1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети санъат





Cуроға: 

Телефон: 


Оиди факултет

Факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ бо унвони Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 301 аз 23-юми июни соли 1993) дар шаҳри Хуҷанд ташкил шудааст. Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат, таҳқиқотҳои илмӣ оиди самтхои гуногуни таърих ва ҳунари санъати мусиқӣ, рушди минбаъдаи санъати касбӣ ва идомаи беҳтарин анъанаҳои санъати миллӣ бо ҷалби ҳунармандони варзида ва мутахассисони касбӣ самти афзалиятноки таълимию ҳунаромўзии факултетро дарбар мегирад. Дар таъсиси факултети санъат (муассисаи таълимию илмии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (минбаъд АМҶТ) мутахассисони варзида - номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Ҳакимов Наимҷон Ғаниевич, профессор Муродов Рауф Муродович, профессор Алиев Умар Раҷаббоевич ҳамчун ташаббускор иқдом намудаанд. Минбаъд олимони шинохта - мусиқишиносон н.и.с., Ўлмасов Ф. А. н.и.с., Абдурашидов А. А. н.и.с. Худойбердиев С. ва хофизони варзидаи диёр Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷўрабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов, Шарофиддин Сайфиддинов, Даврон Алиматов, Хофизони халқии Тоҷикистон Маъруфхоча Баҳодуров, Абдураҳим Шерматов, мутрибон-навозандагони чирадаст Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ Юсуфҷон Бобоҷонов, Аҳрорчон Ботиров, Сайдулло Убайдуллоев ва дигарон дар таълиму тарбияи насли ҷавони хунармандон саҳми арзанда доранд.
Дар ибтидо дар АМҶТ шўъбаҳои зерин амал мекарданд: мусиқишиносӣ-шарқшиносӣ, актёри театри анъанавӣ, санъати навозандагӣ, санъати сарояндагии анъанавӣ. Дар АМҶТ пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва Донишкадаи таълимӣ амал мекард, ки дар он олимони намоёни соҳаи санъат ба монанди Абдурашидов А., Тоҷикова З., Раҷабов А., Кароматов Ф., Гейзер Э. Р., Юнусов Р., Ғафурбеков Т., Абдуллоев Р. ва дигарон фаъолият мебурданд. Дар соли аввал ба донишкадаи таълимӣ 36 нафар, соли хониши 1994-1995 35 нафар донишҷў қабул гардид. Соли 1995 шўъбаи рассомӣ бо ташаббуси Ҷўраев Ғ., соли таҳсили 1995-1996 шўъбаи хониши академикӣ (Юсуфов С.), соли 2002 шўъбаи актёри драма ва коргардони театр бо сарварии Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ Барзу Абдураззоқов ба фаъолият оғоз намуд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати ш. Хуҷанд таҳти рақами 294 аз 17-уми июли соли 1996 муассисаи таълимии АМҶТ барҳам дода шуда, ҳамчун факултети санъат дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва аз соли 2001 ҳамчун факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти таълимиро идома дода истодааст.
Сарварони факултет аз соли 1993 то 2001 н.и.с., профессор Ҳакимов Н.Ғ., аз соли 2001 то моҳи январи соли 2012 дотсент Ҷўраев Ғ.Ҳ. ва аз 20 январи соли 2012 н.и.т., дотсент Аминҷонов Р. Н. бар ўҳда доранд. Дар факултет 5 кафедра ва 7 шўъба амал намуда, дар он устодони варзидаю шинохта фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-эҷодӣ мебаранд, аз он ҷумла:

- дар кафедраи Санъати мусиқии классикӣ - Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, профессор Ҷўрабек Муродов, дотсентон - Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ Юсуфҷон Бобоҷонов, Убайдуллоев С., сармуаллимон Омонбоева Н., Шамсиев М., муаллимон Сатторов А., Азизов И. ва дигарон…
- дар кафедраи Санъати мусиқии халқӣ - дотсентон – Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдураҳим Шерматов, Ботиров А., сармуаллимон Баҳоваддинов М, М. Баҳриддин, муаллимон Сатторов А., Давлатов Б., Норбадалов С., Икромов А., ва дигарон…
- дар кафедраи Таърих ва назарияи мусиқӣ – муҳаққикон -олимони мусиқии точик н. и. санъатшиносӣ, профессор Ҳакимов Н. Ғ., н.и.т., дотсент Аминчонов Р.Н., н.и.т., дотсент Саидкаримов Б., муаллимон Аскерова Е., Назаров Т. О. ва дигарон…
- дар кафедраи Санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ - дотсентон Ҷўраев Ғ. Ҳ., н.и.п. Ашўров М. Ҷ., сармуаллимон Шарипов Қ., Сулаймонов М., Ҷабборов А., муаллимон Маҳмудов В., Каримова Д. фаъолият доранд. Актёрони ҷавон бо роҳбарии профессор Алиев Умар Раҷаббоевич, сармуаллима Акбарова Ш., сайқали ҳунар менамоянд.
- дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ - н.и.т., дотсент Фармонова Д. Ҷ., сармуаллимон Меликбоева Д., муаллимон Манонова М., Муратова Х., Абдуллоева Н. ва дигарон

Ҳайати профессорону омўзгорони факултети санъат чунин аст: профессорони кафедра – 2 нафар, дотсентон - 9 нафар, омўзгори калон - 18 нафар , омўзгор -20 нафар, аспирант-2 нафар, унвонҷўён - 4 нафар.
Омўзгорони факултети санъат, ҳамзамон аъзоёни Иттифоқҳои эҷодӣ мебошанд. Аз ҷумла:

1. Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон- 4 нафар

2. Иттифоқи рассомони Тоҷикистон – 4 нафар
Инчунин дар факултети санъат дастаҳои ҳунарӣ ва маҳфилҳои зерини донишҷўён фаъолият мебаранд:

1. Ансамбли навозандагон – рохбар А. Ботиров, С. Убайдуллоев, М. Султонов
2. Ансамбли Шашмақомхонон – роҳбар Насиба Омонбоева, абдураҳим Шерматов
3. Маҳфили дойрадастон «Садои доира» - роҳбар Бобоҷонов Ю.
4. Маҳфили ҳайкалтарошон «Ҳайкалтарош» - роҳбар Ашўров М.
5. Маҳфили сарояндагии сабки мардумӣ - роҳбар Баҳоваддинов М
6. Маҳфили «Илҳом» - роҳбар Фармонова Д.

7. Маҳфили «Муҳаққиқони ҷавон» - роҳбар Аминчонов Р. Н.
Дар тўли фаъолият факултети санъатро мутрибону сарояндагони мусикии классикии «Шашмақом», рассомон ва актёрон хатм намудаанд, ки имрўз хамчун мутахассисони варзида, на фақат дар ҷумҳурӣ балки берун аз он бо ҳунарашон боиси ифтихор гаштаанд. Дар ин радиф чеҳраҳои зеринро қайд карданӣ ҳастем:

- дорандагони чоизаи байналмиллалии «Грэмми», сарояндагон - Насиба Омонбоева, Хуршед Иброҳимов, Зумрад Самичонова (шодравон), Камолиддин Ҳамдамов ва дуторнавози мумтоз, чоизадори якчанд озмунхои байналхалқии мутрибон Ҷўраев Сироҷидин (ҳама дар Академияи мақоми ҶТ минбаъд таҳсилро идома додаанд) ва дигаронро қайд кардан ҷоиз аст.
- сарояндагони шинохтаи санъати эстрадии вилоят, аз он ҷумла Валиҷон Азизов, Ғолибҷон Юсупов, Анвар Ахмедов ва дигарон.
- рассомон ва ҳайкалтарошон дорандаи ҷоизаи намоишгоҳи Россия Абдураҳим Ҷабборов, Даврон Раҳматов – муаллифи пайкараи Темурмалик дар осорхонаи вилоятии таърихии вилояти Суғд, муаллифи пайкараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Мўминов Наимҷон ва дигарон.

- саркоргардони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ Қурбон Бобоҷонов, актёрон Далер Шукуров, Абдуназар Тўрахонов, Сурайё Хўҷаева, Файёз Бойматов, Шукўҳ Иброҳимов, Диловар Султонов, Эҳсон Ҳомидов ва дигарон…
Факултети санъат бо дигар макотиби олӣ ва миёнаи махсуси санъати ҷумхурӣ, аз он ҷумла Академияи мақоми ҶТ, Консерваторияи миллӣ ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, Маркази мусикии точик «Ҳунар» ва ғ. ҳамкориҳои илмию эчодӣ дошта, пайваста конфронсу консертҳои мусиқии классикӣ ва намоиши асарҳои рассомонро мегузаронад, ки бахри бедор намудани маърифати фарҳангии шахрвандон манфиати амалӣ дорад. Фаъолияти таълимию илмии факултети санъат дар асоси нақшаҳои таълимии макотиби олӣ барои тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи санъату фарҳанг равона карда шуда, барои идомаи бехтарин анъанаҳои санъати мусикии миллӣ ва санъати рассомӣ дар робита ба асосҳои илмӣ нигаронида шудааст.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло