисмонӣ сурат гирифт. Дар ибтидо декани факултети филологияи тоҷик Мўсо Олимҷонов дар бораи факултет маълумот дода, аз ҷумла қайд кард, ки факултети мазкур аз калонтарин ва куҳантарин факултетҳои донишгоҳ ба шумор меравад, зеро ҳанўз соли таҳсили 1933-34 таъсис ёфта буд. Дар ин муддат факултет ба сифати маркази бонуфузи илми сухансанҷӣ эътироф гардидааст. Дар факултет мутахассисон аз рўи се дараҷаи таҳсилоти олӣ тайёр карда мешаванд: бакалавр, магистра ва доктор PhD буда, дар ин се зина маҷмўан 1424 нафар донишҷўён таҳсил доранд. Ҳоло дар факултет 5 кафедраи тахассусӣ амал мекунад ва устодон беш аз 44 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дотсент М. Олимҷонов аз дастовардҳо дар бораи таълиму тарбия, илм ва инноватсия маълумоти муфассал дод. 
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:18 нафар


БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ВОБАСТА БА ДУЗДӢ

Имрўз дар факултети таърих ва ҳуқуқ, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқшиносӣ  бо иқдоми мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ Иброҳим Ҷабборов маҳфили илмии донишҷўён  «Адолат ва ҳуқуқ», дар мавзўи  «Баррасии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба дуздӣ» бахшида ба Рўзи  ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:66 нафар


ТАРБИЯИ ФАРЗАНДИ СОЛЕҲ – КАФИЛИ ХУШБАХТИИ ОИЛА ВА ҶОМЕА

Бахшида ба Соли ҷавонон, Рўзи байналмиллалии оила ва 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси шўъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон дар хобгоҳи №1- Донишгоҳ чорабини адабӣ– фарҳангӣ таҳти унвони  «Тарбияи фарзанди солеҳ – кафили хушбахтии оила ва ҷомеа» бо иштироки  З. Раҷабова, раиси бонувони донишгоҳ, М. Эргашева, аъзои Шўрои занони шаҳри Хуҷанд, М. Раҳимова, сармуаллимаи кафедраи психологияи умуми, М. Қўзиева, раиси бонувони факултети забонҳои шарқ, М. Абдурашидова, раиси бонувони факултети  филологияи тоҷик ва Х. Исмоилов, мутахассиси пешбари шўъбаи кор бо ҷавонон баргузор гардид.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:56 нафар


ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ

 Тибқи  нақшаи чорабиниҳои  ҳафтаинаи   корҳои тарбиявии  факултет  ва бо мақсади баланд  бардоштани  сатҳи дониши сиёсӣ,  ҷаҳонбиниву худогоҳии  ҷавонон дар  факултети педагогӣ  сўҳбат  бо  профессор  Шавкат  Шаропов оид  ба  баррасииву  шиносоӣ бо китоби   Пешвои  миллат,  Асосгузори сулҳу  ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Эмомалӣ   Раҳмон   «Тоҷикон  дар оинаи  таърих»  баргузор  гардид.  Дар  сўҳбат  устод  Шавкат Шаропов  оид  ба  мавқеи  китоби мазкур  дар  таърихи мардуми  Тоҷикистони  тозаистиқлол, аҳамияти он дар  баланд  шудани  сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносиву  худогохӣ, огаҳӣ  доштан  аз таъриху тамаддуни мардуми тоҷик  дар давраҳои гуногуни  таърихӣ   ҳарф  зада,  зикр  доштанд,  ки  имрўз  эътимоду  боварии  Пешвои  миллат  ба ин  қишри  ҷомеа, яъне  ҷавонон  хеле  баланд аст ва  исботи фикрҳои болоӣ   эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон маҳсуб меёбад.  Имрўзҳо  дар  қаламрави  ҷумҳурӣ  «Як моҳи ҷавонӣ» идома дошта, ҳар  рўз  даҳҳо   чорабиниҳои  фарҳангиву   адабӣ, озмунҳои мухталиф  рўи кор омада  истодаанд.  
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:43 нафар


ЗИҲӢ ШОИР-НУРАЛӢ НУРЗОД

Масъулини хобгоҳи духтаронаи рақами дуюми донишгоҳ бо ҳамкорӣ бо шӯъбаи ҷавонон маҳфили шеъри шоир ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Нуралӣ Нурзод  доир намуд.  Дар ин маҳфил, донишманд ва адабиётшиноси варзида, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳ аз Донишгоҳи давлатии омўзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Х. Сабуров декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Олимҷонов М., мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик, дотсент С.Саидов, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, дотсент С. Вайдуллозода, муовини раиси  КМИК К.Иброҳимов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Э. Наврўзов, сармутахасси раёсати илм ва инноватсия Р. Абдуллоев иштирок намуданд. Ҳамчунин маҳфили мазкур бо ҳузури Қобилҷон Зарипов–хунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранги дигар гирифт. Дар маҳфили шеър ҳунармандон Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо низ ширкат варзиданд.     
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:53 нафар


МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ФАКУЛТЕТҲОИ ПЕДАГОГӢ, САНЪАТИ ТАСВИРӢ, БИОЛОГИЯ ВА ТЕЛЕКОМ

Дар чаҳорубаи силсилавохўриҳо дар толори калони раёсати донишгоҳ мулоқоти ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода бо  устодони факултетҳои педагогӣ, санъати тасвирӣ ва технология, телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва биология-химия сурат гирифт.
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:58 нафар



<< < 1 | 2 | 3 | 4 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло