1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети геоэкология





Cуроға: 
кӯчаи Гагарин 147
Телефон:  8(3422) 60486


Оиди факултет

Бо ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ, таҳти №3 аз 26.11.2010 ва фармони ректори донишгоҳ таҳти №146 аз 17.12.2010 факултети геоэкология таъсис дода шуд.
Дар факултет 4 кафедра: географияи табиӣ, географияи иқтисодӣ ва демография, экология ва ҳифзи табиат, геоэкология ва методикаи таълим амал мекунад. Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин: «география», «география ва ҳифзи табиат», «география-демография», «география-сайёҳи ва менечменти саёҳат», «географияи туризм ва менеҷмент», «агроэкология», « метереология ва климеатология , «геоэкология» мутахассисонро тайёр мекунад. Аз рӯи ин ихтисосҳо дар шӯъбаи рӯзона 486 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона 387 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.
Барои тайёр намудани мутахассисон 1 доктори илм ва 1 номзади илми мутахассиси соҳаи геоэкология, 2 номзади илми соҳаи геология, 4 номзади илми соҳаи география, 1 номзади соҳаи химия, 4 номзади илми соҳаи хоҷагии қишлоқ, 2 номзади илми соҳаи биология, 2 номзади илми соҳаи педагогика кор мекунанд. Дар факултет магистратура аз рӯи самтҳои зер: географияи табиию иқтисодӣ, демография, экология, геоэкология ва ҳифзи табиат амал мекунад. Факултет аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар мавзӯи «Идоракунии сарватҳои табиӣ ва истифодабарии он дар раванди таълими мактабҳои олӣ» кор мекунад, ки ба он зиёда аз 12 мутахассисони гуногунсоҳа шомиланд. Факултет дорои лабораторияи «Омӯзиши офатҳои табиӣ ва техногенӣ» аст, ки ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил мекунад. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимии саҳроӣ дар массиви Палос базаи доимоамалкунанда дорад.

Факултет бо Университети давлатии шаҳри Москва ба номи М. В. Ломоносов, Институти геологияи АИ Федератсияи Русия, Институти илмӣ-тадқиқотии «КАДАСТР»-и АИ Федератсияи Русия, Университети «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Москва, Университетҳои Оренбург ва Перми Русия, Университети давлатии шаҳри Тошкент ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории илмӣ дорад.
Кафедраи географияи табиӣ. Кафедраи географияи табиӣ соли 1965 ташкил ёфтааст. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «география», «география ва ҳифзи табиат», «география-демография», «география-биология», «географияи туризм ва менеҷмент», «экология», «экологияи умумӣ» мутахассис тайёр мекунад. Дар кафедра 1 доктори илм, 2 номзади илми соҳаи геология, 1 номзади илми соҳаи география, 1 номзади илми соҳаи педагогика фаъолият доранд. Кафедра тибқи нақшаи дурнамо дар мавзӯи «Канданиҳои фоиданок, конҳои техногении Шимоли Тоҷикистон ва аҳамияти иқтисодии онҳо» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебарад. Дар назди кафедра осорхонаи «Сарватҳои табиии Тоҷикистон» амал мекунад.

Кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография. Кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ соли 1992 таъсис ёфтааст. Баъди ташкил шудани факултети география-экология кафедра бо номи географияи иқтисодӣ ва демография фаъолият мебарад. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои мухталиф мутахассис тайёр менамояд. Дар кафедра 1 номзади илми соҳаи география, 1 номзади илми соҳаи геология, 1 дотсенти соҳаи географияи иқтисодӣ фаъолият мебарад. Кафедра аз рӯи барномаи «Омӯзиш ва баҳодиҳӣ ба проблемаҳои иқтисодӣ-географӣ ва усулҳои таълими география дар мактабҳои вилояти Суғд» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебарад.

Кафедраи экология ва ҳифзи табиат. Кафедраи экология ва методикаи таълими табиатшиносӣ соли 2000 таъсис ёфтааст. Баъди ташкил шудани факултети география-экология кафедра бо номи экология ва ҳифзи табиат фаъолият мебарад. Дар кафедра 2 номзади илми соҳаи биология, 2 номзади илми соҳаи хоҷагии қишлоқ, 1 номзади илми соҳаи химия, 1 номзади илми география фаъолият мебаранд. Кафедра мутахассисони ихтисоси экологияро барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тайёр менамояд.

Кафедраи геоэкология ва методикаи таълим. Кафедраи геоэкология ва методикаи таълим соли 2011 таъсис ёфтааст. Дар он 1 номзади илми соҳаи хоҷагии қишлоқ, 1 номзади илми соҳаи биология, 1 номзади илми соҳаи педагогика фаъолият мебаранд. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «география», «география ва ҳифзи табиат», «география-демография», «география-биология», «географияи туризм ва менеҷмент», «экология», «экологияи умумӣ», «геоэкология» мутахассис тайёр мекунад. Кафедра мактабҳои базавӣ дорад, ки дар он таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ гузаронида мешаванд.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло