1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети химия ва биология





Cуроға: 
кӯчаи Гагарин 147
Телефон:  (83422))61677


Оиди факултет

 Яке аз аввалин факултетҳои  Донишгоҳ ҳисоб мешавад. Соли таҳсили 1932–33-ро Донишгоҳ бо ду шӯъба – техникӣ-физикӣ (14 нафар донишҷӯ) ва агробиологӣ (14 нафар донишҷӯ) оғоз мекунад. Моҳи январи соли 1933 кафедраи химияю биология таъсис меёбад ва нахуст мудири он химик, и.в. профессор Авксентий Афанасйевич Диброва таъин мешавад; минбаъд ин вазифаро аз моҳи сентябри соли 1933 то моҳи октябри соли 1934 ботаник, и.в. профессор Богдан Михайлович Комаров дар  ӯҳда дошт. Моҳи сентябри соли 1934 кафедра ба ду кафедраи мустақил – кафедраи химия (мудираш А.А. Диброва ) ва биология (мудираш Б.М. Комаров ) қисмат шудааст. Минбаъд шӯъба номи факултети табиатшиносию  химияро мегирад.
    Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ кафедраҳои факултет ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аҳамияти калон медиҳанд. Ба шарофати ҷидду ҷаҳди олимону устодон ва дастгирии  раёсати донишгоҳ кафедраҳои навтаъсиси факултет соҳиби васоити таълимӣ ва пайваста заминаи илмии худро устувор ва ғанӣ мегардонд. Ҳанӯз дар дусоли аввали таъсисёбии Донишгоҳ лабораторияҳои кафедраи химия  соҳиби 1318, кабинетҳои ботаника – 358,  зоология – 679  ва геология – 500 номгӯй лавозимоти таълимӣ ба маблағи 88771 сӯму 66 тини ҳамон вақта гардид.
    Соли 1936 Донишгоҳ   аввалин 15 муаллимони мактаби миёнаро тайёр кард, ки аз онҳо 9 нафарашон табиатшиносон буданд.
    Бо амри зарурат, соли1936 факултети химия таъсис ёфт ва он то соли 1943 арзи вуҷуд дошт. Он солҳои   1938, 1940, 1941 ва 1942  36 нафар нахуст хатмкунандагонро тайёр намудааст, ки аз онҳо 30 нафарашон намояндагони миллати маҳаллӣ буданд.
    Соли 1938 дар Донишкада вазифаи деканӣ муҷаррар карда мешавад. То он ин вазифаро Директори донишкада иҷро мекард.
    То соли 1945 вазифаи декани факултетро А.А. Диброва иҷро кард.
    Солҳои 1944-56 факултет бо факултети физикаю  математика якҷоя шуда буд  ва бо номи факултети табиатшиносӣ ва физикаю математика арзи вуҷуд дошт ва сарварии онро солҳои 1945-46 ботаник А.А. Атаев, солҳои 1946-47  биолог Қ. Назаров ва солҳои 1948-56  физик Т.Ҳ. Ҳомидов ба зима доштанд.  Солҳои 1956-57 факултети табиатшиносиро В.Ш. Шамсиев сарварӣ кард.
    Соли таҳсили 1957-58 дар факултет шӯъбаи география кушода мешавад ва аз ҳамон вақт саркарда, факултети табиатшиносию география унвон мегирад. Солҳои минбаъда ин боргоҳи илму маърифатро Р. Каримов (1958-62), Р.А. Носирова  (1962-68), О. Дадобоева (1968-69), А.С. Саидов (1969-73), Ҳ.Қ. Қосимов (1973-74), И.Т. Тӯрақулов (1974-79), Ҳ.Ғ. Очилов (1979-85), Б. Ҳомидов (1986-87), Б.М. Ҳайдаров (1988-93) сарварӣ намудаанд.
    Соли 59-уми садаи ХХ дар харитаи географии ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) дар  мавзеи Сомғор  минтақаи таҷрибавӣ-истеҳсолӣ (сонитар, стансияи агробиологӣ)-и ДДОЛ бо ташаббус ва заҳмати декани факултет Р. Каримов ва устодон  Қ. Назаров, Р. Норматов, декани факултети физикаю  математика А.М. Қурбонов ва дастгирии ҳамаҷониба ва ширкати  бевоситаи директори донишкада  П.Х. Ҳамроқулов  (1959–1965) пайдо шуд.  Бо қарори № 138-и  Комиҷроияи Шӯрои Намояндаҳои Халқи  вилояти Ленинобод аз 15.05.1959  барои ин минтақа 10 га аз заминҳои бикри мавзеъ, сипас 9,62 га бо қарори № 12 Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Хуҷанд аз 23.01. 1961 ва   аз ҳисоби фонди давлатии замин 3,85 га замин ҷудо карда шуд, ки ҷамъулҷамъ масоҳати он 23,47 гектарро ташкил дод. Сонитар мутобиқиҚарориҲукумати ҶТ аз 26.04.1997, таҳти рақами 172 масоҳати Минтақаи таълимӣ, илмӣ-таҷрибавии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров 25,96 га ҳисобида мешавад. Дар минтақа донишҷӯён дониш, маҳорат ва таҷрибаи амалии хешро аз фанҳои ботаника, зоология ва асосҳои кишоварзӣ такмил медиҳанд ва дониши назариявии худро дар амалия санҷида, самараи ҷустуҷӯҳои илмии хешро ме-бинанд. Сараввал  вазифаи  мудири стансияи агробиологиро солҳои 1959-60 А.Ҷӯраев , солҳои 1960-62  Қ. Назаров, солҳои 1962-88  Р. Норматов, солҳои 1987-88 А. Абдуқаҳҳоров,  солҳои 1988-95 Т.Қурбонов, солҳои 1996-1997 А. Норматов , солҳои 1998-2004С. Муҳаммадҷонов, солҳои 2005-10 Ф. Алиев  бар ӯҳда доштанд ва дар бунёду ташаккули он хизматҳои шоёне кардаанд. Аз  моҳи январи соли 2011 то имрӯз вазифаи мудири минтақаро, номзади илмҳои биология И. Эргашбоев бар зимма дорад.
    Соли 1993 аз факултет, бино ба табдил додани Донишкадаи омӯзгорӣ ба Донишгоҳ (13.06.1991), факултети география ҷудо гардид ва факултет бо номи факултети табиатшиносӣ фаъолиятро давом дод. Моҳҳои сентябри соли 1992 ва феврали 1993 и.в. деканро Т.Қ.Ҳабилов бар дӯш дошт. Минбаъд вазифаи декани факултетро Н. Ҳакимхӯҷаев (1993-96) ба зимма мегирад.
    Моҳи апрели соли 1996 аз факултет, баъди  54 соли барҳам хӯрӣ, факултети химия ҷудо мешавад ва Н. Ҳакимхӯҷаев то моҳи ноябри ҳамон сол декани он таъин мешавад. Факултети география  ба факултети табиатшиносӣ ҳамроҳ мешавад ва номи факултети биология ва географияро мегирад. Сарварии он  ба И.Т. Тӯрақулов вогузор гардид. Моҳи ноябри соли 1996 се факултет (география, табиатшиносӣ ва химия) якҷояшуда, унвони факултети фанҳои табииро мегирад ва сарварии онро то моҳи декабри соли 2000 И.Т. Тӯрақулов бар ӯҳда дошт. Солҳои минбаъда олимон С.Б. Каримов (2000-08) ва М. Бобоҷонова (2008-10) ба факултет роҳбарӣ намуданд. Моҳи январи соли 2011 факултет ба ду – факултети географияю экология ва факултети биология ва химия қисмат мешавад. Аз моҳи январи соли 2011то январи 2013 сарварии онро бо номи имрӯзааш – факултети биология ва химия М. Бобоҷонова бар ӯҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2013 то имрӯз М.И. Сабуров бар ӯҳда дорад.
    Кафедраи химия, ки аз моҳи сентябри 1934 чун кафедраи мустақил  фаъолият дошт, тирамоҳи соли 1939 ба ду  - кафедраи химияи ғайриорганикӣ  (мудираш А.А. Диброва ) ва кафедраи химияи органикӣ (мудираш номзади илмҳои химия Л.Ш. Раҷабов) қисмат мешавад. Тирамоҳи соли 1940 бо номи кафедраи химия боз  якҷоя мешавад (мудираш то кӯчбанди ба Украина соли 1945 – А.А. Диброва,  солҳои 1946-48 – А.С. Сулаймонов ,солҳои 1948-52 – М.А. Ализода,  солҳои 1952-56  – А.С. Сулаймонов, солҳои 1956-63  –  М.А. Ализода,  солҳои  1964-73  – Ҳ.Қ Қосимов, солҳои 1974-75 – Р.К. Каримов,  солҳои 1975-80  –  М.  Муҳиддинов , солҳои 1980-1992 – Н. Хакимхӯҷаев, солҳои 1993-95 – Р. Охунов).  Бо тақозои замон, баъди 56 соли бар ҳам хӯрӣ, кафедраи  химия моҳи январи соли 1996 ба ду – кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он (мудирон: солҳои 1996 -99 – Р. Охунов, солҳои 1999-2004 – Н.  Ҳакимхӯҷаев, солҳои 2004-2012 - Р. Охунов, аз моҳи июни соли 2012 то имрӯз З.С. Аҳмадова ) ва кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ (мудирон: солҳои 1996-2008 –М.С. Муҳаммадҷонов,солҳои 2008-10  –  Р.А.  Ҷӯлиев, январи соли 2011 - феврали 2013 С.Н. Хакимхӯҷаев )қисмат мешавад.  Аз моҳи марти соли 2013 то имрӯз сарварии кафедраро Д.А. Артиқова бар дӯш дорад.
    Соли 1936 аз кафедраи биология  кафедраи ботаника ҷудо мешавад (мудираш Б.М.Комаров). Сарварии кафедраи биология ба дӯши профес-сор А.В.Бурсев гузошта мешавад.                    
    Таъсисгарони кафедраҳои химия, биология, ботаника  устодон А.А. Диброва ва   Б.М. Комаров  дар рушди илмҳои табиатшиносӣ дар Тоҷикистон хидматҳои шо-иста кардаанд. Он солҳо ба тарбияи кадри маҳаллӣ эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Соли 1934 дар рӯзномаи шаҳрӣ  дар ин хусус мақолаи Комаров Б.М. таҳти унвони «Ба тадқиқоти илмӣ ҷалб намудани  донишҷӯён» интишор ёфта буд, ки оид ба зарурати тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ  пешниҳоди ҷолиб дошт. Комаров Б.М. 27 сол, яъне то нафақа (1959)  сарварии кафедраи ботаникаро дар ӯҳда дошт. Сипас,  мудирон:  А.А. Атаев (1959-77, Г.А. Домишлинес ( солҳои 1977-78), О. Дадобоева (1978-82), М.Тоҷибоев (1982-97) ва М. Бобоҷонова (1997-99).  Дар соли 1999 кафедра номи кафедраи ботаника ва физиологияи рустаниҳоро мегирад. Аз соли 2009  вазифаи мудири кафедраро то имрӯз Р. Ҳакимова бар зимма дорад.
    Кафедра дорои гербарийи ба номи Б.М. Комаров мебошад, ки пойгоҳаш ҳоло соли таҳсили 1932-33 гузошта шуда буд. Имрӯз фонди он беш аз 75 ҳазор нусха рустаниҳоро гирд овардааст ва асосан аз маводи ҷамъовардаи олимон Б. Федченко, Б.М. Комаров, О. ДадобоеваваИ.Т. Тӯрақулов иборат мебошад.Гербарий ҳамчун пойгоҳи таълимӣ ва илмӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯёнва ходимони илмӣ ва омӯз-горон дар раванди дарсу тадқиқоти илмӣ васеъ истифода бурда мешавад.
    Кафедраи биология дар соли таҳсили 1937-38 ба ду  – кафедраи дарвинизм (мудир профессор А.В.  Бурсев) ва кафедраи зоология  (мудир  профессор М.Ф. Коновалова) қисмат мешавад. Солҳои ҶБВ кафедраҳои       сикли биологӣ бо унвони кафедраи табиатшиносӣ якҷоя карда мешавад (мудир Б.М. Комаров). Баъди ҷанг ин кафедра ба ду – кафедраи ботаника (мудир Б.М. Комаров ) ва кафедраи зоология қисмат мегардад (мудирон:  М.Ф. Коновалова, С.Ю.  Мадаминов, И.М. Уткина, В.М. Веретенникова, Ю. Д. Дониёров). Соли 1968 аз кафедраи зоология – кафедраи анатомия, физиология ва гигиенаи мактаб ҷудо мешавад (нахуст мудир, номзади  илмҳои тиб М.К. Маллахоҷаев, сонитар Ғ.К. Муҳаммадов, А.Б.  Муҳиддинов, Т.Қ. Хабилов)  ва соли 1996 боз бо кафедраи  зоология якчоя шуда,  номи кафедраи  зоология ва физиологияи одаму ҳайвонотро мегирад ( мудирон: М. Муҳаммадқулов, З.К.  Домуллоева ва аз соли 2011 то имрӯз С.Б. Каримов). 
    Кафедра дорои музеи ба номи Р.А. Мирхобаҳодуров мебошад, ки пойгоҳаш ҳанӯз соли таҳсили 1932-33 гузошта шуда буд. Имрӯз фонди он беш аз 5200 экспонат иборат аст. Дар ташкил ва тадриҷан ғанигардонии он нахуст мутахассисон-зоологҳо М.Ф. Коновалова ва С.Ю. Мадаминов сонитар Р.А. Мирзобаҳодуров ва Т. Аҳмадов хидмати басо арзанда кардаанд. Музей барои барои тарбияи экологӣ ва зебопарастии донишҷӯёни шаҳру вилоят ва берун аз манотиқи Тоҷикистон саҳм ва аҳамияти калон дорад.
    Охирҳои нимаи якуми соли 1969 дар факултети табиатшиносию география  кафедраи методикаи таълими табиатшиносӣ ва география таъсис меёбад ва  нахуст мудири он О. Дадобоева  таъин мешавад ( сипас, мудирон: Р.А. Мирзобаҳодуров, Ғ.К. Муҳаммадов). Соли 1992  он  кафедраи  методикаи таълими биология унвон мегирад, соли 1998  бошад – кафедраи  биологияи  умумӣ ва методикаи таълими он, сипас, кафедраи биологияи умумӣ  ва ҳифзи табиат номгузорӣ мешавад ( мудирон: И.Т. Тӯрақулов, Ғ.Ғаффоров,С.Б.  Каримов, Ё.Р. Ҳомидов). Моҳи январи соли 2011 кафедра бо номи биология  ва методикаи таълими он бунёд мешавад ( и.в. мудир Х.О. Хидиров  ва аз моҳи ноябри соли 2011 то имрӯз Ё.Р. Хомидов).
    Аз байни хатмкардагони факултет теъдоди зиёди олимон кормандони соҳаи фарҳанг ва ходимони давлатӣ ба воя расидаанд, ки дар ривоҷу равнақи илм, маориф, санъат, ҳамчунин соҳа мухталифи хоҷагии халқ ҳиссаи сазовор доштанд ва доранд. Шодравон академики АИҶТ, доктори илмҳои химия, профессор И.У. Нӯъмонов; шодравон академики АИ ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор Ю.С. Носиров;  шодравон узви вобастаи АИ ҶТ, номзади илмҳои биология М.Р. Расулова; узви вобастаи АИ ҶТ Абдуллоев; яке аз аввалин занҳои доктори илмҳои фалсафашуда, профессор М.Ғ. Ғаффорова; собиқ ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, шодравон А.С. Сулаймонов; ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ ва берун аз он: ҳунарманди шоистаи ҶТ  Ҷ. Ҳамдамов;  ҳунарманди мардумии ҶТ  Ҳ. Набиев; ҳунарманди мардумии ҶТ  ҶТ М. Насридинов; ҳунарманди шоистаи ҶТ К. Ҳоҷиева; муовини Раиси вилояти Суғд, номзади илмҳои таърих М. Бобоева; директори стансияи таҷрибавии хокшиносӣ-мелиоративии вилояти Суғдии Академияи кишоварзии ҶТ, номзади илмҳои биология М. Ҳомидова;  намояндаи «Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ» дар вилояти Суғд,  дорандаи ордени Дӯстӣ (2010), Аълочии фарҳанги ҶТ (1999), ҷанговари байналмилал, узви вобастаи АИ Байналхалқӣ оид ба экология (аз с. 1996), аъзои нависандагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ( аз с. 1996), муаллифи зиёда аз 20 китобу китобчаҳо, номзади илмҳои биология Муҳаммад Субҳон; котиби илмии Пажӯҳишгоҳи химияи  ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ, номзади илмҳои химия Раҳмонов А.; сардори  Маркази илмӣ-истеҳсолии «Технолог»-и корхонаи давлатии «Востокредмет», номзади илмҳои химия М. Ҳоҷиён; сардори сехи рангубории ҶДММ «Ҷавонӣ»-и Итолиёвию Тоҷикистонӣ  И.А. Абдуғаниев; сардори Лабораторияи истеҳсолӣ-техникии ООО «Зерновая компания», номзади илмҳои кишоварӣ Д.А. Собиров;  ва дигарон дастпарварони ин факултетанд, ки асосҳои маърифати хешро маҳз дар ин ҷо гирифтаанд.
    Феълан дар ду шуъбаи факултет панҷ кафедра: химияи умумӣ ва методикаи таълими он, кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ, кафедраи ботаника ва физиологияи рустаниҳо, кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот ва кафедраи биология ва методикаи таълими он фаъолият мебарад, ки дар ҳайати хеш 3 нафар докторону профессорон,  23 нафар номзадҳои илм, дотсентон ва 17 омӯзгор дорад. Дар назди кафедраҳо семинарҳо иилмию назариявии устодон «Илм ва ҳаёт», «Химия ва саноат», «Ботаник»   ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён «Кимиёгари ҷавон», «Кимиёгар», «Ботаник», «Зоофизиолог» ва «Методист»  мунтазам амал мекунад.
    Олимон ва устодони кафедраҳо дар асоси барномаҳои дурнамои тасдиқгардида, баробари пешбурди раванди тадрису тарбия, тадқиқоти илмиро баҳри равнақи илмҳои  биология, химия ва методикаи таълими илмҳои табиатшиносӣ низ ба роҳ  мондаанд ва дар тайёр кардани кадрҳои соҳибкасби илмиву омӯзгорӣ пайваста тамоми дониш, маҳорат ва малака  ба харҷ медиҳанд. Агар дар соли таъсисёбии Донишгоҳ дар факултет 14 нафар донишҷӯён оғози таҳсил намуда бошанд, имрӯз дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи он аз рӯи ихтисосҳои «Химия», «Биология-химия», «Биология» ва «Корҳои тиббии биологӣ»  зиёда аз 1300 нафар донишҷӯён машғули таълиму тадрисанд. Соли дуввум аст, ки дар факултет аз рӯи ихтисосҳои «Химия», «Биология» ва «Назария ва методикаи таълими химия» магистратура амал мекунад.
 
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло