1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети тарбияи ҷисмонӣ





Cуроға: 

Телефон: 


Оиди факултет

Таърих гувоҳи он аст, ки инсоният дар тӯли арзи ҳастии хеш дар ин олам ба бисёр дастовардҳои назаррас дар самти фарҳанг, илм ва дигар ҷода комгориву комёбиҳои бузургеро ба даст овардааст, ки ин омилҳо барои баландбардории сатҳи зиндагӣ, беҳбудии рӯзгори мардум ва пойдории сулҳу салоҳ дар рӯи Замин нигаронида шудааст. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои башарият варзиш маҳсуб меёбад, ки аз замонҳои қадим то ин дам ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки варзиш яке аз самтҳои муҳими афзалиятноки ҷомеа маҳсуб гардида, беҳтарин воситаи тарғибкунандаи давлату миллат маҳсуб мегардад. Маҳз гузаштагони мо ба хотири тарбияи насли солим ва доиман омода гардидан ба ҳимояи марзу бум аз усулҳои гуногуни варзиш, ба мисоли гӯштину шиноварӣ, найзарониву шамшерзанӣ, аспдавонию камонварӣ, гурзпартоиву чавгонбозӣ, давидану ҷаҳидан ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд. Ба хотири насли созгор ва матинирода ба воя расонидани ҷавонон онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҷавонро ҳарчӣ бештар ба намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифта бошанд. Бо мақсади боз ҳам дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва соҳибмаълумот ба камол расонидани варзишгарон соли 1966 дар назди Донишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) факултети тарбияи ҷисмонӣ кушода шуд. Дар соли нахустини таъсисёбии факултет донишҷӯён дар ду гурӯҳ, ки ин ҳам бошад гурӯҳи русӣ ва гурӯҳи тоҷикӣ қабул гардида буданд ва теъдоди умумии онҳо 80 нафарро ташкил медод.

Нахустин шахсе, ки вазифаи декани факултетро дар ӯҳда дошт шодравон Дадоҷон Ботурович Ботуров мебошад. Дар давоми роҳбарии ин марди наҷиб (солҳои 1966-1972) теъдоди донишҷӯён аз 80 қариб ба 400 нафар расида буданд. Дар он замон дар факултет кафедраи «Назария ва услуби тарбияи ҷисмонӣ» мавҷуд буд, ки вазифаи мудири кафедраро устод Асрор Каримович Каримов ба ӯҳда дошт.
Бо сабаби ба вазифаи мудири шӯъбаи варзиши вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таъин гардидани Д. Б. Ботуров (соли 1972) ба вазифаи декани факултет дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии «Мудофиаи гражданӣ ва асосҳои дониши тиб» Зайниддин Шарифович Шарифов таъин гардид. Дар он ҳангом мудири кафедраи «Назария ва услуби тарбияи ҷисмонӣ» Асрор Каримович Каримов низ ба шӯъбаи варзиши вилоят ба кор даъват карда шуд ва ба вазифаи мудири ин кафедра сармуаллим Абдураҳмон Расулович Расулов таъин гардид.

Қобили зикр аст, ки аз сабаби дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе кушода шудани Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И.Калинин (соли 1973) ҳозира С.Раҳимов факултет барҳам мехӯрад ва минбаъд донишҷӯён барои идомаи таҳсил ба ин Донишкада равона карда мешуданд. Имрӯзҳо низ бо баробари вусъат ёфтани самтҳои гуногуни хоҷагии мамлакат эътибори давлату ҳукумат низ дар соҳаи варзиш хеле назаррас ба чашм мерасад. Ин буд, ки дар таърихи 20 декабри соли 2010 сарвари давлат мӯҳтарам Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо кулли варзишграони мамлакат мулоқоти рӯ ба рӯ ва ошкоро доир намуданд ва аз ҷумла баён доштанд, ки «Дар шароити кунунӣ, ҳатто дар ҳолати пурра фаъолият намудани иншооти мавҷудаи варзишӣ онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо варзиш фаро гирифта метавонанду халос».

Сексияҳо ва мактабҳои варзишӣ бошанд, талаботи кӯдакону наврасон ва ҷавононро чандон қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон бо соҳаҳои гуногуни варзиш зарурате ба миён омадааст, ки ҳар як ташкилоту муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш саҳмгузор бошанд».
Бо пайгирӣ аз ин ҳадафҳо бо ташаббуси масъулони шӯъбаи тарбияи ҷисмонӣ тибқи фармони №84 аз 10.05.2011 ба факултети алоҳида ва мустақил табдил ёфт Дар ин фурсат зарур гардид, ки барои интихоби ҳайати нав чораҷӯӣ намоянд. Сипас бо пешниҳоди сарвари факултет дотсент С.З.Бойматов устодон Б.К. Сангинов ба вазифаи муовини декан оид ба таълим, Д.Н. Абдуллоев ба вазифаи муовини декан оид ба тарбия ба вазифаи муовини декан оид ба илм, раиси созмони ҷавонони факултет Г.Н. Ступишин, раиси Шӯрои илми методии факултет Ф.Ғаниев. ва раиси Шӯрои занон ва бонувони факултет М.Ю. Маҷидова таъин гардиданд.

Мавриди зикр аст, дар як муддати кутоҳ дар маҷмааи варзишии «Хуррамшаҳр» ду хонаи либосивазкунӣ барои писарон ва духтарон ва ҳамзамон хонаи муаллимон бино ёфта мавриди истифодаи устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат гардид. Ҳамзамон толори варзишии Донишгоҳ, ки дар ошёнаи якӯми бинои факултети таърих ва ҳуқуқ воқеъ аст, пурра аз таъмир бароварда шуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон то ин дам як қатор донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии донишгоҳӣ, шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида истодаанд. Аз ҷумла муваффақиятҳои донишҷӯёни факултет Комроншоҳи Устопирён - 5–карата чемпиони ҷаҳон ва ҷоизадори Универсиада дар ш.Қазон, гӯштини камарбандӣ донишҷӯи бахши 2-юми ихтисоси мазкур Бойназаров Абдуазим (2 – карата ҷоизадори чемпионати Осиё, варзиши сабук донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси мазкур (иштирокчии чемпионати ҷаҳон) Александр Пронженко, Ғаниев Шариф курси 2 дорандаи Ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ-до (шотокан), Асрор Воҳидов чемпиони ҷаҳон байни наврасон оид ба бокс ва ғайраҳо мебошанд, ки ин боиси ифтихори факултету Донишгоҳамон мебошад. Айни замон дар факултет 3 кафедра амал мекунад, ки ин ҳам бошад кафедраи умумидонишгоҳии «Тарбияи ҷисмонӣ» - мудир сармуаллим Собиров Р, кафедраи «Анатомия, физиолгияи варзиш ва мудофиаи гражданӣ» мудир дотсент М.Д. Обидова ва кафедраи «Варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ» мудир сармуаллим Д.С. Бойматов мебошад.
Кафедраи Анатомия, физиологияи варзиш ва мудофиаи гражданӣ 27-уми августи соли 1960 бо қарори ВМҶТ дар назди ДДОЛ ба номи С.М. Киров дар асоси курси «Мудофиаи гражданӣ» ташкил карда шуд. Курсро И.И. Гриткин роҳбарӣ мекард. Дар ин солҳо Михаил Гладышев - иштироккунандаи ҶБВ ба ҳайси муаллим ва Кривошеева Евгения Николаевна чун сармуаллим кор мекарданд. Соли 1973 курс ба кафедраи мудофиаи гражданӣ табдил ёфта, дотсент Зайниддин Шарипович Шарипов мудир таъин карда шуд. З.Ш. Шарипов то соли 1994 сарварии ин кафедраро ба ӯҳда дошт. Соли 1989 кафедра номи «Асосҳои дониши тиб»-ро гирифт. Аз соли 1995 то соли 2004 вазифаи мудири кафедраро дотсент Саодат Абдураҳмоновна Умарова иҷро намудааст. Аз соли 2004 дотсент М. Обидова мудири кафедра мебошад. Устодони соҳибтаҷриба ва соҳибкасби кафедра аз қабили М.И. Гладшев, Е.Н. Кривошеева, З.Ш. Шарипов, Ю.П. Четверкин, Г.И. Лизунов, Ф.М. Бобоҷонова, М. Шерғозиева, Г.Н. Саиднозимова, П.Б. Левкин, С.К. Ҳомидов ва сарлаборант Ф.М. Қодирова солҳои тӯлонӣ дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми арзанда гузоштаанд. Дар давоми ин солҳо бо кӯшишу ғайрати устодони кафедра зиёда аз 150 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои «Хирургия», «Здравоохранение Таджикистана» ва ғайра ба чоп расидааст. Солҳои охир барномаи таълимӣ ва соатҳои фанҳои таълимии кафедра якчанд маротиба тағйир ёфт. Ҳоло барномаи таълимии кафедра «Асосҳои беҳтарии ҳаёту фаъолият ва мудофиаи шаҳрвандӣ» ном дорад, ки он ду фанро дар бар мегирад: «Мудофиаи гражданӣ» ва «Ёрии аввалини тиббӣ». Айни ҳол дар кафедраи мазкур устодони соҳибтаҷриба ба монанди М.Д. Обидова, М.У. Усмонов, Э. Раҳматов, Ф. Ғаниев, З.З. Қодиров, Ш. Бобоева, М.Ш. Маҷидова, М. Ӯлмасов ва сарлаборантон З. Мирпоччоева, П. Раҳматова барои таълиму тарбияи донишҷӯён кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Кафедраи Варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ Бо ибтикори садорати факултети тарбияи ҷисмонӣ ва дастгирии ректори Донишогоҳ профессор В.Набиев дар таърихи 27.05.2011 тибқи фармони № 17 кафедраи мазкур таъсис дода шуд. Вазифаи мудири кафедраро сармуаллим Д.С. Бойматов ба ӯҳда дорад. Дар кафедра айни замон 12 нафар устодон ва 2 нафар кормандони ёрирасон фаъолият бурда истодаанд. Устодони кафедра барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расонидани шогирдон тадбирҳо андешида истодаанд. Айни ҳол дар кафедраи мазкур устодони соҳибтаҷриба ба монанди Меркулова В.М., Сангинов Б.К., Бойматов Д.С., Абдуллоев Д.Н., Маҳмудов Н., Бобоев И., Икромов Ш., Дӯстматов Ш.М., Абдураҳмонов Ғ.З. ва Раҷабов Ш.М., кормандони ёрирасон Ҳомидова М. ва Бобоҷонова С. барои таълиму тарбияи донишҷӯён таваҷҷӯҳи хоса дода истодаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ дар факултети тарбияи ҷисмонӣ барои солҳои 2011-2015 сол то сол чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ зиёд гардида истодааст ва ҳам таваҷҷӯҳи наврасону ҷавонон ба варзиш рушд ёфта, боиси ташкили толорҳои наву замонавӣ ва дастгирии онҳо дар мусобиқаҳои варзиши байналмиллалӣ шудааст. Аз ин лиҳоз дар маҷмӯаи варзишии Хуррамшаҳр якчанд майдончаҳои варзишӣ ба монанди майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол, дар хобгоҳҳои Донишгоҳ майдончаҳои волейболу баскетбол барои донишҷӯёни бо Квотаи Президенти таҳсилкунанда ба истифода дода шудааст. Донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонӣ дар маҳфилҳои варзишӣ фаъолият мебаранд а ин фаъолият натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардида истодааст. Дар факултету донишгоҳ донишҷӯён қариб аз рӯи ҳамаи намудҳои варзиш таълим ва машқварзӣ намуда истодаанд, ки аз ҷумла намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, шоҳмот, шашка, дартс, гӯштини тарзи озод, самбо, варзиши сабук, бокс ва амсоли инҳо гузаронида мешавад. Агар ба натиҷаҳо ва таҳлилҳо назар афканем 65% -и донишҷӯёни факултет дар бахшҳо ва намудҳои гуногуни варзишӣ пурра ҷалб карда шуда, онҳо дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида истодаанд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо ба маълумоти Шумо мерасонем, ки донишҷӯёни факултети Тарбияи ҷисмонӣ дар соли хониши 2012-2013 ба чунин муваффақиятҳои назаррас ноил гашта истодаанд:
1. Устопириён Комроншоҳ – донишҷӯи курси 4 - моҳи майи соли 2013 Ҷоми Аврупо ҷои 1, дар ш. Санкт – Петербурги Федератсияи Русия. Моҳи июли 2013 ҷои II – юм дар Универсиадаи Федератсияи Русия, шаҳри Қазон, дар намуди гӯштини самбо. Моҳи сентябри соли 2013 ҷои III-юм дар ҷумҳурии Қазоқистон, ш.Алма-Ато Ҷоми Ҷаҳон оид ба дзюдо.
2. Пронженко Александр – донишҷӯи курси 4 - ҷои якум Ҷумҳурии Тоҷикистон давидан дар масофаи 400м. Моҳи май чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 200м – ҷои якум. Чемпионати Осиёи Марказӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд. ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмиллалӣ ҷои аввал дар давидан ба масофаи 110м монеа (барьер)
3. Қаробоева Гуландом – ҷоизадори универсиада дар шаҳри Қазон аз рӯи намуди гӯштини камарбандӣ.
4. Сериков Виталий – донишҷӯи курси 2 – ҷоизадори чемпионати Осиёи Марказӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд оид ба намуди қаиқронӣ дар масофаи 500м.
5. Ғафуров Абдусаттор донишҷӯи курси 2 - ҷоизадори чемпионати Осиёи Марказӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд оид ба намуди қаиқронӣ дар масофаи 200м.
6. Ғаниев Шарифҷон – донишҷӯи курси 2 – дорандаи Ҷоми Аврупо дар шаҳри Маскав оид ба карате до (шотокан)
7. Қаюмов Азимхон донишҷӯи курси 3 – ҷоизадори моҳи марти шаҳри Истамбул, Туркия, ва Ҷоми Аврупо ҷои 3-юм дар шаҳри Маскав.
8. Воҳидов Асрор – чемпиони мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба бокс бахшида ба хотири қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Хамзаалиев дар шаҳри Хуҷанд.
9. Ҷӯраев Аббосалӣ – курси 1 – чемпиони Ҷумҳурӣ оид ба камарбандӣ дар моҳи сентябри 2013
10. Шералиев Бургуталӣ – курси 1 чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ, моҳи сентябри соли 2013.
11. Ҳофиззода Илҳом – курси 1 чемпиони Осиё байни наврасон оид ба дзюдо.
12. Тошмуродов Умед – курси 3 чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди камарбандӣ
13. Бойназаров Абдуазим – курси 2 иштирокчии универсиада дар шаҳри Қазон, дар намуди камарбандӣ
14. Раҷабов Ҳамроз – курси I чемпиони ҶумҳурииТоҷикистон оид ба намуди самбо, ишғоли ҷои 3-юм
15. Исломов Илҳом – курси II ҷоизадори мусобиқаи байналхалқӣ ба намуди таэквондо дар Ҷ.Корея.
16. Қӯзиев Абдукарим – курси I чемпиони Ҷ.Тоҷикистон оид ба муҳорибаи ҷанги дастӣ.
17. Ғоибов Меҳрофарин – курси I ҷоизадор дар намуди самбо дар Ҷ.Тоҷикистон.
18. Сариев Асатилло – курси II ҷоизадори чемпионати Ҷ.Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини тарзи озод.
Кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ соли 1949 ташкил ёфта, ба он хатмкунандаи Институти Тарбияи ҷисмонии Ленинград ба номи П.Ф. Лесгафт Ф.Ф. Филипченко сарварӣ мекард. Дар обтидо кафедра танҳо се нафар аъзо дошт, ки инҳо Ф.Ф. Филипченко Н.В. Липинский А.Я. Малшенина буданд.
Соли 1953 дар кафедра фаъолияти худро ходими намоёни соҳаи тарбияи ҷисмонӣ Е.И. Ёршова оғоз менамояд. Таҳти роҳбарии ин шахси боғайрат як зумра варзишгарони намоёни соҳаи гимнастика тарбия меёбанд. Барои хизмати шоиста ва саҳмгузорӣ дар инкишофи варзиш дар вилояту ҷумҳурӣ Е.И, Ершова соли 1967 бо нишони «Аълочии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ», ҳамчунин бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.

Солҳои 1956-57 ба кафедра як зумра устодони нав ба монанди Т.Н. Ткачук, А.Н. Кривенок ба кор меоянд. А.Н. Кривенок корҳои илмии тадқиқотӣ бурда, рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ менамоянд. Дар ҳамин солҳо аз ҳисоби хатмкунандагони Институти тарбияи ҷисмонии Маскав ҳайати кафедра пурқуваттар мегардад: ба кор Д.Б. Ботуров, Ш.М. Ҳофизов шурӯъ мекунанд. Дар ин солҳо роҳбарии кафедраро О.П. Иброҳимов дар ӯҳда дошта дар инкишофи соҳаи варзиш дар ИДПЛ меҳнати зиёдиро ба харҷ додааст.

Дар солҳои 60-ум роҳбарии кафедра ба зиммаи О.И. Терентев гузошта мешавад, ки устодон Г.Ф. Фотт Р.М. Юдилевич, В.А. Захарова И.С. Ҷӯраев, А.З. Зокиров дар тарбияи варзишчиёни ҷавон камар мебанданд. Солҳои 70-ум кафедра аз ҳисоби хатмкунандагони факултети тарбияи ҷисмонии ИДПЛ пурра карда мешавад, ки алҳол баъзе аз онҳо дар кори таълиму тарбияи шогирдон саҳмгузорӣ доранд. Инҳо И.Т.Калинин, Ю.А. Петин, А.Д.Мирсаидов мебошанд. Солҳои 80-ум сарварии кафедраро А.Р. Расулов ба ӯҳда дошт. Он солҳо ба кор хатмкунандагони Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон С.С. Икромов Р.С. Сафарова Т.З. Каримова ва А. Ларионов даъват карда мешавад. Соли 1989 роҳбари кафедра мутахассиси соҳаи варзиш Ф.М. Абдураҳмонова таъин мегардад, ки рисолаи номзадиро маҳз дар ҳамин ихтисос ҳимоя намудааст.
Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ зинаҳои камолоти худро акнун тай намуда истодааст. Он дар тарбияи варзишгарон ва инкишофи соҳаи босазо мегузорад.
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло