1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети филология





Cуроға: 
кӯчаи Шарқ 33
Телефон:  8(3422) 67685


Оиди факултет

Роҳе, ки факултети филологияи рус тай намудааст, қисмате аз таърихи соҳаи маорифи вилоят аст. Аввалин маротиба шӯъбаи забон ва адабиёти рус бо мақсади таъмин намудани мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ бо мутахассисони фанҳои забон ва адабиёти рус соли таҳсили 1937-1938 дар ҳайъати факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод созмон дода шуд. Солҳои 1939-40 ҳамин гуна шӯъба дар институти омӯзгорӣ (муаллимтайёркунӣ), ки яке аз ҷузҳои ИДПЛ ба ҳисоб мерафт, таъсис ёфт. Дар ташкил ва амалӣ шудани ин иқдом саҳми устодони рус М. И. Стаменова, В. С. Верпаховская, К. А. Гаинсев, О. А. Смирнова, Н. С. Иванов ва олимону ташаббускорони дигар назаррас буд.
Дар солҳои ҷанг сафи устодони шӯъба аз ҳисоби мутахассисони суханшиносе, ки аз майдони муҳориба ба ақибгоҳ баргаштанд, зиёд гардид (А. А. Волков, Е. Ж. Бражников, И. С. Фрейдкина, Е. М. Вал). Солҳои охири ҷанг ва пас аз он аввалин хатмкунандагони шӯъба Л. В. Виноградская, А. А. Нелипа, Н. Н. Ростовсева, Б. М. Русакова омӯзгорони шӯъба гаштанд.
Охири солҳои 50-уми асри ХХ дар бахши забон ва адабиёти рус танҳо барои мактабҳои таълимашон русӣ мутахассис тайёр карда мешуд, вале дертар эҳтиёҷ ба тайёр намудани мутахассисони забон ва адабиёти рус барои мактабҳои миллӣ ба миён омад, ки он яке аз асосҳои созмон ёфтани гурӯҳҳои дигар шуд. Дар соли хониши 1962-1963 нахустин гурӯҳи тоҷикӣ таъсис ёфт, ки барои мактабҳои миллӣ муаллимони забон ва адабиёти рус тайёр менамуд. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Институти педагогии Ленинобод сурат гирифт, ки хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ ва минбаъд ӯзбекӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус мешуданд.
Моҳи сентябри соли 1964 шӯъбаи забон ва адабиёти рус аз ҳайъати факултети таъриху филология баромада, ба бахши мустақил табдил ёфт, ки дар он баробари гурӯҳҳои русӣ, гурӯҳҳои тоҷикиву ӯзбекӣ низ амал менамуданд. Дар ин кор саҳми устодон М. И. Стаменова, Н. Н. Ростовсева, А. А. Нелипа, Б. А. Ҳоҷибоева, Т.А. Милованова, В.И. Калмикова, Б.М. Русакова, А.П. Войченко, М.М. Абдувалиева, З.И. Мелихова, А.З. Дун, С.З.Карасик, М.И. Шарапова, Е.С.Белякина, В.И. Чертиковсева, Г.П.Коновалова ва дигарон бузург аст.
Аз соли таҳсили 1990-1991 тибқи барномаи нави таълим донишҷӯён соҳиби ду ихтисос гаштанд: муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ ва муаллими забони тоҷикӣ дар мактабҳои русӣ.
Аз соли таҳсили 1991-1992 аз сабаби табдили ИДПЛ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба барномаи таълим ихтисосҳои забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои ӯзбекӣ дохил шуданд.
Вазифаи сарварии факултетро дар солҳои гуногун дотсент А.А.Нелипа (1964-1968, 1978-1985) дотсент М. М. Абдувалиева (1971-1975), А. П. Войченко (1975-1978), дотсент Долин Ю. Т. (1985-1991), профессор С. Э. Неъматов (1991-1992), профессор Р. О. Самадова (1992-1993), дотсент А. А. Азизов (1994-2007),дотсент Ф.М. Ҳамроқулов (2007-2012) дар ӯҳда доштанд.
Дар айни замон сарварии факултетро аз соли 2012 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент М.Ф. Камолова ба ӯҳда дорад. Моҳи сентябри соли 2012 тибқи низомномаи факултетҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети филологияи ӯзбек ба факултети филологияи рус муттаҳид карда шуд ва минбаъд факултети филология номгузорӣ карда шуд.
Алҳол дар факултет 52 нафар устодон ба донишҷӯён сабақ меомӯзанд. Дар 21 гурӯҳи таълимӣ қариб 500 нафар толибилмон, аз ҷумла 30 нафар духтарони бо квотаи президентӣ дохилшуда, таҳсил мекунанд. Факултет аз рӯи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус дар мактабҳои русӣ, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ муаллимони баландихтисос тайёр менамояд. Кафедраҳои факултет бо кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ таъмин буда, ҳамчун маркази такмили услуби таълими забон ва адабиёти рус дар макотиби таълимоти ҳамагонии ҷумҳурӣ эътироф шудааст.
Устодони факултет бо донишмандони ҳамкасби худ аз давлатҳои ИМА, Олмон, Исроил, Русия, Украина, Белорусия робитаҳои илмию эҷодӣ доранд. Чанде аз хатмкунандагон ва собиқ омӯзгорони факулта имрӯз ходимони намоёни соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг буда, на танҳо дар муассисаҳои илмиву таълимии Ҷумҳурӣ, балки дар мамолики хориҷии дуру наздик низ фаъолияти пурсамар мебаранд, чунончи, Рашидов А. Р. – собиқ муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷаева М. Ю. – доктори илмҳои филологӣ, профессор, муовини ректори ДДХ, Глебов П. Г. – шоир, Ҷабборова М. – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, М.М. Калонова – номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Ю.Т. Долин – собиқ дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Оренбург, В.И.Казарина – профессори Донишкадаи омӯзгории шарқшиносии Елетски Федератсияи Русия, Н.В.Солоник – ноибректори корҳои илмии Донишгоҳи омӯзгории Соликамск, Т.П.Дудина – дотсенти Донишгоҳи омӯзгории Елетск, А.М.Пронин – дотсенти Донишгоҳи омӯзгории шарқшиносии Камишинск, А.П. Гейзер – дотсент, корманди ҷамъияти «Олмону Тоҷикистон», Г.В.Матешина – дотсенти Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Брянск, Р.Г.Топилова – дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тюмен, Югай Л.И. – номзади илмҳои педагогӣ, корманди илмии Академияи ҳарбӣ-баҳрии Новокузнетск, Л.И. Черкашева – дотсенти Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Маскав ва дигарон.
Робитаи илмии факултет бо ин олимон яке аз омилҳои муҳими густариши алоқаҳо бо марказҳои бонуфузи илмӣ, дӯстии байни миллатҳо ва такмили раванди таълими забони русӣ мебошад.
Таи солҳои 90-ум дар назди курсҳои тайёрии факултет барои шаҳрвандони мамолики хоричии дур бахшҳо созмон дода шуда, дар он толибилмон аз Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон ва Покистон таҳсил мекарданд.
Барномаҳои таълимии фаннӣ бо барномаҳои умумидонишгоҳӣ ҳамоҳанг карда шудаанд. Кафедраҳои факултет бо мақсади рушду навоварии усули таълим пайваста бо донишгоҳҳои дигари мамолики Русия ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагони ҳамкорӣ доранд.
Аҳли факултет, олимон, омӯзгорон ва донишҷӯён пайваста дар рушди илми забон ва адабиёти рус, талқини он, пайванди фарҳангии халқҳои русу тоҷик, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, ки мувофиқи талаботи замону ҷомеаи навин аст, ҷидду ҷаҳд доранд. Дар ин замина ҳимояи рисолаҳои докториву номзадӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, дастуру маводи таълим басо хуб ба роҳ монда шудаанд.
Таъсиси аспирантура, ки дар он аз рӯи ихтисосҳои услуби таълими забони русӣ ва грамматикаи муқоисавӣ ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби хатмкунандагони факултет шурӯъ шуд, боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои илмии кафедраҳои факултет гардид.
Соли 1999 дар Шӯрои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Самадова Р.О. дар мавзӯи «Муаммоҳои сохтори лингвистии ибораҳои номии пешояндӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд ва соҳиби унвони доктори илмҳои филологӣ гардид. Ҳамчунин Ҳамроқулов Ф. М. дар мавзӯи «Алоқаи вобастагӣ дар забонҳои русию ӯзбекӣ» (2001), Иброҳимова Г.Х. дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ-семантикии урбанонимҳо бо методи муқоисавӣ» (2007), Ёрова С.Н. дар мавзӯи «Хусусиятҳои функсионалӣ ва семантикии ибораҳои «предмету сифат» дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ», Шаропова Р.А. дар мавзӯи «Раванди дериваӣия ва истилоҳотофарӣ дар забони русӣ» (2008) рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гаштанд. Алҳол Иброҳимова Г.Х. мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ, Ёрова С.Н. мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷа, Шаропова Р.А. мудири кафедраи ИНШХ мебошанд.
Умуман, дар 5 соли охир устодони факултет дар Шӯроҳои илмии Ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд: Раҳматова С. А. (2004), Мусурманова Г.С. (2004), Негматҷонова М.У. (2007), Ёрова С.Н. (2007), Ибрагимова Г.Х. (2007), Шаропова Р.А. (2008), Файзиева С.О. (2009), Атамова С.М. (2010), Камолова М.Ф.(2011), Мавлонбердиева О.Э. (2011), Искандарова М.Н. (2011).
Ҳоло як зумра омӯзгорони ҷавону болаёқати факултет: Дӯсматова Ш.В. – сармуаллимаи кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ; Эшматова И.С. – сармуаллимаи кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ; Мирзохонова М.М. – сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ва Сатторова М.Ф. – сармуаллимаи кафедраи забонҳои Институти кӯҳӣ-металлургӣ таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Самадова Р.А оид ба грамматикаи муқоисавии забонҳои тоҷикию русӣ ҷустуҷӯҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, баъзеи онҳо дар арафаи дифоъ қарор доранд. Дар факултет гузаронидани конфронсҳои илмӣ, методӣ ва семинарҳои назариявию илмӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз рӯи маводи гузориши онҳо ҳар сол зиёда аз 40 мақола ва дастурҳои методӣ ба табъ мерасанд.
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло