1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

БЕҲТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ…

Дар боғи фарҳангии таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба озмуни  «Ҷавонон - Рушди илм, завқӣ бадеӣ ва худшиносии миллӣ» намоиши китобҳои тозанашри китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор гардид. Дар намоиши мазкур 49 номгў ва 101 адад китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 600 адад китобҳои устодон ва олимони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд. Ҳадаф аз гузаронидани намоиши китобҳои тозавуруд ин тарбияи насли   ҷавон, тарғибу ташвиқи фарҳанги китобдорӣ ва рў овардани ҷавонони даврони истиқлол ба китобу китобхонӣ  мебошад.   
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:17 нафар


ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ФАРҲАНГИ БЕГОНА

Дар арафаи таҷлили Рўзи ҷавонони кишвар, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санаи фархунда дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад, дар толори раёсати донишгоҳ чорабинӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз ҷониби мусъулини шуъбаи ҷавонони донишгоҳ роҳандозӣ шуд. Мақсад аз роҳандозии чунин чорабиниҳо дар донишгоҳ пеш аз ҳама пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба шумор меравад. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин чорабинӣ намояндагони раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти  Суғд Шодмон Нурматов ва Муҳибҷон Эрбоев иштирок намуда, дар бораи ҷавонон ва мавқеи онҳо дар ҷаҳони муосир суханронӣ намуданд. Мувофиқи иттилои онҳо вазъи шомилшави ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар кишвар сол ба сол коҳиш ёфта истодааст, ки ин ин масъала то андозае мавқеи ҷавононро дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ки имрўз барои ноил шудан ба ин ҳадафи стратегӣ Сарвари давлат кўшишҳои бесобиқаеро роҳандозӣ мекунанд, муайян менамояд. 
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:10 нафар


ШОМИ ОСОРХОНА

Барои дарки худшиносии миллӣ ва шинохти таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик тамоюли тозае падид омадааст, ки метавон онро бо унвони робита барқарор кардани муассисаҳои таълимӣ бо осорхонаҳо ёд кард. Донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омўзиши фаъолияти осорхонаи вилоятии кишваршиносии шаҳри Хуҷанд ба ин боргоҳи муҳими таърихӣ ҳузур пайдо карданд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамин гуна донишандўзонро дар осорхона чорабинии шоми осорхона гирди ҳам овард ва дар шароити муосир вусъат пазируфтани ҳамин гуна чорабиниҳои сатҳи баланд барои муаррифии дастовардҳои илмиву таърихӣ ва бостоншиносӣ шароити мусоид фароҳам меоавард. 
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:9 нафар


АСРОРИ ХУШБАХТИИ ОИЛАРО ДАР ЧӢ МЕБИНЕД?

Тибқи    нақшаи ҳафтаинаи  чорабиниҳои  тарбиявии факултети  педагогӣ   бахшида  ба  Рўзи оила    бо ташаббуси  устодони  кафедраи  назария ва методикаи  таълими  фанҳои тахассусӣ  мизи мудаввар оид ба мавўи   «Асрори хушбахтии  оиларо  дар чӣ  мебинед?»  баргузор гардид. Мизи мудаввар бо  иштироки  донишҷўён,  бахусус  донишҷўдухтарони   курси  дуюми ихтисосҳои мухталиф  (таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ,  олигофренопедагогика, психология)   ва  гузаронида  шуд.  
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:21 нафар


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

Дар толори маҷлисгоҳи факултети молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров  чорабинии сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ  бахшида ба Соли 2017-Соли ҷаванон, Рӯзи ҷавонон,  даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор 2018-2028”, инчунин  ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва 85-солагии донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар чорабинӣ  кулли устодони факултет ва  донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.  
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:33 нафар


“НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ”

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмии ҷумҳуриявӣ, ки ба ифтихори Соли ҷавонон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар рушди илм” баргузор  гардид. Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода нишастро ҳусни ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки боиси сарфарозии ҷавонони саодатманди кишвар аст, ки имрўз дастгирӣ ва пуштибонии ин нерўи созанда ба яке аз самтҳои меҳварии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мубаддал гардидааст. Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 худ нишони ҳусни таваҷҷўҳи баланди Пешвои миллат ба ҷавонон маҳсуб мешавад ва ин ибтикори муҳим бори дигар собит месозад, ки воқеан Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва такя ба нерўи созандаи ин насли фардоофарин метавонад чароғафрўзи роҳи рўшани ояндаи дурахшони Тоҷикистон азизи мо бошад. 
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:50 нафар



1 | 2 | 3 > >>


BOTANICAL GARDEN | MUSEUM | LIBRARY | PHOTO GALLERY | INFOGRAPHICS | SITE MAP | CONTACT

Republic of Tajikistan, Khujand, passage Mavlonbekov 1

ба боло