1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети филологияи тоҷик





Cуроға: 
кӯчаи Ленин 52
Телефон:  8(3422) 60043


Оиди факултет

Факултети филологияи тоҷик аз куҳантарин ва калонтарин сохторҳои таълимии Донишгоҳ буда, он соли хониши 1933-34 ба сифати шӯъбаи адабию лингвистӣ таъсис ёфта буд ва ду нафар муаллими ин шӯъба ба 16 нафар донишҷӯи соли аввал таълим медоданд. Вале ба далели набудани мутахассисон ва теъдоди нокифояи донишҷӯён факултет дер амал накарда, нақшаи қабули донишҷӯёни он ба собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОД ба номи устод С.Айнӣ) дода шуд. Аммо бо тақозои таъмини эҳтиёҷи зиёди қисмати шимоли Тоҷикистон ба мутахассисон соли таҳсили 1937-38 аз нав факултети таъриху филология таъсис ёфт, ки он аз ду шӯъба - забону адабиёти тоҷик ва таърих иборат буд. Баъдтар шӯъбаҳои забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти рус ва ҳамчунин шӯъбаи ғоибона ташкил гардиданд.
Солҳои 50-ум ба ҳайати факултет шӯъбаҳои забонҳои хориҷӣ ва педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ низ шомил гардиданд. Давоми ин солҳо нерӯи илмию таълимӣ ва пояи моддию техникии факултет пайваста такмил ёфта, теъдоди донишҷӯ хеле афзуд, ки ин ба ташкили факултетҳои нав замина гузошт. Ин буд, ки соли 1956 шӯъбаи забонҳои хориҷӣ, соли 1960 шӯъбаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, соли 1964 шӯъбаи забон ва адабиёти рус ба факултетҳои мустақил табдил ёфтанд. Дертар шӯъбаҳои таърих (1987) ва забон ва адабиёти ӯзбек (1991) низ ба сифати факултетҳои алоҳида арзи вуҷуд намуданд. Муаллимони аввалини факултет Ф. Абдуллозода (нахустин мудири қисми таълими донишкада), А. Мирпоччоев, М. Мансуров, А. Оқилов, М.М. Явич, А. Нестеренко, М. Назиров, Ҷ. Хоҷаев, Б. Олимҷонов, А. Турсунов, А. Ғаффоров ва дигарон дар ташаккул ва инкишофи иқтидори зеҳнию маърифатии таълимгоҳи хеш саҳми арзанда гузоштаанд.
Солҳои минбаъда ҳайъати олимони факултет аз ҳисоби нахустин номзадҳои илм О. Орифӣ, Қ. Тоҳирова, М. Турсунов ва А. Сайфуллоев мукаммал гардид. Бо омадани ин донишмандон ва як зумра омӯзгори ҷавони болаёқат, аз қабили А. Сатторов, Ю. Салимов, А. Усмонов, Ӯ. Аҳмадова, А. Ваҳҳобов, Р. Тошматов ва Б. Махсумова нерӯи илмию таълимии факултет ва кафедраҳои забону адабиёти тоҷик пурқувват шуда, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи филология ба дараҷот беҳтар гардид. Маҳз ҳамин солҳо нахустин асарҳои илмию тадқиқотии суханшиносони маъруф интишор ёфтаанд. Солҳои 60-70-ум ба ҳайати омӯзгорони факултет як гурӯҳ ҷавонони болаёқат ва ҷӯяндаи дигар, аз қабили Ф. Зикриёев, А. Давронов, А. Зоҳидов, С. Ҳоҷиев, А. Абдуқодиров, А. Набиев, М. Файзуллоева, А. Насриддинов, Н. Ҳикматуллоев, А. Ҷалолов ва дигарон шомил гардиданд. Ин даҳсолаҳо низ барои факултет солҳои пурбаракат дар ҷодаи илм ва таълиму тарбия буданд, зеро маҳз дар ҳамин давра рисолаҳои арзишманд ва дастурҳои судманди таълимии устодон Қ. Тоҳирова, Ю. Салимов, А. Усмонов, А. Ваҳҳобов, С. Асадуллоев, Т. Мақсудов, А. Сатторов, Ӯ. Аҳмадова, Р. Тошматов, Ф. Зикриёев ва ғайра ба табъ расидаанд. Аввалин мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик шодравон Файзулло Абдуллозода буд, ки с.1932 баъди хатми Донишкадаи олии омӯзгории Тошканд ба зодгоҳи худ баргашта, дар бунёди ДДОЛ ба номи С.М. Киров саҳми сазовор гузошт.
Дар пешрафти фаъолияти илмию таълимии факултет ва тайёр кардани ҳазорҳо мутахассиси соҳа пеш аз ҳама сарварони факултет саҳм гирифтаанд. Аз соли 1937 ба ин боргоҳи илму маърифат олимону омӯзгорони шинохта Б.И. Виноградов, С.Н. Фадеев, Н.Ф. Просенко, И.С. Фрейдкина, Д. Ҳамроев, Н.Н. Ростовсева, Ғ.Ҳ. Ҳайдаров, А. Қодиров, А.А. Нелипа, М. Искандаров, Ш.М. Охунов, Ҳ. Мамадов, А. Абдуқодиров, А. Насриддинов, С. Ҳоҷиев ва Ф. Зикриёев, Н. Файзуллоев, М. Хоҷаева, Ш. Тоҷибоев сарварӣ кардаанд. Аз моҳи ноябри соли 2013-ум ин вазифаро дастпарвари ҳамин факултет дотсент Мусо Олимчонов бар ӯҳда дорад. Дар тӯли ду даҳсолаи охири асри ХХ ва даҳсолаи аввали садаи ХХI факултет дар ҷодаи илму маърифат ба дастовардҳои матлуб нойил гардид. Дар ин солҳо нӯҳ нафар дастпарвар ва устоди Донишгоҳ: А. Сайфуллоев (1980), С. Асадуллоев (1986), Ф. Зикриёев (1987), А. Насриддинов (1990), М. Хоҷаева (1995), Н. Салимов (2002), А. Ҳасанов (2004), Н. Файзуллоев (2006) ва Р. Бобоҷонова (2006) Т. Ваҳҳобов (2006), З. ӯлмасова (2014) рисолаи докторӣ ва наздик чил нафар муаллим рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, эътибору нуфузи таълимгоҳи хешро баланд карданд.
Дарозои сӣ соли охир бо саъю эҳтимоми донишмандони факултет қариб сад рисолаи илмӣ ва маҷмӯаи илмӣ интишор ёфт, ки ба масоили умдаи илмҳои адабиётшиносиву забоншиносӣ ва усули таълим ихтисос ёфтаанд.
Нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта марҳилаи нави рушди факултет ба шумор меояд. Маҳз дар ҳамин солҳо дар ҳайати факултет ду шӯъбаи нав - рӯзноманигорӣ (1997) ва шарқшиносӣ (1999) таъсис ёфта, вобаста ба ин ихтисосҳо кафедраҳои нав ташкил гардиданд. Моҳи декабри соли 2001 шӯъбаи шарқшиносӣ ба факултети мустақил табдил ёфт.
Солҳои охир ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик барои мактабҳои ӯзбекзабон» эҳтиёҷ ба миён омад, зеро баъд аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар зарурати омӯхтан ва таълими забони давлатӣ дар макотиби забони таҳсилашон ғайритоҷикӣ, аз ҷумла ӯзбекӣ ба тарбияи кадрҳои омӯзгории ба иҷрои ин вазифаи муҳим аз ҳар ҷиҳат омода ниёзмандӣ эҳсос гардид. Аз ин рӯ, аз соли таҳсили 2002-2003 сар карда, факултет толибилмонро тибқи ихтисоси мазкур низ қабул менамояд.
Дастовардҳои илмиву таълимии олимони факултет берун аз қаламрави вилоят низ эътироф ва қадршиносӣ шудааст. Соли 2001 устоди варзидаи Донишгоҳ, профессор Ф. Зикриёев чун яке аз муаллифони асари сеҷилдаи бунёдӣ ва дастҷамъонаи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 2006 доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Насриддинов барои фаъолияти пурсамар дар риштаи таълим ва тайёр кардани мутахассисон ба дарёфти Ҷоизаи навтаъсиси Президенти кишвар дар соҳаи маориф, дар соли 2009 Ҷоизаи адабии устод С.Айнӣ, соли 2011 Ҷоизаи байналхалқии Чеҳраи мондагори забон ва адаби форсии Анҷумани байналмилалии устодони забон ва адаби форсиро дарёфт кардаанд. Олимони факултет, профессорон А. Насриддинов, М. Хоҷаева, А. Ҳасанов ва Н. Файзуллоев барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Fафуров ва Камоли Хуҷандӣ мебошанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет аз рӯи масъалаҳои муҳимтарини илмҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ тадқиқот мебаранд ва дар ин ҷода бо донишмандону мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ, хоса бо устодони факултетҳои филологияи ДМТ, ДДОД ба номи С. Айнӣ, Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии ба номи Рӯдакии АУ ҶТ ҳамкорӣ мекунанд.
Аз байни хатмкардагони факултет теъдоди зиёди олимон, шоирону нависандагон, кормандони соҳаи фарҳанг ва ходимони давлатӣ ба воя расидаанд, ки дар ривоҷу равнақи илму маориф, адабиёту санъат, ҳамчунин соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳиссаи сазовор доранд. Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, адибони маъруф А. Шукӯҳӣ, М. Фарҳат, Ҳ. Содиқ, А. Баҳорӣ, Б. Фаррух, Б. Фирӯз, А. Воситзода, Д. Раҷабӣ, О. Аминзода, А. Раҳматзод, Доро Наҷот, М. Пӯлод, Қ. Алӣ, Н. Шариф, Норӣ, Шаҳноза, Адиба, Гулноз ва дигарон асосҳои маърифати адабиро маҳз дар факултет гирифтаанд. Як зумра олимони маъруф, ки дар марказҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият доштанд ва доранд, амсоли Р. Ғаффоров, С. Воҳидов, Ю. Акбарзода, А. Набавӣ, Валӣ Самад, С. Сиддиқов, У. Султонов ва дигарон дастпарварони ин факултетанд.
Феълан дар ду шӯъбаи факултет панҷ кафедра: адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, забони тоҷикӣ, журналистика ва назарияи тарҷума, усули таълими забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мебаранд, ки дар ҳайати хеш 7 нафар доктору профессор, беш аз 30 нафар номзади илм ва зиёда аз 20 нафар омӯзгор доранд. Дар назди ин кафедраҳо семинарҳои илмию назариявии устодон ва маҳфилҳои илмию адабии «Ҳусни баён», «Асрори сухан», «Баҳористон», «Адабиётшиносӣ» ва «Минбари рӯзноманигор» мунтазам амал мекунанд. Маҳфили илмию адабии «Ганҷи сухан», ки сарварии онро устоди фақид, профессор А. Насриддинов ба зимма дошт, имрӯзҳо низ доираи фаъолияти худро густариш дода, ҷаласаҳои сайёри он дар марказҳои фарҳангии шаҳру навоҳии вилоят низ сурат мегиранд.
Факултети филологияи тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ бештар аз 10 000 нафар мутахассиси олитахассусро тайёр кардааст. Феълан дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи он бештар аз 1100 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло