1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети физикаю техника





Cуроға: 
махаллаи 27 бинои таълимии №1
Телефон:  8(3422) 20594


Оиди факултет

Факултети физикаю техника яке аз қадимтарин факултетҳо ба ҳисоб рафта, соли хониши ҷорӣ бо ҳамроҳии Донишгоҳи азизамон 80-умин солгарди таъсисёбии худро тантана менамояд. То солҳои 1970 факултетҳои Физикаю математика дар якҷоягӣ амал менамуд. Аз соли 1957 то соли 1970 вазифаи сарварии факултетро яке аз устодони пуртаҷриба, математик Отаҷон Қурбонов ба зимма дошт. Дар давраи роҳбарии ин марди наҷиб ва ташкилотчии беҳамто дар факултет ихтисосҳои нав, ба монанди физика ва асосҳои истеҳсолот (ФОП), инчунин математика ва нақшакашӣ ва нақшаю расм таъсис меёбад. Соли 1955 барои беҳтар намудани таълими фанҳои меҳнат ва ба меҳнати физикию техникӣ ҷалб намудани ҷавонон ва махсусан мактаббачагон қарори махсуси ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шуда буд. Мувофиқи ин қарор дар тамоми ҷумҳуриҳо шумораи зиёди омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ созмон дода шуда буд. Барои ин таълимгоҳҳои меҳнатиро бо омӯзгорону устодони касбӣ таъмин намудан, дар Донишкадаҳои омӯзгории мамлакат ихтисосҳои нави физика ва асосҳои истеҳсолот (ФОП) ва техника ва асосҳои истеҳсолот (ТОП) кушода шуда, дар онҳо ба таълими асосҳои меҳнати касбӣ эътибори калон медоданд. Аз ҳамин сабаб, ҷавобан ба қарори ҳукумат, соли 1957 дар факултет ҳам ихтисоси физика ва асосҳои истеҳсолот ва инчунин барои сарпарастии ихтисоси нав кафедраи «Асосҳои истеҳсолот» таъсис дода мешавад. Ташкили ин кафедра ба зиммаи устоди соҳибтаҷриба ва яке аз физикдони беҳтарини шаҳр дотсент Маленко П. А. гузошта мешавад.
Аз соли 1974 физикон мустақил гардида, сарварии онро яке аз устодони соҳибтаҷриба Туробхон Хӯҷаев ба ӯҳда мегирад. Дар солҳои минбаъда вазифаи пуршарафи декании факултетро дотсентон, номзади илмҳои фалсафа М.И. Исмоилов, номзади илмҳои физика математика Ҷ. Л. Латипов, номзади илмҳои физика математика М. Насриддинов, номзади илмҳои физика математика Ҳ. Р. Саидов, доктори илмҳои техники профессор У. Султонов , номзади илмҳои техникӣ С. Ёқубов, номзади илмҳои омӯзгорӣ, дотсент А.Азизов, дотсент Нуриддинова М. И. дар ӯҳда доштанд, ҳоло ин вазифа ба зиммаи Р. Назаров гузошта шудааст.
Дар солҳои 1980 яке аз шохаҳои пурҳунари он шӯъбаи рассомию нақшакашӣ ба факултети мустақил табдил дода мешавад. Чунин дигаргунӣ дар ҳаёти ҷомеа дар солҳои 1991-1996 бо ташкили факултети техникӣ бо сарварии дотсент Р.М.Шамсиев ба анҷом ёфта, пас аз нав ба факултети физика пайваста карда мешавад. Аз давраи ибтидо то солҳои пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ташкил ва такомули раванди илмҳои физика гурӯҳи олимони номии Россия ба монанди И.И.Биргембаум, А.Т.Земляков,П.А Маленко,Н.А. Зароченцов, Б.И.Яновский, И.Н.Горбатков ва дигарон сафарбар карда мешаванд. Бо сарварии онҳо ва шогирдон аз ҳисоби ҷавонони маҳалли ба монанди Т.Ҳ.Ҳомидов, М. Акрамов, А. Бобоев аввалин лабараторияҳои физикӣ ва кабинетҳои махсусгардонида созмон дода мешавад. Дар аввалҳо танҳо як кафедра –кафедраи физикаи умумӣ тамоми фанҳои физикӣ ва тахасусмандиро якҷоя намуда буд. Минбаъд вобаста аз талаботи раванди таълим кафедраҳои нав ба нав ташкил карда шуданд.
Дар ҷомеаи факултет баҳри таълиму тарбия устодони варзидаи соҳаи физика, радиофизика, физикаи ҷисмҳои сахт, полимерҳо, илми нуҷум, технология (касбу ҳунар), техникаи ҳисоббарор ва воситаҳои техники аудиовизуалии таълим фаолият бурда истодааст. Дар байни онҳо олимони намоёни вилоят ва ҷумҳурӣ ба монанди, доктори илмҳои техникӣ, профессор Султонов У.С, доктори илмҳои физика ва математика , профессор Абдуманнонов А., доктори илмҳои педагогӣ Файзиев И.Д, доктори илмҳои физика ва математика Тошхӯҷаев Ҳ, профессор Муртазоев Ҳ., номзадҳои илм дотсентон Саидов Ҳ.Р., Латипов Ҷ. Л., Шерматов М., Дадобоев F., Ёқубов С., Усмонов F. Ҳ., Назаров Р., Шамсиддинов М., Обидҷонов F., Маҳмудов М., Азизов А., Исоқов Э., Шамсидинов Ш., Нуриддинова М., Ҷӯраева Х., Раҳимов С., Дадобоева М. ва дигарон фаъолият бурда, барои тайёр намудани муттахасисони дараҷаи олии соҳаи маориф ҳиссагузорӣ карда истодаанд. Тамоми устодони факултет дар соҳаҳои гуногуни илми физикаи муосир, радиофизика, ахтаршиносӣ, физикаи кристаллҳо, таърихи илмҳои дақиқ, технологияи компутерӣ ва ѓайра фаъолона тадқиқотҳо гузаронида истодаанд. Дотсентон Шерматов М., Маҳмудов М., Ёқубов С., Раҳимов С. ва дигарон дар ихтироъкорӣ ва навовариҳои соҳаҳои физика ва техника ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Олимони кафедра бо марказҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла бо олимони Пажӯҳишгоҳи физика-техникаи академияи илмҳои Руссия, Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои физикаи ҳастаи ш. Дубна, Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи Улуми Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон ва uайра шартномаи илмӣ-эҷодӣ баста, ҳамкориҳо идома дода истодаанд. Барои ба низом даровардани таълими илмҳои дақиқ ва техникӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ мавқеи хатмкунандагони факултети физикаю техника ниҳоят калон мебошад.
Факултети физикаю техника дар айни замон аз 4 кафедраҳои равияҳои физика ва техника иборат мебошад:
• Физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт – мудир, дотсент Валиев Р.
• Физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика – мудир, Умаров Н.
• Электроника ва техникаи ҳисоббарор - мудир, дотсент Ҷўраева Х.
• Таҷҳизотҳои электронӣ ва энергияи антернативӣ – мудир дотсент, Очилов А.
Дар факултет зиёда аз 50 нафар устодон фаъолият бурда истодаанд, ки аз онҳо 7 нафар докторони илм, 14 нафар номзадҳои илм ва боқимонда 18 сармуаллим ва 11 муаллимон мебошанд.
Ҳоло факултет аз рӯи 6 ихтисосҳои мухталиф мутахассисонро тайёр менамояд: Физика, Физика ва математика, Радиофизика ва электроника, мошинҳои хисоббарор системаҳо шабакаҳо ва низомҳо, электроникаи тиббӣ, дастгоҳҳои электронӣ.
Ҳамкориҳои илмии устодони факултет бо маркази илмиву таълимӣ ва муассисаҳои байналхалқӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Бо кӯшиши профессор Муртазоев Ҳ. робита бо маркази тадқиқотии Юлих (Германия) мустаҳкам гардонида шудааст, ки дар соҳаи радиоэкология ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Инчунин профессори кафедраи ТҲ ва ВТАТ Тошхӯҷаев Ҳ. бо донишгоҳи технологии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодони кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт бо ФТИ ба номи Иоффе АИ Руссия ОИЯИ (ш.Дубна) ҳамкории илмӣ дорад.
Дар факултет шӯъбаи рӯзона ва ғоибона амал мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 700 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло