1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МО ҲИМОЯТГАРИ ВАТАН

о тасмими донишҷӯён-таҷрибаомӯзони факултаи химия ва биология дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд соати тарбиявӣ бо синфи 6 бахшида ба ҷашни Артиши миллӣ таҳти унвони «Мо ҳимоятгари Ватан» баргузор гардид, ки дар он устодони донишгоҳ роҳбари гурӯҳи таҷрибаомӯзон-Дадобоев ва Собитова, инчунин, муаллимони мактаб ширкат варзиданд. Дарсро донишҷӯ-таҷрибаомӯзи курси сеюм-Мижгонаи Шӯҳратзода оғоз намуда, ба хонандагон оид ба Ватану меҳнадӯстӣ сухан кард. Сипас, хонандагон дар васфи Ватан ва Тоҷикистон шеьрҳо қироат карда, саҳначаҳои ҷолиб ба намоиш гузоштанд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:228 нафар


АЗ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ТО БА СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Дирӯз дар маҷлисгоҳи факултаи педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бо иштироки 90 нафар донишҷӯён ва устодони соҳибтаҷриба, аз қабили Шавкат Шаропов доктори илмҳои педагогӣ, Муқимҷон Ҳомидов, номзади илмҳои педагогӣ, Эргашбой Шарипов номзади илмҳои педагогӣ, ки дар солҳои давлатдории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмати Ватан-Модар намудаанд, чорабинӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур“22-юмин солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як соҳибватан” унвон дошт, ки донишҷӯёни курсҳои сеюм саҳначаҳо, шеърҳо дар васфи ватан ва сарватҳои бебаҳои он баромад намуданд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:220 нафар


АРТИШ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

ар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати таҷлили 22 солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Конфронсро реткори донишгоҳ Анвар Мақсудов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки имрӯз дар фазои орому осуда 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил менамоем. Ба ин муносибат ҳамаи Шумоёнро самимона табрик гуфта, ба ҳар шаҳрванде, ки таҳти парчами давлати соҳибистиқлоламон суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин мекунад, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ орзу менамоям. Дирӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 22-юм аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. муфассалтар >>

Аз назар гузарониданд:228 нафар


“ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ” – МАҲФИЛИ ТАРБИЯВИЮ МАЪРИФАТӢ

Дар факултети телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ маҳфили тарбиявию маърифатии “Чароғи ҳидоят” баргузор гардид. Маҳфил бо суханронии декани факултет профессор Абудлатиф Раҳимов оғоз гардид. А. Раҳимов дар ҳошияи Паёми навбатии Сарвари давлат оид ба масъалаи таълиму тарбия андешаҳои хешро зикр намуд. Сипас мутахасиси пешбари шӯъбаи тарбия, дотсент Маҳмудҷон Ӯлмасов дар мавзӯи “Вазифа ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ӯҳдадориҳои фарзанд дар назди волидайн ва ҷомеа дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки таълим бе тарбия ва тарбия бе таълим вуҷуд дошта наметавонад, аз ин лиҳоз ҳардуи инро хуб риоя намоед. Бо вуҷуди ин аз беинтизом шудани ҷавонон изҳори нигаронӣ карданд, ки имрӯзҳо дар ҳама ҷойҳои ҷамъияти суханони қабеҳ ва шиору овезаҳои бемаънӣ аз ҷониби ҷавонон ба назар мерасад ва мо барои пешгирии ҳамаи ин саъю кушиш ба харҷ додан лозим аст. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:215 нафар


ТАҶРИБАОМӮЗӢ ИДОМА ДОРАД…

Таҷрибаомӯзони курсҳои 3-юми шӯъбаи рӯзона ва 4-уми шӯъбаи ғоибонаи факултаи педагогӣ рафти фаъолияти кориашонро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 7, 19, 22, 24- шаҳри Хуҷанд, ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ихтисоси психология дар коллеҷи омӯзгории ДДХ, ихтисоси таҳсилоти томактабӣ ба муассисаи таҳсилоти томактабии №32- шаҳри Хуҷанд, инчунин ихтисоси олигофренопедагогика ба мактаби ёрирасони шаҳри Хуҷанд, пурмаҳсул гузаронида истодаанд, гуфт: мудири кафедараи методикаи таълими ибтидоии факултети педагогии донишгоҳ Қурбонбой Бурҳонов. Дар идомаи сӯҳбат мавсуф иброз намуд, ки барои боз ҳам васеътар фаҳмонидани мавқеъи таҷрибаомӯзӣ аз ҷумла устодони соҳибтаҷрибаи факултет Эргаш Шарипов, Моҳниссо Каримова, Дилором Абдуллоева, Мунаввара Мухторова ва дигарон ҷалб гардидаанд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:228 нафар


ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА

Дар факултети физикаю техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарси кушод аз ҷониби муаллимаи кафедраи электроника ва техникаи ҳисоббарор Хайрӣ Ҷӯраева аз фанни системаи оператсионӣ дар мавзӯи “Нишонаҳои бастаҳо ва барномаҳо дар WINDOWS”. Равзанаҳои барномаҳои WINDOWS ”, бо донишҷӯёни соли аввали ихтисоси “радио-физика” гурӯҳи 102 баргузор гардид.
Дар дарси кушод устодон аз кафедраҳои факултет иштирок доштанд. Дарсро бо садои суруди миллӣ ва пурсидан аз дигар муқадасоти Тоҷикистон оғоз намуда, пас он бо мавзӯи дар боло зикршуда давом доданд. Дар ҷараёни дарс қариб ҳамаи донишҷӯён фаъолона иштирок намуда аз донишу малакаи худ устодону ҳамсабақонашонро огоҳ гардониданд. Дар давоми дарси кушод он мавзӯю супоришоте, ки назариявӣ меомӯхтанд, донишҷӯён дар амалия низ нишон доданд. Синфхона бо тахтаи электронӣ ва дигар лавозимоти лозима таъмин буд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:234 нафар



<< < 187 | 188 | 189 | 190 | 191 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло