1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети таърих ва ҳуқуқ





Cуроға: 

Телефон: 


Оиди факултет

Факултети таърих ва ҳуқуқ яке аз факултетҳои кўҳантарин, собиқадор ва бонуфузу овозадори донишгоҳ буда, қариб ҳамсоли он аст.
Факултет барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ омўзгорони баландихтисоси фанни таърих ва ҳуқуқро тайёр менамояд. Дастпарварони факултет метавонанд дар донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои илмӣ, бойгониҳо, осорхонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву муассисаҳои давлатӣ кору фаъолият баранд.
Факултет довталабонро дар шўъбаи рўзона ва ғоибона аз рўи ихтисосҳои зерин қабул менамояд ва чунин мутахассисонро тайёр менамояд:
Шўъбаи рўзона:

1. 1- 020101 – Таърих дараҷаи таҳсилот «бакалавр», мўҳлати таҳсил чор сол, ихтисос омўзгори фанни таърих, шакли таҳсил, буҷавӣ ва шартномавӣ, забони таҳсил тоҷикӣ мабалағи таҳсил 2541сомонӣ.
2. 1 – 020102 – Таърих ва ҳуқуқ дараҷаи таҳсилот «мутахассис», мўҳлати таҳсил панҷ сол, ихтисос омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқ шакли таҳсил, буҷавӣ ва шартномавӣ, забони таҳсил тоҷикӣ, русӣ, мабалағи таҳсил 2541сомонӣ.
3. 1 – 210301-02 – Таърихшинос – бостоншинос дараҷаи таҳсилот «мутахассис», мўҳлати таҳсил панҷ сол, омўзгори таърих ва бостоншинос, шакли таҳсил, буҷавӣ ва шартномавӣ, забони таҳсил тоҷикӣ мабалағи таҳсил 2640сомонӣ.

Шўъбаи ғоибона:
1-020101 – Таърих дараҷаи таҳсилот «бакалавр», мўҳлати таҳсил панҷ сол, ихтисос омўзгори фанни таърих, шакли таҳсил, буҷавӣ ва шартномавӣ, забони таҳсил тоҷикӣ мабалағи таҳсил 2033 сомонӣ.
1 – 020102 – Таърих ва ҳуқуқ дараҷаи таҳсилот «мутахассис», мўҳлати таҳсил панҷ сол, ихтисос омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқ, шакли таҳсил буҷавӣ ва шартномавӣ, забони таҳсил тоҷикӣ мабалағи таҳсил 2033 сомонӣ.
Факултет фаъолияти худро аз соли хониши 1933-1934 ҳамчун Шўъбаи таърих ва иқтисодиёт оғоз намуда ҳамон сол дар Шўъба 2 нафар омўзгорон, 2 нафар тарҷумон барои тарҷумаи лексияи устодон аз русӣ ба тоҷикӣ, 12 нафар донишҷўён таҳсил ва фаъолият доштанд. Шўъба соли хониши 1936-37 ба факултети таърих табдил дода шуд, аммо бо сабаби кам будани теъдоди омўзгорону донишҷўён ва нарасидани маблағ фаъолияти он соли 1938 қатъ гардида, донишҷўёнро барои таҳсил ба Донишкадаи давлатии омўзгории Сталинобод (Душанбе) гузарониданд.
Соли хониши 1940-41 Шўъбаи таърих дар ҳайати факултети таъриху филология фаъолияти худро аз нав оғоз намуд.
Моҳи марти соли 1987 Шўъбаи таърих ба факултети мустақил табдил ёфт. Соли хониши 1996-97 дар сохтори факултети таърих Шўъбаи ҳуқуқшиносӣ ва тиҷорати байналхалқӣ таъсис дода шуда, соли 1998 он ба факултети ҳуқуқшиносӣ табдил дода шуд. Факултети ҳуқуқшиносӣ дар соли таҳсили 2008-2009 бо факултети таърих муттаҳид гардида, номи факултети таърих ва ҳуқуқро гирифт.
Нахустин устодони факултет М.Е.Беркович, Е.А.Путирский, Б.М.Греннадер, М.Струмлинский, А.Е. Маҷдӣ, Н.П.Павлов, аввалин омўзгорони-тарҷумонҳои тоҷик М. Мирмуллоев, У. Каримов, М.Юнусов, Д.ҳамроев. ҳ.ҷарқинзода ва дигарон буданд, ки дар ташаккул ва рушду нумўи факултет ва таҳкими пояи таълимӣ - методӣ, тарбиявӣ ва илмии он саҳми шоиста гузоштаанд.
Солҳои 50-ум ба сафи устодони факултет омўзгорони пуртаҷрибаву соҳибистеъдод ва олимони варзида аз қабили ғ. ҳайдаров, Ш. Охунов, М. Искандаров, Ш. Султонов, Ш. Ахмедов, С. Абдуллоев, У. Исмоилов, Т. Юсуфов, Ш. Норматов, С. Отаев, К. Шaҳобиддинов ва солҳои 60-70-ум С. Марофиев, Н. Турсунов, Д. Деҳқонов, У. ҷаҳонов, У. ғаффоров, И.Эркабоев, М. Исоқӣ, А. Бобокалонов, ҷ. Гулбеков, X. ҳомидов, М. ҷўраев А. Юсуфов, С. Эркаев ва дигарон ворид гаштанд. Солҳои 80-90-ум ба сафи устодони факултет як зумра олимон, омўзгорони шинохта аз қабили Н. Акрамов, E. Пўлотов, А. Мирбобоев, Н. Раҳимов, М. Файзуллоев, А. қодиров, М. Иномов, Х. Акрамова, Б. Исмоилова, Т. Наврўзов, А. Холиқӣ, ки дар донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои илмии маркази ҷумҳурӣ кору фаъолият доштанд, шомил гаштанд.
Дар тўли фаъолият ва мавҷудияти худ факултетро ҳазорон мутахассисони баландихтисос хатм намуда, дар рушду нумўи маориф, илму фарҳанг ва пешрафти Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоштанд. Факултет бо дастпарварони шўҳратёри худ олимони номии тоҷик академик Н. Неъматов, докторони илмҳои таърих, профессорон U. ҳайдаров, А.ҷалилов, Ш.Султонов, Ў. Пўлотов, М.Искандаров, Ш. Ахмедов, Н.Турсунов, С.Абдуллоев, М.Иномов, О. Каримов, Ф.ҳомидов, И.Мамадалиев, ҷ.ҷўрабоев ва даҳҳо номзадҳои илм, дотсентон арбобони машҳури ҳизбию давлатӣ ва ҳарбӣ, дипломатҳо-А.қаҳҳоров, Р.ҳоҷиев, қ.ҳабилов, А. Шаропов, Я. Исломов, А. қаюмов ва ғайраҳо ифтихор дорад.
Агар дар соли оғози фаъолияти худ дар Шўъбаи таърих ҳамаги ду нафар устод, ду нафар тарҷумон ва 12 нафар донишҷўён фаъолият ва таҳсил менамуданд, ҳоло дар факултет беш аз 1000 нафар донишҷўён дар шўъбаи рўзона ва ғоибона таҳсил менамоянд ба онҳо беш аз 50 нафар устодону олимони варзида сабақ медиҳанд, ки дар байни онҳо 6 нафар докторони илми таърих, профессорон (Ш. Ахмедов, А. Мирбобоев, Н. Раҳимов, ҳ. Холҷўраев, В. Набиев, И.Мамадалиев, 5 нафар номзадҳои илм, профессорон Т. Почомуллоев С. Марофиев, У. ғаффоров, У. ҷаҳонов, А. Бобокалонов) беш аз 15 нафар номзадҳои илм, дотсентон мебошанд.
Факултети таърих ва ҳуқуқ дорои иқтидори баланди илмию зеҳнӣ, таълимӣ-методӣ ва тарбиявӣ мебошад.
Асару рисолаҳои бунёдӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва таълифоти сершумори олимони номдор - дастпарварон ва устодони факултет аз қабили Н. Неъматов, А. Xалилов, Ў. Пулотов, А. Мирбобоев, Н. Турсунов, Ш. Султонов, Н. Раҳимов, У. ғаффоров, У. ҷаҳонов, М. Файзуллоев, А. Бобокалонов, Ш. Шарипов, ҷ. Гулбеков ва дигарон дар байни муаррихон ва хонандагон маълуму машҳур аст.
Дар факултет ба тарбия ва тайёр намудани олимони соҳибунвон таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад. ҳоло шумораи зиёди аспирантон ва унвонҷўён таҳти роҳбарии олимони варзидаи факултет ба навиштани рисолаҳои номзадӣ машғуланд.
Устодони факултет дар баробари фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии шаҳру вилоят, ҷумҳурӣ, таблиuу ташвиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Сарвари давлат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дастури супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳру вилоят саҳми шоиста мегузорад.
Сохтори факултет аз Шўрои олимони факултет, Шўрои таълимӣ-методӣ, муовинони декан оид ба корҳоитаълим, илм, тарбия, шўъбаи ғоибона, эдвайзери факултет ва созмонҳои ҷамъиятӣ – комитети иттифоқи касаба, Созмони ҷавонон,
Шўрои бонувон, Шўрои собиқадорон иборат аст.
Дар сохтори факултет ҳоло 5 кафедраҳо амал намуда, тамоми корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, тарбиявӣ тавассути онҳо амалӣ мегардад.

Кафедраи таърихи Ватан
Кафедраи Таърихи Ватан яке аз кафедраҳои куҳантарин, собиқадор ва бузургтарин ба ҳисоб рафта, тўли мавҷудияти худ бо номҳои гуногун-кафедраи Таърих ва иқтисодиёт, Таърих, Таърихи ИҷШС (то соли 1992), Таърихи Ватан, Таърихи халқи тоҷик (2005-2011), Таърихи Ватан (аз 07.07.2011) амал мекунад ва кафедраҳои дигари факултет дар заминаи он таъсис ёфтаанд.
Кафедраи Таърихи Ватан яке аз марказҳои тайёр ва тарбия намудани олимони соҳибунвон дар соҳаи илми таърих ба ҳисоб рафта, ҳоло дар кафедра шумораи зиёди аспирантон ва унвонҷўён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.
Имрўзҳо дар кафедра 17 нафар устодону олимони пуртаҷриба ба кори таълим, тарбия ва илм машғуланд, ки аз байни онҳо 3 нафар докторони илмҳои таърих, профессорон (А.Мирбобоев, В.Набиев, ҳ.Холҷўраев), 1 нафар номзади илм, профессор (У.ғаффоров), 7 нафар номзадҳои илм, дотсентон (М.Файзуллоев, ҷ. Гулбеков, Ш. Шарипов, Н.Маҳмудова, О. Маҳмудов, М.Раҳматова, А.Усмонов), 4 нафар сармуаллимон (Н.Икромов, М.Бобоев, ҷ.Абдукаримов, Г.ғафурова), 2 нафар омўзгорон (М.Усмонов, , З.Абдуллоева) мебошанд.

Кафедраи таърихи умумӣ
Кафедраи таърихи умумӣ дар асоси фармони Вазорати маорифи ҷШС Тоҷикистон аз 10 июни соли 1977 таъсис ёфта буд.
Дар давраи мавҷудият ва фаъолияти кафедра ба он доктори илмҳои таърих, профессор Ш.Аҳмадов, дотсентон Д.Деҳқонов, А.Бобокалонов, Р.Юлдошев роҳбарӣ намуданд.
Аз 3 феврали соли 2015 сарварии кафедраро дотсент И. Мамадалиев дар ўҳда дорад.
ҳоло дар кафедра ду нафар доктори илмҳои таърих, профессор (Ш.Аҳмадов ва И.Мамадалиев), як нафар номзади илм, профессор (А.Бобокалонов), 3 нафар номзадҳои илм, дотсентон (Р.Юлдошев, Т.Наврўзов,А.Аюбов) як нафар сармуаллима (Н.Рофиева), 2 нафар ассисентон (М.Муродов, М.ҷўраева) кору фаъолият доранд.
Олимони кафедра барои таҳкими раванди таълиму тарбия, илм таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар таълифи асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастуру раҳнамо ва восоити ёрирасони таълим саҳми арзанда мегузоранд.

Кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷик
Кафедраи археология ва этнографияи халқи тоxик дар асоси фармони Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 июли соли 1999, таҳти рақами 71 таъсис ёфта буд.
Зарурияти дақиқтар ва амиқтар омeхтани шохаҳои мухталифи илмии таърихшиносӣ, аз қабили бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, сарчашмашиносӣ, таърихнигорӣ (историография), мeҳршиносӣ, тақвимшиносӣ, ва дигар илмҳои ёрирасони таърихи заминаи таъсиси кафедраи мазкур гардид.
Дар кафедра аз рўзи таъсиси он мутахассони варзидаи илми бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ аз қабили докторони илмҳои таърих, профессорон У.Пўлотов, А.Мирбобоев, Н.Раҳимов, номзадҳои илм профессорон У.ҷаҳонов, С.Марофиев, дотсент М.Файзуллоев кору фаъолият бурдаанд. ҳоло дар кафедра ду нафар докторони илм, профессорон (Н.Раҳимов, А.Мирбобоев), 1 нафар номзади илм, профессор (С.Марофиев), 2 нафар номзадҳои илм, дотсентон (С. Эркаев, Ю.Бобоев) 1 нафар сармуаллима (М.ғайбуллоева) фаъолият мебаранд.
Кафедра барои омўхтан ва ҳифзу эҳёи мероси таърихӣ, ёдгориҳои таърихӣ-меъморӣ, таблиuу ташвиқи он корҳои зиёдро ба сомон мерасонанд.

Кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ
Кафедраи методикаи таълими филологияи тоҷику ўзбек ва таърих ҳанўз соли таҳсили 1976-1977 дар сохтори факултети таърих ва филология таъсис ёфта буд. Методикаи таълими таърих ва ҷомеашиносӣ ба феҳрасти фанҳои таълимии кафедраи навтаъсис дохил шуда, аз муаррихон ба ин кафедра дотсент А.ҳоҷиев ва сармуаллим М.Исҳоқӣ шомил буданд.
Замоне, ки факултети таърих соли 1987 мустақил гардид таълими фанни методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшиносӣ ба феҳрасти фанҳои кафедраи Таърих халқи тоҷик дохил гардид. Солҳои таҳсили 1989-90 кафедраи мустақили Методикаи таълими таърих ва ҷамъиятшиносӣ таъсис дод шуд, ки ба он дотсент А. Бобокалонов роҳбарӣ мекард.
Аз соли 1999 то июни соли 2011 таълими методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дар феҳрасти фанҳои таълимии кафедраи Таърихи умумӣ қарор дошт.
Бо қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз таърихи 13 июни соли 2011 таҳти рақами 10 кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ аз нав таъсис дода шуд.
Дар кафедра як нафар номзади илм, профессор (У.ҷаҳонов), 4 нафар номзади илм, дотсент (А.ҳоҷиев, Н.Маҳмудова, О.Маҳмудов, М.Раҳматова ), 3 нафар сармуаллимон (М.Исҳоқӣ, А.ҳомидов, Ш.ҳошимова) кору фаъолият доранд.
Кафедра дар сатҳи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷорӣ намудани усулу технологияи нави таълиму тадрис, нашри китобҳои дарсӣ воситаҳои ёрирасони таълимӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Кафедраи илмҳои давлатию ҳуқуқӣ
Соли 1999 дар сохтори Шўъбаи ҳуқуқшиносии факултети таърих кафедраи ҳуқуқшиносӣ таъсис ёфта буд. Аз соли таъсиси он то соли 2007 вазифаи мудири кафедра дар ўҳдаи дотсент ҳ.Самадов, Д.Самадова ва аз соли 2009 ба ўҳдаи дотсент И.қосимов вогузор шуд. Дар давраи фаъолияти он дар кафедра дотсентон ҳ. Тоатов, З.Усмонова, М.қосимова, С.Обидҷонов, И.Тошхўҷаев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Н. ғаффорова, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мушовири давлатии дараxаи якум Т.Почомуллоев, О.Шаропов кору фаъолият бурданд.
ҳоло дар кафедра профессор Т.Почомуллоев, дотсент И.қосимов, сармуаллимон Д.Самадова, Н.Тагиров, И.ҷабборов, А.Бобоев, асисстентҳо Н.Аҳмадова ва Р.ғиёсова ба таълиму тарбия ва корҳои илмӣ машғуланд.
Кафедра дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсии донишҷўён саҳми муносиб дорад.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло