1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети забонҳои хориҷӣ





Cуроға: 

Телефон: 


Оиди факултет

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона устуворона ва пирӯзмандона пешмеравад. Муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷомеаи мо пурра амалӣ гардида, барои тараққӣ ва пешравии соҳаи маориф ва фарҳанг шароитҳо муҳайё гардида истодааст. Инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти миллию давлатӣ ва умуман ноилшудан ба сатҳи ҷаҳони иқтисодӣ, воридгардидани кишвар ба фазои ягонаи байналмиллалии таҳсилот пеш аз ҳама барушди маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандон ва малакаи забондонии онон во баста мебошад.

Ҷомеаи меҳнатии факултети забонҳои хориҷӣ пайваста барои амалӣ сохтани барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004- 2014 аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, кадрҳои баланд ихтисосро тайёр намуда истодааст.
Факултети забонҳои хориҷӣ яке аз факултетҳои бонуфуз ва кӯҳнатарини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба шумормеравад. Агар моҳи августи соли 1950 25 нафар донишҷӯё назрҷи ихтисоси «Забони англисӣ» ба факултети таъриху филология қабул кардашуда бошанд, алъон дар факултет 1087 нафар донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос таҳсилкарда истодаанд.
Барои тайёр кардани тарҷумонҳои соҳавӣ дар факултет соли сеюм аст, ки донишҷӯён бо ихтисоси “Назария ва амалияи тарҷума” таҳсил карда истодаанд. Тарҷумонҳои касбӣ малакаҳои умуми касбиро гирифта истодаанд. Баъди хатми донишгоҳ онҳо соҳиби ихтисоси “Тарҷумон” гардида, дар ташкилотҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳо, корхонаҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои ғайри давлатӣ имкони коркарданро доранд.
Дар факултети забонҳои хориҷӣ ба таҳқиқи фаъолияти забони англисӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дар тӯли зиёда аз 60 соли фаъолияташ корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултетро 11 декан ва 15 кафедра бадӯш доштаанд.
Алъон роҳбарии факултетро дотсент, номзади илмҳои педагогӣ Меҳринисо Абдуллоева ба ӯҳда дорад. Солҳои охир факултет ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаистодааст, ки аз чоп баромадани 10 монография, 40 дастури таълимӣ, 6 китоби дарсӣ бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвара мо нисботи ин дастовардҳост.
Дар давоми фаъолияти худ факултети забонҳои хориҷӣ ба маркази тайёр намудани кадрҳои баландихтисос табдил ёфтааст, кидаронсаҳмиустодонупрофессоронифакултетбеандозамебошад, ки онҳо солҳои дароз хизмати босазо намуда,дар тайёр кардани омӯзгорони забони англисӣ хизмати шоён карданд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ин истифодаи васоити муосири техникӣ дар ҷараёни таълим мебошад. Бояд қайд кард, ки дар факултет ҳамаи кафедраҳо бо васоити муосири техникӣ (проектор,тахатаи электронӣ, магнитафон, оверҳедпроектор, телевизор, компутер, СД-диск бо матнҳои шунавоӣ, ДВД-диск барои тамошои филмҳои таълимӣ, тахтаҳои таълимии магнитӣ, принтер) таъминанд. Ин маводҳои техникии таълим дар дарсҳои лексионӣ, семинарӣ ва амалӣ васеъ истифода бурда мешаванд.
Алъон дар факултет 2 синфхонаи комютерӣ амал мекунад. Дар ин синфхонаҳои комутерӣ 30 адад комутер барои донишҷӯёну омӯзгорон хизмат мекунад. Дар ин утоқҳои дарсӣ дарсҳои амалӣ ва семинарӣ гузаронида мешаванд.
Донишҷӯён тавассути компутер машқҳои шунавоиро иҷро менамоянд.
Дар факултет 4 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ амал менамояд:
Кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ–мудири кафедра дотсент Раҷабова М.М.
Кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ–мудири кафедра дотсент Юсупова М.И.
Кафедраи забони англисӣ ва методикаи таълимион–мудири кафедра дотсент Юсупова М.А.
Кафедраи забони олмонӣ –мудири кафедра сармуаллим, магистри фанҳо Саидов М.М.
Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ–мудири кафедра сармуаллима Алимухаммедова Н.Т.

Қобили қайдаст, ки дар факултет зиёдааз 100 нафар устодони унвондори соҳибтаҷриба ва омӯзгорони ҷавони болаёқат кору фаъолият бурда истодаанд, ки аз онҳо 2 нафар профессор, 17 нафар дотсент, 3 номзадҳои илм, сармуаллимон ва муаллимон буда, ба зиёда аз 1000 нафар донишҷӯён таълиму тарбия медиҳанд.
Инчунин бояд қайд кард, ки омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирокчии барномаҳои байналхалқии Fullbright, DAAD, TOSCA, Erasmus Mundus, JFDP, FLEPP ва монанди инҳо мебошанд, ки ин барномаҳо баҳри такмил додани дониши тахасусии омӯзгорон равона карда шудааст. Факултет чор сол боз аз рӯи низоми кредитии таълим кадрҳои баландихтисосро тайёр карда меояд, ки онҳо дар боргоҳҳои илму маърифати вилояту ҷумҳур ӣ ва берун аз он фаъолият бурда истодаанд. Аз соли хониши 2012-2013 инҷониб дар факултет зинаи магистратура амал мекунад, ки айни ҳол 71 нафар ҷавонони болаёқат аз рӯи ихтисоси «Забонианглисӣ» таҳсил карда истодаанд.

Қайд кардан ҷоизаст, ки хатмкунандагони ихтисоси омӯзгории факултет на танҳо дар мактабу донишгоҳҳо ба ҳайси омӯзгор, балки дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоии кишвар, аз ҷумла, дар ташкилотҳои ғайри давлатию байналмилалӣ мисли OBCE, GIZ, UNDP, UNO ва ба монанди онҳо фаъолият бурда истодаанд. Дар давоми солҳои фаъолияти худ факултет барои таълими забони англисӣ ва олмонӣ бо истифода аз усулҳои сермаҳсули фаъолит аълим, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён ва барои дар оянда омода сохтани мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ бурда истодааст.

 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло