1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети санъати тасвирӣ ва технология





Cуроға: 
махаллаи 27 бинои таълимии №1
Телефон:  8(3422) 23897


Оиди факултет

Ҳунар давлатест поянда ва чашмаест зоянда, ҳунарманд ҳарҷо равад қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар ҳарҷо равад хорву иллат бинад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади соҳибҳунар ба воя расидани насли наврас мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ” яке аз намунаи ин тадбирҳои олист.
Донишомӯзӣ ва дар ин замина аз бар намудани касбу ҳунар барои кулли инсоният ва рушду такомулии маънавии ҳар як фард хеле муфид аст. Инсон қаблан бояд дорои дониши хуб, қобилияти эҷодкорӣ ва тозаофарӣ бошад. Қобили зикр аст, ки ҳар макон ва маскани илм ба худ хос ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзида мекӯшад ва ҳамвора дар ин самт саҳм меварзад. Яке аз қабили кошонаҳои илм ин факултети“Санъати тасвирӣ ва Технология” (рассомӣ-графикӣ) маҳсуб мешавад, ки барои ба камол расонидани мутахассисони варзидаи касбӣ ҳамеша бо устодони чирадасташ талош меварзад. ки донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои “Санъати тасвирӣ, нақшакашӣ. Технология”, “Дизайни графикӣ”, “Санъати ороиши амалӣ, Ҳунарҳои халкӣ, ва Дизайни дӯзандагӣ”, тайёр мекунад ва барои хизмат намудан ба соҳаҳои гуногуни халқу кишвар равона мекунад.
      Ихтисоси “Санъати тасвирӣ, нақшакашӣ. Технология” – донишҷӯёнро аз рӯи касби омӯзгори санъати тасвирӣ, нақшакшӣ ва технология омода менамояд. Таълим дар факултет аз рӯи низоми мутахассис (5-сола) ба роҳ монда шуда, донишҷӯён пас аз таҳсил соҳиби дипломи мутахассис мешаванд. Хатмкунандагони ин ихтисос метавонанд ба ҳайси омӯзгори фанҳои санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология фаъолияти хешро идома диҳанд. Бо баробари ин донишҷӯён метавонанд ба сифати рассоми моҳир ба камол расанд.
       Ихтисоси “Дизайни графикӣ” – ихтисоси наву замонавӣ буда, бо мақсади тарбияи кадрҳои тахассусманди соҳаи графикаи компютерӣ фаъолият мекунад. Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (4 сола) сурат мегирад. Раванди таълими фанҳои тахассусӣ бо барномаҳои алоҳидаи компютерӣ ташкил карда мешавад. Донишҷӯён бо баробари омӯзиши нозукиҳои ин ихтисос ҳамчунин лоиҳаи маккетҳоро омода намуда сипас ба сохтани он бо ёрии устодон кӯшиш менамоянд.
Ихтисоси “Санъати ороиши амалӣ ва ҳунарҳои  халкӣ” – ихтисосест, ки аз рӯи намудҳои гуногунисанъат аз қабали кандакорӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, ҳайкалтарошӣ, кундалрезӣ ва амсоли инҳо ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (4 сола) сурат меги-рад. Намунаи асарҳои офаридаи донишҷӯён мунтазам ба маърази намоиш гузошта шуда, ҳаводорони худро пайдо мекунад. Донишҷӯдухтарон имкон доранд, ки мувофиқи тахассуси мазкур ба кашидадӯзӣ машғул шаванд.
Хатмкуннадагони ин ихтисос ба сифати омӯзгори санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология ва ҳамчунин дузандаи моҳири касбӣ метавонад  фаъолият намоянд.
Ихтисоси технология дар назди кафедраи технология ва методикаи таълим тӯли солҳои дароз амал мекунад. Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (4 сола) сурат мегирад.Мутахассисони ояндаи ихтисоси технология дорои равиши политехникӣ буда, донишҷӯён бо асосҳои истеҳсолоти ҳозиразамон, ташаккули маҳорату малакаи меҳнатӣ оид ба коркарди масолеҳ амалӣ карда мешавад. Бо азхудкунии ин ихтисос донишҷӯён маҳорату малакаи коркарди дастӣ ва механикии масолеҳ, қобилияти эҷодӣ, маҳорати банақшагирии амалиёти худ барои сохтани маснуот, тартиб додани ҳуҷҷатҳои технологӣ ва ғ. Равнақ дода мешавад.
Ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ. Солҳои охир дар факултет аз рӯи ихтисосҳои нави муосир донишҷӯён қабул ва таҳсил доранд.
Ба роҳ мондани ин ихтисос метавон як посухи Раёсати донишгоҳ ба ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои халқӣ ва баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (4 сола) сурат мегирад.
Ба донишҷӯёне, ки дар ин риштаи ҳунар таҳсил мекунанд, интихоби матоъ, технологияи коркарди он, тарроҳӣ ва буридану дӯхтани либосҳои милливу аврупоӣ, моделиронидани либос ва ғайра омӯзонида мешавад.
Дар факултет бо мақсади сайқал додани дониш таҳсил аз рӯи низоми магистратура низ аз рӯи ихтисоси “Санъати тасвирӣ, нақшакашӣ. Технология” ва “Технология” ба роҳ монда шудааст, ки донишҷӯён пас аз хатми Донишгоҳ метавонанд ба магистратура шомил шаванд ва ба иҷрои корҳои илмӣ камар банданд. Таҳсил дар магистратура 2 сол буда мутахассисон пас за хатм соҳиби дипломи магистрӣ мегарданд. Дар факултет барои донишҷӯён шароитҳои хуби таҳсил фароҳам оварда шудаанд. Факултети “Санъати тасвирӣ ва Технология” ягона муассисаи таълимӣ дар минтақа мебошад, ки ҷиҳати ба камол расонидани мутахассисони варзидаи санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология, ҳамчунин мутахассисони дизайни графикӣ, санъати ороиши амалӣ, ҳунарҳои халқӣ технология нақши босазое гузошта истодааст. Ҳанӯз аз замони ҳамчун факултети алоҳида фаъолият намудани факултети “Санъати тасвирӣ ва Технология” (рассомӣ-графикӣ) то имрӯз саҳми устодон ва донишҷӯёни факултет дар зебу зиннати биноҳои таърихиву ҷойҳои муқаддаси кишвар басо назаррас мебошад. Нақши дасти донишҷӯён ва устодони факултет дар толори Қасри маданияти “Арбоб”, ва кандакорӣ ва наққошии чойхонаҳои миллии ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он, ҳамчунин чандин иншоотҳои ҳаётан муҳим басо ҷилвагар аст.
Дар факултет ду нафар докторони илм, профессор, бисту як номзадҳои илм, дотсентон, 30 – нафар сармуаллимон 7- нафар ассистентон, 6-нафар кормани ёрирасон фаъолият доранд. Инчунин 21- нафар омӯзгорон унвони пуршарафи аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд. 7 нафар омӯзгорони факултет аъзои иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда фаъолияти касбии худро дар факултет пеш бурда истодаанд.
Дар факултет барои донишҷӯён шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст: 1-толори графикаи компутерӣ ва дизайн, 6-синфхона барои дарсҳои лексионӣ, 12 -синфхонаи махсус ҷиҳозонидашудаи кафедраҳо, 2-синфхона барои дарсҳои семинарӣ ва 2-синфхона барои хазинаи маводҳои таълимӣ дар хидмати шогирдон қарор доранд.
Бо баробари вусъат ёфтани дигар самтҳои фаъолият дар факултет ҷамъияти илмии донишҷӯён низ хуб ба роҳ монда шудааст, ки он дар асоси нақшаи солонаи корӣ дар ҳамаи кафедраҳо ба роҳ монда, масъалаи ҷалби донишҷӯёни факултетро дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар меҳвари фаъолияти худ қарор медиҳад.
Махзани илму ирфон, факултаи рассомӣ,
Зеббахши хонадон, факултаи рассомӣ.
Афтад агар гузорат ба ин макони пурнур,
Ҳам пир асту ҳам ҷавон, факултаи рассомӣ.
Дар кишвар аст ягона, аз ориё нишона,
Зиннатбахшу фасона, факултаи рассомӣ.
Меомӯзонад ба мо аз санъати аҷдодӣ,
Тақозои замона, факултаи рассомӣ.
Эй рафиқу бародар, биёву инҷо нигар,
Макони илму ҳунар, факултаи рассомӣ,
Хоҳӣ шавӣ баҳравар, аз ин даргоҳи ҳунар,
Ба ту мебахшад зафар, факултаи рассомӣ.
Дар қалби ту парварад аз расму ҳам аз нақша,
Кина зи дил мебарад, факултаи рассомӣ.
Хоҳӣ, ки гардӣ эй дӯст, дизайнеру кандакор,
Ёридиҳандаи туст, факултаи рассомӣ.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло