1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ТАҶРИБАОМӮЗӢ ИДОМА ДОРАД…

Таҷрибаомӯзони курсҳои 3-юми шӯъбаи рӯзона ва 4-уми шӯъбаи ғоибонаи факултаи педагогӣ рафти фаъолияти кориашонро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 7, 19, 22, 24- шаҳри Хуҷанд, ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ихтисоси психология дар коллеҷи омӯзгории ДДХ, ихтисоси таҳсилоти томактабӣ ба муассисаи таҳсилоти томактабии №32- шаҳри Хуҷанд, инчунин ихтисоси олигофренопедагогика ба мактаби ёрирасони шаҳри Хуҷанд, пурмаҳсул гузаронида истодаанд, гуфт: мудири кафедараи методикаи таълими ибтидоии факултети педагогии донишгоҳ Қурбонбой Бурҳонов. Дар идомаи сӯҳбат мавсуф иброз намуд, ки барои боз ҳам васеътар фаҳмонидани мавқеъи таҷрибаомӯзӣ аз ҷумла устодони соҳибтаҷрибаи факултет Эргаш Шарипов, Моҳниссо Каримова, Дилором Абдуллоева, Мунаввара Мухторова ва дигарон ҷалб гардидаанд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:223 нафар


ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА

Дар факултети физикаю техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарси кушод аз ҷониби муаллимаи кафедраи электроника ва техникаи ҳисоббарор Хайрӣ Ҷӯраева аз фанни системаи оператсионӣ дар мавзӯи “Нишонаҳои бастаҳо ва барномаҳо дар WINDOWS”. Равзанаҳои барномаҳои WINDOWS ”, бо донишҷӯёни соли аввали ихтисоси “радио-физика” гурӯҳи 102 баргузор гардид.
Дар дарси кушод устодон аз кафедраҳои факултет иштирок доштанд. Дарсро бо садои суруди миллӣ ва пурсидан аз дигар муқадасоти Тоҷикистон оғоз намуда, пас он бо мавзӯи дар боло зикршуда давом доданд. Дар ҷараёни дарс қариб ҳамаи донишҷӯён фаъолона иштирок намуда аз донишу малакаи худ устодону ҳамсабақонашонро огоҳ гардониданд. Дар давоми дарси кушод он мавзӯю супоришоте, ки назариявӣ меомӯхтанд, донишҷӯён дар амалия низ нишон доданд. Синфхона бо тахтаи электронӣ ва дигар лавозимоти лозима таъмин буд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:226 нафар


ДОНИШҶЎДУХТАРОН ОРЗУИ АCКАРӢ ДОРАНД…

Дар толори факултаи педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ доир ба «22-умин солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ дар вилоят майёри милитсия Алишер Розиқов, сарбозони раёсат, 80 нафар донишҷўён ва устодони факулта иштирок намуданд. Нахуст чорбиниро донишҷўи соли чорум Мафтуна Самадова бо шеърҳои ҷадиди Модар-Ватан оғоз намуд. Сипас, аз руи нақшаи барнома донишҷўён аз таърихи фаъолияти Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ва англисӣ, шеърҳо дар васфи ватан қироат намуда ҳамчунин саҳначаи тарбиявии худро ба маърази иштирокчиёни чорабинӣ намуданд. Дар идомаи чорабинӣ сарбозони қушунҳои cарҳадӣ аз ҳаёт ва фаъолияти ҳамхизматҳошон суханронӣ карда, аз ҷумла зикр сохтанд, ки алҳол хизмат ба Ватан-Модар хело хуб шудааст, барои сарбозон тамоми шароит аз тарафи давлат муҳаё карда шудааст ва мо шуморо барои хизмат кардан ба Ватани азизи хеш даъват менамоем, зеро хизмат ба Ватан ҳимояи модар аст. Чорабиниро устоди факулта дотсент Хайрулло Сабуров ба интиҳо расонида, кулли устодон ва донишҷўёни ҷамъомадаро барои ҳифз кардани марзу бум ва эҳтиром гузоштан ба сулҳу салоҳи миллат даъват намуд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:237 нафар


ТАШКИЛИ КУРСҲОИ ТАЙЁРӢ

Устодони факултети физикаю техника бо роҳбарии декани факултет Р. Назаров ба ноҳияи Спитамен бо мақсади пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ роҷеъ ба таъсиси курсҳои тайёрӣ барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ сафарбар шуданд. Гурӯҳи корӣ дар ҷаласае, ки дар толори маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи ноҳия таҳти роҳбарии мудири он М.Убайдуллоева дар ҳузури наздик 30 нафар сарварони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид, иштирок ва дар бораи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ихтисосҳои дар он тайёршаванда, факултетҳои амалкунанда, нерӯи илмиву омӯзгорӣ, заминаҳои моддиву техникӣ ва ғайра маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, доир ба таъсиси курсҳои тайёрии назди Донишгоҳ, тартиби қабули шунавандагон ба ин курсҳо, ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо дар худи ноҳия, маблағи таҳсил, ҷалби устодони варзидаи Донишгоҳ ва муаллимони соҳибтаҷрибаи МТМУ-и ноҳия ба ин курсҳо, қоидаҳои қабули довталабон ба мактабҳои олӣ тибқи Маркази миллии тестӣ ва ғайра суханронӣ шуд. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:230 нафар


ТАШРИФИ “ТУФАЙЛӢ”

Дар Исфара мулоқоти Кабирӣ қариб поён меёфт. Дар ин вақт Раҳматулло Зоиров вориди маҷлисгоҳ шуда, ният кард, чанд ҳарфе бо интихобкунандагон дошта бошад. Аммо раиси ҳавза дар такя ба қонунгузорӣ иброз намуд, ки қаблан аз ҷониби Зоиров ё дигар масъулини ҲСДТ оид ба гузаронидани мулоқот дархост нашудааст, бинобар ин наметавонад аз бардошти мардум ва сабурии онҳо истифода кунад. Лаҳзаи аҷиб, Ҳамту не! Зоиров Раҳматулло, ҳуқуқшинос, раиси як ҳизби сиёсӣ бо роҳи “туфайлӣ” вориди маҷлисгоҳ шудану нияти вохӯрӣ карданаш хуб набуд. Бовар кунед ба ҷойи Зоиров ман шарм доштам, аз ин рафтори ноҷоя ва ғайрисиёсиву беодобонааш. Муфт мехост аудиторияро истифода барад. Ин чӣ маъно дорад? Шояд Р.Зоиров аз он тарсид, ки дар мулоқоти ҷудогонааш касе ба сӯҳбаташ наояд. Воқеан наомаданаш ҳам мумкин. Чун дар Исфара аъзои ҲСДТ нест, ки нест. муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:251 нафар


Н. САМЕЕВ НЕСТ, ШОЯД БА “ВЕРБОВКА” РАФТА...

Дар ҳангоми мулоқот Кабирӣ ба набудани раиси бахши исфарагии ҲНИТ Самеев Наимҷон ишора кард. Гуфт, ки номбурда дар Федератсияи Русия корбарӣ дорад. Ваҳ! Ана гапу мана кор. Интихобот дар Тоҷикистон сурат мегирад. Кабирӣ хуб медонад, ки барои муҳоҷирон дар ФР чӣ қадар қитъаҳои овоздиҳӣ таъсис дода мешаванд. Электорати асосии интихобкунандагон дар куҷост? Чӣ гуна нақше, Самеев Н. ба раванди интихоботи Исфара гузоштанаш мумкин аст? Не, да. Ҳатман бояд Самеев Н. ба ФР барои вербовка рафтанаш зарур. Ин чӣ гуна гашти сиёсист? Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед, Кабирӣ? Шояд дар паси ин гаштҳо бозиҳое ҳаст, ки интихобкунанда донистанаш зарур нест? муфаcсалтар >>

Аз назар гузарониданд:214 нафар



<< < 179 | 180 | 181 | 182 | 183 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло