1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети забонҳои шарқ





Cуроға: 

Телефон: 


Оиди факултет

Факултети забонҳои шарқ – ҷавонтарин факултети ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров, соли 1999 ҳамчун шӯъба дар ҳайъати факултети филологияи тоҷик ташкил ёфта, аз моҳи июли соли 2002 чун факултети мустақил бо номи факултети забонҳои шарқ дар ҳайати донишгоҳ арзи вуҷуд дорад.
Ташкили факултети забонҳои шарқ дар вилояти Суғд як навъ посухе буд ба ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ дар остонаи садаи нав, зеро омӯзиши забонҳо, алалхусус забонҳои паҳнгаштаи арабӣ ва англисӣ заминаҳои пешрафти ҷомеаро фароҳам меоварад. Ва ин нукта мунтазам ва пайгирона дар баромадҳои Сарвари давлат таъкид карда мешавад. Илова бар ин, дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои барномавии давлатӣ оид ба маориф ба роҳмондани омӯзиши забонҳои густаришёфтаи дунё талаб карда мешавад. Бо назардошти амалӣ гардонидани дастурҳои Сарвари давлат ва талаботи Вазорати маориф ва илм факултет барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи шарқшиносӣ бо ихтисосҳои иловагии муаллимони забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ ҷаҳду талош дорад. Хатмкунандагони факултет соҳиби ду ихтисос мегарданд ва аз ин ҷиҳат барои бо кор таъмин шудан бартарӣ доранд. Аз ҷониби дигар, омӯзиши забони дуюмӣ ва алалхусус забони тоҷикӣ барои хубтар ва густурдатар омӯхтани забони арабӣ мусоидат мекунад.
Ҷои қайд аст, ки шӯъбаи шарқшиносӣ дар як муддати кӯтоҳ заминаҳои моддӣ-фаннӣ, таълимӣ, илмӣ ва кадрии барои тадрис заруриро фароҳам овард. Дар оғоз ва дар саргаҳи ташкилшавии шӯъба шарқшиносон – хатмкунандагони факултети забонҳои шарқи ДДТ – дотсентон У.А.Fаффорова, Н.И.Fиёсов, Н.Ш. Зоҳидов ва А.Раупов меистоданд, ки заҳмати таъсиси факултет ва тадриси фанҳоро бар зиммаи хеш гирифтанд. Зимнан, ду омили муҳими дигар ҳам буд, ки ин амалро суръат мебахшид: 1.Дастгирии раёсати ДДХ ба номи акад. Б. Fафуров бо сарварии ректори собиқи он зиндаёд С. Абдуллоев ва ноибректор Н. Салимов. 2. Бастани шартнома байни Донишгоҳ ва Ассотсиатсияи байналхалқии хайрияи «Тайиба», ки дар таҳкими базаи моддию техники шӯъба ва таъмини кадрҳо – ҳомилони забони арабӣ ба донишгоҳ кӯмак расонд. Ин буд, ки аз ибтидо дар шафати устодон – муассисони шӯъба устодони араб Амин Муҳаммад Абдуллоҳ Халафуллоҳ (Судон), Абдуллоҳ Ҳамдон (Сурия), Муҳаммад Содиқ Аваз (Миср) ва баъдтар Ёсир Муҳаммад (Судон), М. Шаннавӣ (Миср), Умар Юсуф Шарру (Сурия) дар факултет аз забон ва адабиёти арабӣ дарс медоданд. Раёсати донишгоҳ тамоми шароитро барои баланд бардоштани сатҳи таълим аз рӯи ихтисоси нав фароҳам овард. Дар соли хониши 2001-2002 шӯъба ба факултети нав табдил ва У.А.Fаффорова декани факултети забонҳои шарқ таъйин шуд. Ҷоизи қайд аст, ки масъулияти декани факултетро аз соли 2001 то 2006 У.А. Fаффорова, аз 2006 то 2011 Н.И .Fиёсов, аз 2011 то 2012 М.Т. Раҷабова, аз 2012 то 2015 Н.А. Ҳамробоев ва аз мохи апрели соли 2015 то имруз профессор У.А.Fаффорова бар ӯҳда дорад.
Дар ибтидо дар шӯъбаи шарқшиносӣ ҳамагӣ як кафедра – филологияи араб мавҷуд буд, ки мудирии онро дотсент Асроров Р ба ӯҳда дорад. Моҳи июли соли 2000 дар шӯъба кафедраи дигар – кафедраи грамматикаи забони арабӣ ташкил гардида, сарварии он ба дотсент Ф. Fиёсова вогузор шуд. Солҳои 2001-2003 ду кафедраи дигар, яке кафедраи забони форси муосир мудир дотсент Оқилова М. кафедраи забон ва адабиёти тоҷик мудирии кафедраи забон ва адабиёти тоҷикро дотсен, Шарипова М. ва кафедраи забони англиси мудир Ҳодибоев Т. бар ӯҳда доштанд. Соли 2011 бо пешниҳоди комиссияи аттестатсионӣ ва шӯрои олимони Донишгоҳ дар факултет кафедраи забони англисӣ таъсис ёфт, ки сарварии онро номзади илм, дотсент М. Ибрагимова бар ӯҳда дошт.
Дар факултет аз сентябри соли 2006 то имрӯз се шӯъба – шӯъбаи арабӣ-тоҷикӣ, арабӣ-англисӣ, хитоӣ-форсӣ ва панҷ кафедра амал мекунад: кафедраи грамматикаи забони арабӣ, кафедраи филологияи араб, кафедраи забони форси муосир, кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва кафедраи забони англисӣ. Дар факулта аз руи ду ихтисос (арабӣ-тоҷикӣ ва форсӣ) магистратура низ амал мекунад, ки имрӯзҳо зиёда аз 35 нафар дар он таълим мегиранд. Аспирантону унвонҷӯён ва магистрантони факултет, то имрӯз аз таълиму тарбияи олимони варзидаи ватаниву хориҷӣ, чун академики АУ ҶТ Н.Ю. Салимов, докторони илм, профессорон – Н.Ш. Зоҳидов, А. Ҳасанов, У.А. Fаффорова, З.А. Fаффорова, А. Абдуқодиров, Р.О. Самадова, номзадҳои илм, дотсентон Н.И. Fиёсов, Т. Ваҳҳобов, Н.А. Ҷӯраев, К. Усмонов, Р. Асроров, И. Болтубоев, Ш. Тоҷибоев, Н.А. Ҳамробоев, Ф. Насриддинов, Ф. Салимов, Ф. Fиёсова, М.М. Атоева, М. Оқилова, А. Амонов, Қ. Додобоев, М. Ҳасанова, Н. Тошматова, А. Эмомов, А. Ҳакимов, Т. Давронов, А. Маллаев, Ҳодибоев Т., А. Fафуров, Ҷ. Икромиддинов, М. Набиҷонова, М. Раҷабова ва дигарон баҳраёб ҳастанд.
Дар факултет ба тайёр кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ диққати махсус дода шуда, аз рӯи муаммоҳои зерин тадқиқоти илмӣ сурат мегиранд: 1. Типология варобитаҳои забонӣ. 2. Лексикография. 3. Робитаҳои адабӣ ва поэтикаи шарқ. 4. Усулҳои таълими забонҳои хориҷӣ. Ҳамзамон, то имрӯз аз ин равияҳо зиёда аз 12 нафар хатмкунандагони факултет рисолаҳои илмӣ навишта, дар Шӯрои ҳимоя ба дифоъ расониданд.
Дар факултет мунтазам гузаронидани ҳафтаҳои забонҳои хориҷӣ таҳти унвони «Айёму-л-араб», «Наврӯзи Аҷам», «Тамаддуни ориёӣ» ба расмият даромада, вохӯриҳо бо олимон, адибон, шоирон ва шахсиятҳои барӯманд ба ҳукми анъана даромадааст. Маҳфили илмии устодону донишҷӯён бо номи «Фурӯғи маънӣ» ва «Мусташриқ» минбари мустақили унвонҷӯёну донишҷӯёни факултет буда, таҳти роҳбарии устодони факултет кори худро пеш мебарад ва моҳе як маротиба нишасти хешро барпо мекунад, ки дар он маърӯзаҳо роҷеъ ба масъалаҳои мухталифи забону адабиётшиносӣ баррасӣ мешавад. Ҳамзамон, факултет дорои маҷмӯаи илмӣ бо унвони «Номаи ховаршиносон» мебошад, ки ҳар сол ду маротиба нашр мегардад.
Имрӯз заҳмату кӯшишҳои устодони факулта нафақат дар миқёси вилоят, балки дар ҷумҳурию берун аз он самараи дилхоҳ дода истодааст. Чанд нафар аз хатмкунандагони факулта дар Вазорати корҳои хориҷа ва сафоратхонаҳову ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ кору фаъолият мебаранд. Боиси фахру сарфарозии ҷомеаи факулта мебошад, ки устодони факултети забонҳои шарқ профессорон Н. Салимов ва Н. Зоҳидов имрӯзҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ кору фаъолият мебаранд.
Олимони факултет бо муассисаҳо ва марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ робитаҳои илмӣ доранд, минҷумла бо Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АУ ФР, Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии АУ ҶТ, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии АУ ҶТ, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти форси назди сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон, Ройзании фарҳангии Эрон, Бунёди эроншиносӣ дар Теҳрон, Донишгоҳи педагогии шаҳри Урумчӣ, Маркази Конфутсияи назди ДДМТ, Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳонии ба номи М. Горкии АУ ФР, факултети забонҳои шарқи ДДМТ. Устодони факултет савияи дониши худро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Эрон, Русия, Миср, Яман, Сурия, Ироқ, Либиё, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Чин, Туркия ва ғайра баланд бардошта истодаанд.
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло