1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ТАЪСИСИ ДУБОРАИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ВА МИЛЛИИ ТОҶИКОН?

Вохӯрии Раиси ҳизби наҳзати исломи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд, ки рӯзҳои наздик баргузор гардид ба мо як хулосаи дурустеро пешниҳод намуд. Аз суханони Муҳиддин Кабирӣ чунин хулоса бароварда дубора давлати соҳибистиқлолро бунёд намудан лозим меояд. Лекин тинҷиву оромӣ, осудагии давлати Тоҷикистон, пешрафти он дар самти иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ ба зери чашми роҳбари Ҳизби наҳзати Ислом намерасад. Зеро ки ин осудагӣ, мустаҳкамии ҳокимияти давлатдорӣ ва ягона будани он инъикоси имрӯзаи механизми давлатӣ мо мебошад. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:217 нафар


ДИДОРИ ВОЛИДАЙН БО ФАРЗАНДОН

ар факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи пешнибигардида «Рӯзи қабули волидайни донишҷӯён» гузаронида шуд. Дар он аз шаҳру навоҳии вилоят 10-нафар аз ҷумла Л. Бобоева, Мунаввара Ёқубова, Марҳабо Мансурова аз шаҳри Хуҷанд, М. Акрамова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Абдурафиқ Ҷалолов аз чамоати Хистеварз, С. Фаёзов аз шаҳри Истаравшан, М. Маҳмудов аз ноҳияи Ғончӣ ва ғайраҳо иштирок намуданд. Нахуст аҳли волидайн аз рафти дарсомӯзӣ, иштироки фарзандон дар дарсҳо, ҷараёни дарсгузарии устодон бархурдор шуданд. Сипас, декани факултети педагогӣ Сабоҳат Абдулфайзова аз иштироки фаъолонаи донишҷуён дар чорабиниҳои факултет изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки мо аҳли устодон минбаъд кушиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориамонро бо шумо волидайн пурзур намоем, зеро дар асоси ҳамкории дутарафа сатҳи сифати таълим пурзур мешавад ва ҳам фарзандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фаъолона хонанд ва соҳиби илму маърифат шаванд. Дар фарҷоми чорбинӣ падару модарони донишҷӯён якчанд пешниҳодҳои худро доир ба сатҳу сифати дарсгузаронии устодони факулта баён намуда дар анҷоми сӯҳбат аз садорати факултет ва мудирони кафедраҳои он даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи фарзандонашон ҳамчунин мутахасисони баландихтисос мусоидати фаъол намоянд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:245 нафар


«ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА

Дар толори факултети физикаю техника маҳфили навбатии тарбиявию маърифатии «Чароғи ҳидоят» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба тарбия Мӯъминҷон Шамсиддинов оғоз намуд. Сипас мутахассиси пешбари шӯъбаи тарбия дотсент Маҳмудҷон Ӯлмасов доир ба мавзӯи «Вазифа ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар назди волидайн ва ҷомеа дар партави Паёми Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дод. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:223 нафар


БЕ ОБ ҲАЁТ НЕСТ

Дар толори хобгоҳи № 3 -и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи факултети геоэкология чорабинӣ бахшида ба ҷамъбасти «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» таҳти унвони «Бе об ҳаёт нест» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро декани факултети геоэкологияи донишгоҳ Мӯъминҷон Аминов оғоз намуд. Сипас сармуаллимаи кафедраи экология ва ҳифзи табиат Зебо Амонова оид ба мавзӯи «Захираҳои оби Тоҷикистон ва проблемаҳои экологии он» маълумоти муфассал дод. Магистранти соли дуюм Фаррух Баширов доир ба мавзӯи Даҳсолаи байналхалқии амалиёт «Об барои ҳаёт» ва донишҷӯи соли сеюми ихтисоси география- демография Беҳзод Ҳаитбоев оид ба мавзӯъи «Ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба даҳсолаи амалиёт об барои ҳаёт» гузориш ироа намуданд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:210 нафар


ДОНИШҶӮЁНИ ҒОИБОНА ТАРИҚИ МАРКАЗИ ТЕСТӢ ИМТИҲОН МЕСУПОРАНД

320 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки аз имтиҳони маъмурии марказонидашуда холҳои гузаришро ба даст наоварда буданд, бори дуюм тариқи Маркази тестии донишгоҳ имтиҳон месупоранд. Ин имтиҳонот ҳар рӯзи шанбе ташкил шуда истодааст. Дар ин бора ба мо сардори Маркази тестии донишгоҳ Илҳом Каримов иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки қисмати зиёди донишҷӯён аз факултетҳои физика, филологияи тоҷик ва молия мебошанд, ки холҳои гузаришро соҳиб нагардида буданд. Ҳамаи имтиҳонҳои маъмурӣ тариқи хаттӣ гирифта шуда истодаанд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:217 нафар


ДАР АМРИКО ТАҲСИЛ КАРДАНӢ?

Устодони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз! Мехоҳед дар донишгоҳҳову коллеҷҳои бонуфузи ИМА таҳсил ё таҷрибаомузӣ намоед? Пас Шуморо санаҳои 18-19-уми феврали соли ҷорӣ соати 14:00 ба толори 211-уми факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои иштирок дар намоиши барномаҳои байналмилалӣ ва идрору бурсияҳои сафорати Иёолоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби мутахасиси бахши маорифи Амрико Вадим Абанин гузаронида мешавад, лутфан даъват менамоем. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:230 нафар



<< < 196 | 197 | 198 | 199 | 200 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло