1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети молия ва иқтисодиёти бозор





Cуроға: 

Телефон: 


Оиди факултет

Факултети «Молия ва иқтисодиёти бозор» санаи 20 августи соли 1991 бо фармони Вазорати Маорифи Ҷумхурии Точикистон таъсис ёфтааст. Бинои аввалини факултет дар мактаби миёнаи №6 шаҳри Хуҷанд воқеъ дар кӯчаи Ленин ҷойгир буд. Он вақт танҳо кафедраи Фанҳои умумииқтисодӣ дар факултет амал мекард. Барои баланд бардоштани самаранокии ҷараёни таълим, наздик кардани дониши таҷрибавии донишҷӯён бо дониши назариявӣ устодони пуртаҷриба ба монанди д.и.и профессорон Авезов А., Азизов Ф., Бойматов А., н.и.и дотсент Бобохонова М ва Ходҷаева Р ба кор даъват шуда буданд. Дар давоми фаъолият аз ҳисоби зиёд шудани бахшҳо ва номгӯи ихтисосҳо кафедраҳои тахассусӣ низтаъсис дода шуд. Ҳоло дар факултет кафедраҳои Муҳосибот ва аудит, Молия, таҳлил ва омор, Иқтисодиёти соҳавӣ ва ташкили бозор, Менеҷмент ва соҳибкорӣ фаъолият доранд.
Факултети «Молия ва иқтисодиёти бозор» яке аз факултетҳоест, ки ба тақозои дигаргунсозиҳои ҳаёти имрӯза таъсис ёфта барои сифатнок омӯзонидани тиҷорати ҳозиразамон саҳм мегузорад. Бо ин мақсад дар факултет кадрҳои баландихтисоси иқтисодӣ мувофиқи талаботи иқтисодиёти бозоргонӣ тайёр карда мешавад.
Сарварии факултетро дар солҳои гуногун д.и.и. профессор Орипов Абдуллоҷон (1991), дотсент Маҷидов Абдунасим (1991-2007),доктори илмҳои иқтисодӣ професор Раҳимов Абдулатиф (2007-2012) дар ӯҳдаи худ доштанд. Аз моҳи июли соли 2012 то имрӯз факултет таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А. Қодиров фаъолият мебарад. Теъдоди донишчуён дар шӯъбаи ғоибона ва рӯзонаи факултет сол аз сол афзуда истодааст ва дар давоми 2-3 соли охир ба 1200 расид. Ташкили раванди таълимро зиёда аз 40-нафар устодони пуртаҷриба дар ӯҳда доранд.
Алҳол дар факултет таълими ихтисосҳои зерин ҷараён дорад: Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, Кори бонкӣ, Аудит ва ревизия, Молия ва назорат дар фаъолияти соҳаи гумрук,Менеҷмент дар соҳаи иҷтимоиёт (маориф), Маркетинг.
Донишҷӯёни факултет баъд аз хатми донишгоҳва гирифтани диплом метавонанд дар шӯъбаҳои молияи ҳукуматҳои маҳалли, нозироти андоз, бонкҳои гуногун ва ташкилотҳо, корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, кишоварзӣ ва ғайра фаъолият баранд. Аз ҷумла 15 нафар хатмкунандагони факултет ҳамчун омӯзгор дар назди кафедраҳои факултет мононда шудаанд. Зиёда аз15 омӯзгорон рисолаҳои номзадӣ ва докториро дифоъ карданд.
Дар факултет ду синфхонаи компутерӣ ва китобхонаи тахассусӣ амал менамояд, ки онҳо бо адабиётҳои ҳозиразамони иқтисод ва тиҷорат, проекторҳои мултимедӣ ва компутерҳои муосир таҷҳизонида шуда бо шабакаи Интернет пайваст мебошанд.
Кафедраи Молия, таҳлил ва омор
Кафедраи мазкур бо номи «Молия ва қарз» моҳи сентябри соли 1993 бо фармони № 97 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров таъсис ёфтааст. Ҳангоми таъсисёбӣ устодон н.и.и, дотсент Юсупова Д. профессор Мирсаидов А.Б., муаллимаи калон Қосимова З бо роҳбарии н.и.и, дотсент Ҳомидов Ҳ. ба фаъолиятитаълимӣ шурӯъ намуданд.
Бо сабаби нопуррагии ҳайати кории кафедра дар солҳои аввал устодони муштараквазифа низ дар фаъолияти кафедраи «Молия ва қарз» иштирок варзиданд. Аз соли 2000-ум роҳбарии кафедра ба зиммаи н.и.и, дотсент Ризоқулов Т, вогузоркарда шуд. Кафедра мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи Муомилоти пулӣ, Ҳисоббаробарсозӣ, Андозбандӣ ва андозситонӣ тайёр мекард, ки ба онҳо мақомоти молиявии ҷумҳурӣ, вилоят, мақомоти андоз, бонкҳо, ширкатҳои суғуртаи давлатӣ ва ғайридақвлатӣ, мақомотҳои молиявӣ, корхонаву иттиҳодияҳо, фондҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷи зиёд доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2008-ум, бо сабабҳои қатъ гардидани қабули донишҷӯён ба ихтисоси «Молия ва қарз» ва тибқи нақшаи таълимӣ, бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ кафедра «Молия, таҳлил ва омор» номгузори гардидва аз моҳи сентябри соли 2009-2014вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи н.и.и, дотсент Абдуллозода Д ва сипас аз соли 2014 то инчониб ба ухдаи н.и.и. дотсент Хомидова Свогузор гардид.
Алҳол кафедраи «Молия, таҳлил ва омор» мутахассисонро аз рӯи ихтисоси «Кори бонкӣ» тайёр менамояд. Дар кафедра устодони унвондор д.и.и, профессор Ризоқулов Т.Р., н.и.и. дотсентон Абдуллозода Д, Ҳомидова С инчунин устодони пуртаҷриба Ҷалолова Ҳ, Қурбонова Ф, Холматова Ф ва муаллима, Раҳматова Н фаъолият бурда истодаанд.
Аз рӯи фанҳои ихтисоси «Кори бонкӣ» барномаҳои таълимӣ ва корӣ барои фанҳои тахассуси аз тарафи устодони кафедра тайёр карда шуда дар раванди таълим пурра истифода бурда мешавад.
Тайёр намудани мутахассисони унвондор дар кафедра низ хубба роҳ монда шудааст ва инчунин чорабиниҳои кафедра бо алоқамандии зич бо дигар кафедраҳои Донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.
Кафедраи Иқтисодиёти соҳавӣ ва ташкили бозор
Таъсиси кафедра аз рӯзи ташкили факултети иқтисодӣ азтаърихи соли 1991 бо номи «Фанҳои умумииқтисодӣ» ибтидо мегирад. Аз давраи таъсисёбӣ то соли 1996 вазифаи мудирии кафедра дар ӯҳдаи н.и.и., дотсент Маҷидов Юсуф Фатҳуллоевич буд. Фаъолияти кафедра бо номи «Иқтисодиёт, ташкили истеҳсолот ва хизматрасонӣ» аз моҳи январи соли 1996 ибтидо гирифта, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот» дар кафедра ба роҳ монда шуд.
Вазифаи мудирии кафедраро аз соли 1996 то 1999 н.и.и., дотсент Исмоилов Мӯъминҷон Маҳмудович ,аз соли 1999 то 2000 н.и.и., дотсент Маҷидов Абдунасим ва аз соли 2000 то2014д.и.и., Пӯлотова Инобат Рауфовна иҷро намудаанд. Сипас вазифаи мудирии кафедра ба ӯҳдаин.и.и.,дотсент Сайдуллоева Двогузор карда шуд.
Моҳи августи соли 2009 бо назардошти тайёр кардани мутахассисони дараҷаи бакалавр ва магистри ихтисоси «Маркетинг» ба кафедра номи «Иқтисодиёти соҳавӣ ва ташкили бозор» ном дода шуд.
Алҳол дар кафедраустодони баланд ихтисос ба монанди номзади илмҳои иқтисодӣ - Бобохонова М.А., сармуаллимон Қаюмова М., Бегматова С., Ҷалилова Д., Ғиёсова Д. ва муаллимон Қодирова Г., Арабова Р. фаъолият доранд. Дар айни замон дар кафедра бо кӯшиши ғайрати ҳамаи устодони кафедра тамоми паҳлӯҳои фаъолияти кафедра мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос усулҳои пешқадами гузаронидани машғулиятҳо истифода бурда мешавад ва устодон аз адабиётҳои муосирва шабакаи интернет васеъ истифода мебаранд. Истифодабарии масъалаҳои мантиқӣ дар дарсҳои амалӣ, ташкили муташаккилонаи корҳои мустақилона далели ин гуфтаҳо мебошад.Тайёр намудани мутахассисони унвондор дар кафедра низ дар дараҷаи зарурӣба роҳ монда шудааст. Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ нақши мутахассисони соҳаи бозоршиносӣ боз ҳам афзун мегардад. Аз ин лиҳоз аъзоёни кафедра тасмим гирифтаанд,барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи бозоршиносӣ саҳмгузор бошанд.
Кафедраи Бахисобгирии мухосиби ва аудит
Талабот ба мутахассисони ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» аз таъмин кардани корхонаҳо бо кадрҳои баландихтисос ва сифатан беҳтар кардани ҳайати коргарони фаъолият бурда истода бармеояд.
Дар вилояти Суғд, ташкилот ва муассисаҳои шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ ва мухталиф соҳаҳои гуногун ҷойгир шудаанд, фаъолият мебаранд. Онҳо ба мутахассисони баландихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» талабот ва эҳтиёҷи зиёд доранд. Аз ин лиҳоз бо ташаббус ва фармони Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров. д.и.т., проф. Абдуллоев С.А кафедраи "Муҳосибот ва аудит" 4 октябри соли 1994 таъсис ёфтааст ва устодон н.и.и., дотсент Умаров З.Х., н.и.и., дотсент Абдураҳмонов М., д.и.и. профессор Мирсаидов А.Б., д.и.и., профессор Юнусов М., н.и.и. дотсент Ходҷаева Р., Абдураҳимов А., Тӯхтаева Б., Шарипов А., Раҳимов А., Ҷалолова Ҳ., Абдуллозода Д., Юлдошева М., Содиқов М. фаъолият бурда, дар тарбияи мутахассисони ин соҳа саҳми арзанда гузоштаанд.
Вазифаи мудирии кафедраро солҳои гуногун н.и.и., дотсент Умаров З.Х. (1994-1996), н.и.и., дотсент Абдураҳмонов М. (1996-2007), н.и.и., дотсент Пӯлотов М. (2007-2012) , аз соли 2012 то2013д.и.и., профессор Ризоқулов Т.Р ва аз соли 2013 то соли 2014 ичрокунандаи вазифан.и.и., дотсент Пӯлотов М.дар ӯҳдаи худ доштанд.
Аз моҳи ноябри соли 2014 то ҳол, ичрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Бахисобгирии муҳосиби, тахлилвааудит» - рон.и.и., дотсент Абдурахимов А ичро менамоянд.
Дар кафедра низ 3 нафар н.и.и., дотсентон Абдураҳимов А. , Пӯлотов М. ва Ходҷаева Р.Х, 3 нафар сармуаллимони пуртачриба Тӯхтаева Б., Зоидова Т., Муродов Р. ва 4 нафар муаллимон Иброимов М., ДадохӯчаевА., ДадобоеваМ.,Файзиева Н фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бурда истодаанд. Чараёни таълими донишҷӯён аз рӯи нақшаи таълимии ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» таъмин гардидааст. Аз соли хониши 2013 – 2014 кафедра тайёр намудани кадрҳоро аз рӯи ихтисоси «Аудит ва ревизия» - ро низ ҷараён додаааст ва он дар мувофика ба талаботи Стандарти давлатии таълимоти касбӣ мебошад.
Дар кафедраи "Муҳосибот ва аудит" адабиётҳои зиёди таълимию методии корпоратсияи ПРАГМА дар миқдори 480 адад, дастурҳои таълимию методии устодони кафедра ва дигар Донишгоҳҳо ҷамъ оварда шудааст, ки устодони кафедра дар омӯзиши фанҳои тахассусӣ, ба монанди баҳисобгирии муҳосибӣ, баҳисобгирии молиявӣ, баҳисобгирии идоравӣ, таҳлили иқтисодӣ, омор, нархгузорӣ, муқаддимаи ихтисос, таърихи муҳосибот ва аудит, Стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит истифода бурда истодаанд.
Кафедраи «Менеҷмент ва соҳибкорӣ»
Кафедра соли 1995 бо фармони ректори донишгоҳ аз 31 августи соли 1995 таъсис ёфтааст. Солҳои 2000-2003 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдуғафуров А, солҳои 2003-2005 дотсент, номзади илмҳои иқтисодӣ Сатторов М.С. солҳои 2005-2008 доктори илмҳои иқтисодӣ профессор, Ризоқулов Т.Р., солҳои 2008-2009 дотсент Абдуллозода Д.Х. Аз соли 2009 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Баҳодуров Ҳ.И. ба ӯҳда дорад. Ҳоло дар кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодиров А.Л., Байриев Б.А., дотсентон Баҳодуров Ҳ.И., Пӯлотова Х.Ш. Ҷалолов Н.М., Мавлонов Р.А., сармуаллимон Ҳошимов А.О Тӯқузбоев Т.Н,Кобилова Ш, Бадалова М ва ХотамовА фаъолият мебаранд.
Кафедра бо муассисаҳои таълимию илмии кишварҳои дуру наздик алоқаҳои ҳамкорӣ дорад. Устодони кафедра натиҷаҳои корҳои илми – тадқиқотии хешро аз минбарҳои гуногуни илмии дохилию хориҷӣ муаррифи карда истодаанд.
Профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ, Қодиров А.Л. дар конфронсу ҷаласаҳои байналхалқӣ (Москва 1985,1987, Теҳрон 1997, Харков 2001, Туапсе 2005) ва дигар давлатҳо иштирок намуда, дорандаи ҷоизаи вилоятии Суғд ба номи академик Б.Гафуров (2002) дар соҳаи илм мебошанд.
Профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ Байриев Б.А. дар конфронсҳои (Москва 2010, Ашқобод 2011-2013, Киев-2006) байналхалқи иштирок кардаанд. Дотсент, номзади илмҳои иқтисодӣ Пулодова Х.Ш. дар конфронсҳои байналхалқии бахшида ба ҳалли муаммоҳои иқтисоди минтақаҳо (Новосибирск – 2011, Алмаата-2013) бо баромадҳои илмӣ ширкат варзидааст.
Н.и.и., дотсент Мавлонов Р.А. дар конфронсҳои илми-назариявӣ (Ереван 1983, Москва 1981-1991, Душанбе 1976-1987, Киев 1983) иштирок кардааст.
Устодони кафедра мунтазам дар маҷаллаҳои илмие, ки (Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи гуманитарии Махачкала), ки ба рӯйхати комиссияи олии аттестатсионии Русия ворид карда шудааст мақолаҳо аз чоп бароварда истодаанд.
Дотсент Баҳодуров Ҳ.И. ва сармуаллим Мавлонов Р.А. соли 2000 ба Донишгоҳи гуманитарии Гренобл (Фаронса) ба номи Пҳер Мендес Франки ба мӯҳлати 40 рӯз сафари хизмати доштанд. Кафедраи «Менеҷмент ва соҳибкорӣ» кафедраи хатмкунанда (вқпускная) мебошад аз оғози фаъолият аз соли 1995 ҳар сол ақалан як гурӯҳ бо ихтисоси «Менеҷмент дар соҳаи иҷтимоиёт» соҳиби диплом мешавад.
Ба кафедра ҳарсол ақалан 2-3 аспирантони рӯзона ва ғоибона таҳсилкунанда вобаста карда мешавад, ки аксаран аз ҳисоби хатмкардаҳои факулта, донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва пойтахти Ҷумҳури шаҳри Душанбе мебошад. Рӯзи сешанбе ҳафта рӯзи вохӯри бо аспирантон қабул шудааст, ки дар он аспирантон ва унвонҷӯён ба кафедра омада аз профессорону дотсентони кафедра ба саволҳояшон ҷавобҳои мушаххас мегиранд. Дар кафедра семинарии илмӣ-методӣ амал мекунад, ки дар он чун анъана профессорону дотсентон баромадҳои илми мекунанд, дар ҳамин семинар натиҷаи корҳои илми-тадқиқотии аспирантону унвонҷӯён зина ба зина мувофиқи нақшаи рисолаи номзадиашон мавриди мусоҳиба мешаванд, ки он бо маслиҳатҳо ва ёрии амалиии профессорону дотсентони кафедра ба унвонҷӯён мегузарад.
Соли дуюм мебошад, ки мувофиқи ихтисоси кафедра ба магистратура магистрантҳо (шӯъбаи рӯзона) қабул карда мешаванд.
Ҳоло дар кафедра аз рӯи ихтисоси «Молия ва назорат дар фаъолияти соҳаи гумрук» ҷараёни таълим ба роҳ монда шудааст, ки мутахассисони соҳаи гумрукро тайёр карда истодааст.
Ҷараёни таҳсили онҳо мувофиқи стандартҳои байналхалқи ба ҷалб кардани (дар ҳолатҳои зарури) олимонииқтисодшинос ба ҷараёни таълим ва таҳияи рисолаҳои магистри гузаронида шуда истодааст. Мавзӯъҳои рисолаҳои магистри аз ҷониби профессорону дотсентони кафедра таҳия шуда, бо номгӯи мавзӯҳое, ки дар шӯрои дифои рисолаҳои доктори дар Ҷумҳури фаъолияткунанда мувофиқат кунонида мешавад.
Дар кафедра чун анъана алоқа бо хатмкардагони ихтисоси «Менеҷмент дар соҳаи маориф» васеъ ва чуқур рушд меёбад, ки он бахусус дар ҷобаҷокунии донишҷӯёни (шӯъбаи рӯзона ва ғоибона) ихтисоси номбурда барои таҷрибаомӯзии истеҳсоли ва пеш аз хатми чун воситаи асоси истифода карда мешавад. Бо истифода аз ин алоқаҳо бо хатмкардагон, кафедра ҳамасола бо воситаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз ҳолати коркунии корхонаву ташкилотҳо пуратар (ҳарчанде, ки ахбори омори ба пурраги ҳаст) шиносои пайдо мекунад ва ин таҳлилҳо дар таҳияи маводи фанҳои гуногуни марбути кафедра истифода карда мешавад. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо бо назария балки ҳолати воқеии рушди иқтисодиёти маҳалли шиносоии пурра пайдо кунад. Ва ин таҷриба васеътар шуда истодааст.
Китобхонаи кафедра бо адабиёти зиёди таълимию методӣ, аз ҷумла бо маводҳое, ки устодон таълиф кардаанд ғанӣ гардонида мешавад, ки ба талаботҳои ҷаҳони муосир оиди маълумоти олӣ ҷавобгӯ мебошад.
Кафедраи Назарияи иқтисоди
Кафедраи «Назарияи иқтисод» ҳамчун ҷузъи мустақил дар таркиби сохтори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров соли 1996 ташкил шудааст. Дар солҳои мухталиф роҳбарии кафедраро устодони болаёқат ва пуртаҷриба Куприянов В.С., Ҷалилов Т.Ҷ., Қурбонов А.А., Аюбов А.А., Раҳимов А.М., Маҷидов А.М., дар ӯҳда доштанд. Ҳоло вазифаи мудири кафедра ба зиммаи д.и.и., профессор Абдуғафоров А.А. гузошта шудааст.Дар муваффақиятҳои ба даст овардаи кафедра саҳми устодони пуртаҷриба Азизов Ф.Ҳ., Розиқов А., Қаюмов А.. Абдусамадов Ғ., Баротова Н., Самадова Н., Исмоилов М., Бобокалонова Д., Сайдуллоева Д., Ҳайдаров Б., Норҷигитов Р., Носирҷонова М., Узоқова Г., Атохӯҷаева М., Усмонова Ш., ки солҳои мухталиф дар кафедра фаъолияти кори бурдаанд, хеле калон мебошад.
Устодони кафедра барои такмил додани раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми арзандаро гузоштан ва гузошта истодааснд. Дар кафедра аз фанҳои «Назарияи иқтисод», «Таърихи афкори иқтисодӣ», «Иқтисодиёти ҷаҳон», «Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ», «Асосҳои алоқаи иқтисодии бурунмарза» ва «Асосҳои назарияи иқтисод» дарсҳои амали ва лексиони гузашта мешаванд. Барои фанҳои дар тобеи кафедра буда аз тарафи устодони кафедра барномаҳои таълими мувофиқи талаботи имрӯза тайёр карда шудаанд. Инчунин барои беҳтар намудани сифати азхудкунии раванди таълим дар кафедра дастурҳои методии тартиб дода шудаанд, ки он ҳамаи самтҳои таълимию методиро дарбар мегирад.
Дар кафедра барои тайёр кардани кадрҳои илмии соҳибунвон диққати махсус дода мешавад. Ба муваффақияти кафедра ҳимояи рисолаи доктории дотсенти кафедра Т.Ҷ.Ҷалилов (соли 1989), ҳимояи рисолаи номзадии сармуаллими кафедра Аюбов А.А. (соли 1980)ҳимояи рисолаи номзадии сармуаллими кафедра Раҳимов А.М. (2000), ҳимояи рисолаи доктори досент Раҳимов А.М. (соли 2005), ҳимояи рисолаи доктории досент Исмоилов М., (соли 2007), ҳимояи рисолаи номзадиисармуаллимон Узоқова Г.М. ва Сайдуллева Д.К. (соли 2011) дохил кардан мумкин аст. Ин рисолаҳои докторию номзади барои ҳалли муаммоҳои иқтисодии муосири ҷумҳурӣ равона карда шудаанд.
Умуман саҳми устодони кафедра дар равнақи корҳои илмиву тадқиқоти назаррас мебошад. Корҳои илмии кафедра аз нуқтаи ташкилшавиаш то ҳамин давра муаммоҳои гуногуни ислоҳоти иқтисодиро дарбар мегирад.Ҳоло дурнамои илмии кафедра барои солҳои 2011-2015 дар мавзӯи «Муаммоҳои рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» буда, фаъолияти кули устодони кафедра барои ҳалли ин муаммои замонави равон карда шудааст. Оиди муаммоҳои дар боло номбар карда шуда дар тӯли зиёда аз 45 соли фаъолияти илмии кафедра аз тарафи устодон монографияҳо, мақолаҳо ва фишурдаҳои сершумор аз чоп бароварда шуда, рисолаҳои илми навишта шудааст. Устодони ҷавони кафедра дар конфронсҳои гуногуни илми фаъолона иштирок мекунанд. Аз он ҷумла муаллимони ҷавони кафедра Атохӯҷаева М., Узоқова Г., Носирҷонова М. дар конфронси олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок ва баромад карданд. Ҳоло дар пояи кафедра Шӯрои дифоъ оид ба фанҳои иқтисодӣ амал мекунад.
Аз соли 2012 дар кафедра ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳони ташкил карда шуд, ки ҳоло дар курси 1 ва 2 таҳсил намуда истодааст. Устодони кафедра дар корҳои ҷамъиятии факултет, донишгоҳ, шаҳр ва вилоят фаъолона иштирок мекунанд.
Ҳоло коллективи кафедра «Назарияи иқтисодӣ» тамоми саъю кӯшиши худро барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос равона карда истодаас.
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло