1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети педагогӣ





Cуроға: 
махаллаи 20, бинои таълимии №2
Телефон:  8(3422) 24864


Оиди факултет

Факултети педагогӣ фаъолияти худро дар сохтори Донишкадаи давлатии омӯзгори Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) аз соли 1958 оғоз намудааст. Дар давраи аввали фаъолият факултет дар таркиби факултети таъриху филология ҳамчун шӯъба амал мекард. Бинобар зиёд шудани теъдоди донишҷӯён солҳои 1960 – 1964 факултет дар алоҳидагӣ фаъолият бурда минбаъд, солҳои 1964 – 1967 дар сохтори факултети физикаю математика, солҳои 1967 – 1973 дар сохтори факултети таъриху филология боз ҳамчун шӯъба амал кардааст. Аз соли 1973 то имрӯз факултети педагогӣ дар алоҳидагӣ фаъолият бурда, дар рушду нумӯи таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми донишгоҳ саҳми босазо ва назаррас гузошта меояд.
Аввалин декани факултет дотсент Тошматов А.Т. буд. Дар давраи мавҷудияти факултет роҳбарии онро шахсони зерин дар ӯҳда доштанд:
Неъматов Деҳқонбой (1958 - 1960), Тошматов Асобиддин (1960 – 1964, 1973 – 1990), Қурбонов А.М.    (1964 – 1967), Исқандаров Музаффар (1967 – 1971), Охунов Шавқат Маҳмудович    (1971 – 1973), Шаропов Шавқат Аҳмадович (1990 – 1995, 1998 - 2008), Каримов Саид Бобоевич (1995 – 1998), Сабуров Хайрулло Мирзоевич (2008 – 2011), Абдулфайзова Сабоат Нуриддиновна (2011 то ҳол)   
Бо баробари таъсисёбии факултет дар назди он фақат кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, ки роҳбариашро дотсент Очилов Ҳ.Ғ. ба ӯҳда дошт, ба фаъолият оғоз намуд.
Аввалин устодони факултет Д.Неъматзода, Ҳ.Очилов, А.Тошматов, А.Ваҳҳобов, А.Самадов, А.Тошматов, Абдуллозода, А.Шодиев, М.Аҳмадов, М.В. Кутин, Х.Қодирқулов, Н.Ғафуров, Р.Ҷӯраева, Эргашев, Воҳидов, Р.Содиқова, Темуров М., Маннонова М. маҳсуб меёбанд.
Соли 1962 аввалин 120 нафар шогирдон факултетро хатм намуда, соҳиби ихтисоси муаллимони синфҳои ибтидоӣ гардиданд.
Кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ дар ҳайати факултет соли 1958 ташкил шудааст. Мудири аввалини он шодравон М.Аҳмадов буд. Дар давраи фаъолияти кафедра устодони зерин роҳбарии онро ба зимма дошта, барои инкишофи кафедра ва тайёр кардани кадрҳои соҳибунвон саҳмгузор буданд, аз ҷумла:
Ахмедов Мухтор (1958 – 1959), Неъматов Деҳқон (1959 – 1960, 1964 – 1970), Очилов Ҳамдам Ғафурҷонович (1960 – 1964), Ашӯров Раҳматҷон (1970 – 1977), Ҷалилов Ҳувайдулло 1977 – 1978), Абдуқодиров Абдусаттор (1978 – 1980), Ваҳобов Абдураззоқ (1980 – 1985), Маҳкамова Шукринисо Бобоевна (1985 – 2001), Шарипов Эргашбой (2001 – 2008), Каримова Моҳинисо Абдуқаюмовна (2008 то 2012), Раҳмонов Зикриё Пӯлотович (2012 - 2013), Бурҳонов Қурбонбой Турсунраҷабович (2013 то ҳол).
Кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ  дар оғози фаъолияташ бо гуногунсоҳа буданаш аз дигар кафедраҳо фарқ дошт, зеро он қариб ҳамаи фанҳои дар синфҳои ибтидоӣ таълим додашавандаро муттаҳид мекард. Бо назардошти зиёд гаштани теъдоди фанҳои таълимии кафедра соли 1989 риштаи фанҳои педагогика ва психология алоҳида гардонида шуд, дар асоси он кафедраи нав бо номи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ таъсис дода шуд. 
Дар рушди минбаъдаи кафедра мавқеи таълимӣ ва тарбиявии устодони зерин калон аст: Ҷӯраева Р., Содиқова Р., Икромова Т., Марипов Б., Абдуқодиров А., Зоҳидов А., Шералиев Э., Раҳматов Ҳ., Шарипов Э., Бурҳонов Қ.Т., Кароматуллоев С.Ҳ., Ғаниева Х., Абдуллоева Д.
Ҳайати устодони кафедраи методикаи таълими ибтидоиро 14 нафар устодон ташкил мекунанд, ки аз онҳо 6 нафар номзади илм, дотсент, 3 нафар сармуаллимон, 5 нафар муаллимон мебошанд. Мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Бурҳонов Қ.Т. мебошад.
    Кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбӣ фаъолияти худро моҳи сентябри соли 1989 бо номи кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ оғоз намудааст.
Дар солҳои аввали ташкилёбии факултет аз фанҳои педагогика ва психология устодон А.Тошматов, М.Ахмедов, Р. Ашӯров, М. Зуфарова, Ҳ.Искандарова, Р.Содиқова, Темирова М., А. Набиев дарс мегуфтанд.
Соли аввали мустақилияти кафедра сарварии онро дотсент Ш.А. Шаропов ба ӯҳда дошта, дотсент М.Ҳомидов, сармуаллимон Ҳоҷиева М. Мухторова М., муаллим М.Мавлонов фаъолияти педагогӣ мебурданд. Ба туфайли афзудани соатҳои таълимӣ дар солҳои минбаъда устодон – сармуаллимон Ҳ.Искандарова, Раҳмонов З., дотсент А.Каримҷонов ба  ҳайати устодони кафедра қабул карда шуданд.
    Дар давраи фаъолияти кафедра устодони зерин роҳбарии онро ба зимма доштанд:
Шаропов  Шавкат Аҳмадович (1989 – 1990, 1996 – 1998, 2008 – 2010), Ҳомидов Муқим (1990 – 1996), Сабуров Хайрулло Мирзоевич (2005 – 2008), Искандарова Ҳанифа (1998 – 2005), Абдулфайзова Сабоат Нуриддиновна (2010 – 2011), Сабуров Хайрулло Мирзоевич (2011 то ҳоло).
    Ҳоло дар ҳайати устодони кафедра як доктори илм, профессор, 7 номзадҳои илм, дотсентон, 7 сармуаллим, 3 омӯзгор фаъолият доранд.
Солҳои 1991 – 1998 дар факултет ба ғайр аз ихтисоси П ва МТИ боз аз рӯи ихтисосҳои педагогика ва психологияи томактабӣ ва нуқсоншиносӣ кадрҳои педагогӣ тайёр карда мешуданд ва кафедра дар ин ҷода ҳамчун кафедраи пешбаранда саҳми арзандаи худро дорад.
    Дар кафедра дар тарбия намудани кадрҳои ҷавони боистеъдод аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳоло дар кафедра 1 аспирант, 18 унвонҷӯй аз болои рисолаҳои номзадӣ пажӯҳиши илмӣ бурда истодаанд.
    Аз моҳи июни соли 2007 хусусиятҳои серҷабҳагии кафедраро ба инобат гирифта, ба он кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбӣ номгузорӣ карда шуд.
    Дар назди факултет ҳамчунин  соли 1973 кафедраи табиию риёзӣ таъсис дода шуд, ки роҳбари онро номзади фанни ҷуғрофия, дотсент Б.М. Ҳайдаров ба ӯҳда дошт.
    Нахустин  устодони кафедра М.Темиров, М.Муродова, С.Валаматова, С.Ёқубов, М.Холматов ва Ш.Нисонов ба ҳисоб мераванд.
    Ҳоло дар кафедра 6 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онҳо 3 нафар дотсентон, 2 нафар сармуаллим ва 2 нафар муаллим фаъолият мебаранд.
    Бо мақсади муттаҳид сохтани фанҳои дақиқ дар факултет бо қарори Шӯрои олимони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров соли 2010 кафедраи тарбияи эстетикӣ ва табиатшиносӣ ба кафедраи табиию риёзӣ мубаддал гардонида шуд.
Дар давраи фаъолияташ кафедраро устодони зерин роҳбарӣ намуданд: Ҳайдаров Баҳром Мухторович (1973-1991), Каримов Саид Бобоевич (1991- 1995), Назаров Акбар Раҳмонович (1995-2007), Валаматова Саъдинисо Мирзоқосимовна (2007-2011), Бурҳонов Қурбонбой Турсунраҷабович (2011 – 2013), Назаров Акбар Раҳмонович (2013 то ҳоло).
Ҳоло дар ҳайати устодони кафедра 3 дотсентон, 2 сармуаллим, 4 омӯзгор фаъолият доранд.
Бо баробари таҳсили рӯзонаи донишҷӯён алҳол зиёда аз 2212 нафар донишҷӯён дар шӯъбаи ғоибона таҳсил доранд. Раванди таълим дар шӯъбаи ғоибона дар асоси Стандарти давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Аз соли 1993 то имрӯз вазифаи ноибдекани шӯъбаи ғоибонаро устодон Юсупов М. (солҳои1993-1996). Раҳмонов З.П. (1996-2001), Рабиев С. (2001-2003), Кароматуллоев С. (2003-2004), БурҳоновҚ.Т. (2004-2012) ва аз моҳи январи соли 2012 инҷониб вазифаи ноибдекани шӯъбаи ғоибонаро дотсент Элмуродова С.Х. ба зимма дорад.
Ҳоло дар шӯъбаи ғоибона аз рӯи 2 ихтисос мутахассисонро тайёр карда мешаванд, яъне ки муаллимони синфҳои ибтидоö ва мураббиёни муассисаҳои томактабиро дарбар мегирад.
То имрӯз факултет 48-умин давраи хатми мутахассисонро таъмин намуд, ки шумораи онҳо бештар аз 4800 нафарро ташкил медиҳад. Айни замон дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи факултет 2681 нафар донишҷӯён таҳсили илм доранд.
Алҳол дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:

Ихтисоси педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ
Дараҷаи ихтисос: Бакалавр.
Ихтисос: Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ.
Касб: Муаллими синфҳои ибтидоӣ.
Мӯҳлати таҳсил : 4 сол
Шифри ихтисос: 1- 01.02.02.
Шакли таҳсил : рӯзона ва ғоибона.
Дар ин самт асосан барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ муаллимони синфҳои ибтидоӣ тайёр карда мешавад.Мӯҳлати таҳсил дар ихтисоси мазкур 4 сола буда, дараҷаи таҳсилот бакалавр мебошад

Ихтисоси психология, омӯзгори фанни психология.
Дараҷаи ихтисос: Бакалавр.
Ихтисос: Психолог.
Касб: омӯзгори психология.
Мӯҳлати таҳсил : 4 сол
Шифри ихтисос: 1- 02 04 00.
Шакли таҳсил : рӯзона.

Ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ
Дараҷаи ихтисос: Бакалавр.
Ихтисос: Педагогикаи томактабӣ. Равоншиноси амалӣ
Касб: Мураббӣ, методист ва муаллими педагогика ва психологияи томактабӣ.
Мӯҳлати таҳсил : 4 сол
Шифри ихтисос: 1- 01.01.02-06.
Шакли таҳсил: рӯзона ва ғоибона.

Ихтисоси олигофренопедагогика
Дараҷаи таҳсилот:  Бакалавр
Ихтисос:  Олигофренопедагогика
Касб: Муаллими олигофренопедагогика
Мӯҳлати таҳсил:  4 сол
Шифри ихтисос: 1-03. 03. 04
Шакли таҳсил: рӯзона ва ғоибона.

Факултет дар бинои наву замонавии таълимӣ ҷойгир буда, барои тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳавӣ ҳамаи имкониятҳо муҳайё карда шудааст.


 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло