1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ





Cуроға: 
махаллаи 20 бинои таълимии №1
Телефон:  8(3422) 24864


Оиди факултет

Факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо фармони ректори донишгоҳ №29 аз 29.01.2015 дар асоси муттаҳидшавии факултаҳои кибернетика ва телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуд.
Сохтори идоравии факултет дар шароити муосир аз декани факултет (д.и.и., профессор А.Раҳимов), муовинони декан оид ба таълим (дотсент Г.Узоқова, М. Ҳусейнова), муовини декан оид ба тарбия (сармуаллим Шукуров А.), муовини декан оид ба илм (н.и.и., дотсент Ахмедова М.), кумитаи иттифоқи касабаи факултет (Нуриллоев Х) иборат аст.
Дар факултет ҳоло 4 кафедраи тахассусӣ фаъолият бурда истодааст.
Кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва идоракунӣ, кибернетикаи иқтисодӣ ва информатикаи иқтисодӣ тайёр мекунад. Ҳоло дар вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Д.Ибрагимова фаъолият мебарад. Кафедраи ташкил ва технологияи ҳифзи ахбор дар тайёр кардани кадрҳои ҷавон аз рӯи ихтисоси системаҳои таъминкунии бехатарии маълумот ва Web дизайн ва графикаи компютерӣ ӯҳдадор аст ва ҳоло дар таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Х.Юсупов фаъолият карда истодааст. Кафедраи технологияи компутерӣ баҳри тайёр намудани мутахассисон аз рӯи самтҳои таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва системаҳои автоматикунонидашуда, вазифадор буда, ҳоло фаъолияти сарварии кафедраро номзади илмии иқтисодӣ, сармуаллима Б.Мираватова бурда истодааст. Кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроника мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои «Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ» ва "Системаҳои телекоммуникатсия" тайёр мекунад. Мудири кафедра дотсент Домуллоҷонов А. мебошанд
Дар соли хониши 2014- 2015 бо тарзи умумӣ дар факултет 40 нафар устодон, аз он ҷумла 2 нафар докторони илм ва 16 нафар номзадҳои илм ба таълиму тадрис машғуланд.
Теъдоди донишҷӯёни факултет дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона зиёда аз 1000 нафар мебошанд. Факултет дорои марказҳои компутерӣ буда, бо техникаи ҳозиразамон таҷҳизонида шудааст.
Кафедраи технологияи компутерӣ
Дар назди кафедра маркази компутерӣ амал мекунад, ки он аз ду синфхонаи компутерӣ иборат буда, бо компутерҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд. Устодони кафедра аз рӯи муаммои методология ва талаботи баҳодиҳии статистикӣ ба хизматрасонӣ ва таълиму тарбияи муосир корҳои илмӣ - тадқиқотӣ мебаранд.
Мақсади асосӣ ва саъю кӯшиши коллективи омӯзгорони кафедра пурра барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос равона карда шудааст. Кафедраи мазкур яке аз кафедрахои ихтисосӣ ба шумор рафта, асоси ҳамаи фанҳои тахассусии факултети кибернетикаро маҳз ҳамин кафедра ташкил медиҳад.
Устодони кафедра пайваста мекӯшанд, ки ба ғайр аз ба донишҷӯён додани дониши аниқ савияи дониши худро низ ҳамарӯза баланд бардоранд. Ҳоло дар кафедра ҳафт нафар устодони пуртаҷриба фаъолияти меҳнатӣ бурда истодаанд.
Кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ
Устодони кафедра аз рӯи 18 номгӯи фанҳо дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораторӣ мебаранд. Чунин фанҳои кафедра ба монанди «Тадқиқи амалиёт», «Методҳо ва моделҳои иқтисодии математикӣ», «Таҳлили системавӣ» ва «Назарияи системаҳои ахбори иқтисодӣ» замонавӣ буда ин фанҳо ба донишҷӯён аз нуқтаи назари татбиқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ омӯзонида мешавад. Дар назди кафедра 2 кабинети компутерӣ амал мекунад. Ин синфхона бо компутерҳои замонавии тамғаи Pеntium IV таҷҳизонида шудааст.
Устодони кафедра аз рӯи муаммои тадқиқ ва коркарди комплекси алгаритмҳо ва моделҳои системаи иктисодӣ корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебаранд. Кафедра бо як қатор университетҳо ва институтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳо ва корхонаҳои муштарак робитаҳои илмию амалӣ дорад. Устодони кафедра барои бахшҳои Бонки миллии ҷумҳурӣ, заводҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ, хоҷагиҳо ва муассисаҳои гуногуни вилоят барои компутерҳо шумораи зиёди барномаҳо тартиб доданд.
Кафедраи технологияи ҳифзи ахбор
Самти асосии кафедра аз тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, ташкил ва гузаронидани семинарҳои махсус оид ба такмили омӯзиши фанҳои алоҳида ва баланд бардоштани малакаи омӯзгории муаллимони ҷавон равона карда шудааст. Омӯзгорони кафедра солҳои охир чандин асарҳои илмӣ-методӣ ва воситаҳои таълимию методиро интишор намудаанд.
Кафедра барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи ташкил ва технологияи ҳифзи ахбор мутасаддӣ мебошад. Кафедра бо лабораторияи зиддивирусии Касперский созишнома дошта, дар марҳалаи ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ аз маводи ин лаборатория истифода мебаранд. Дар назди кафедра синфхонаи махсусгардонида ташкил карда шудааст. Дар он зиёда аз 200 китоби дарсӣ ва илмӣ мавҷуд буда, аз он устодон ва донишҷӯён истифода мебаранд. Аз ҷониби дотсенти кафедра А.Абдуллоев шакли электронии комплекси таълимӣ-методӣ (солҳои 2006-2011) тартиб дода шудааст, ки дар он 300 китоби электронӣ ҷой гирифтаанд. Машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ дар ин синфхона бо истифодаи компутер ва проектори мултимедӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар кафедра такмили ихтисоси омӯзгорон бо баробари иштирок дар семинар ва курсҳо бо истифодаи таълими фосилавӣ тавассути интернет ба роҳ монда шудааст. Барои ин таҳсилоти фосилавии федератсияи Руссия истифода бурда мешавад.
Кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроника
Дар соли 2006 дар назди кафедра лабораторияи телекоммуникатсия бо стансияи телефонии то 100 муштарӣ ва шабакаи телефонӣ таъсис дода шуд. Хатмкунандагони кафедра дар соҳаҳои балоиҳагирии истеҳсолот, сохтмон ва истифодабарии воситаҳои алоқаи вазифаашон гуногун кор ва фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷумла, хатмкунандагон метавонанд дар корхонаҳои давлативу хусусӣ, лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавию конструкторӣ, корхонаҳои алоқаи сотӣ ва ҷамъиятҳои провайдерӣ, стансияҳои телефонии байнишаҳрию автоматӣ ва радиошунавоӣ, марказҳои алоқаи моҳворавӣ, аз ҷумла, дар корхонаҳои хизматрасонии асбобҳои телекоммуникатсионии маишӣ кор ва фаъолият хоҳад намуд.
Донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра таҷрибаомӯзии хешро дар муассисаҳои давлатӣ ва муассисаҳои шакли моликияташон гуногун мегузаронанд. Аз ҷумла, ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Суғд ва ҳамаи филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоятӣ, ҶДММ СП «Телефон», СП «Tсеll», ТК-Мобайл ва ғайра. Байни муассисаҳои номбурдашуда ва донишгоҳ шартномаҳои дутарафа мавҷуданд.
Тавсифи мухтасари ихтисосҳои факултет чунинанд:
Ихтисоси «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ»
Дараҷаи таҳсилот: Бакалавр
Дараҷаи маълумот: Иқтисодчӣ
Мӯҳлати тахсил: 4 сол
Шифри ихтисос: 1-25.01.03
Шакли таҳсил: рӯзона
Мутахассисони ин соҳа бояд дар асоси донишҳои касбӣ ташаккулдиҳи ва истифодабарии ахборотҳоро оид ба активҳо, ӯҳдадориҳо, даромадҳо ва хароҷотҳои корхона, ташкилот, муассисаро таъмин менамояд, ва инчунин, барои оқилона ташкил намудани муносибатҳои молиявӣ - иқтисодии объектҳо мусоидат карда, барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва моликияти шахсони ҳуқуқию воқеӣ кӯмак мерасонад.
Ихтисоси «Информатик иқтисодчӣ»
Дараҷаи таҳсилот : Бакалавр
Дараҷаи маълумот: Иқтисодчӣ -информатик
Мӯҳлати таҳсил – 4 сол
Шифри ихтисос: 1-25. 01. 12
Шакли таҳсил: рӯзона
Информатик иқтисодчӣ - ин мутахассисет дар соҳаи системаҳои итттилоотӣ буда, масъалаҳои функсионалиро ҳалу фасл менамояд ва инчунин иттилооти иқтисодиро дар соҳаи иқтисодиёт бо ёрии системаҳои иттилоотӣ идора менамояд.
Ихтисоси «Системаҳои таъмини бехатарии маълумот»
Дараҷаи таҳсилот: Бакалавр
Дараҷаи маълумот: Муҳандис-тадқиқотчӣ
Мӯҳлати таҳсил: 4 сол
Шифри ихтисос: 1-40.01.01-04
Шакли таҳсил: рӯзона
Ихтисоси «Системаҳои таъмини бехатарии маълумот» дар қатори яке аз ихтисосҳои заруртарини қарни ХХI истода, тайёр намудани мутахассисони баланд ихтисоси қобиляти ташкил намудани ҳифзи ахбори соҳавию сохторҳои ҳам давлатию ва ҳам тиҷоратии хосияти гуногун доштаро дар ҳамаи сатҳи ахбор ба амал меборорад.
Ихтисоси «Web-дизайн ва графикаи компютерӣ»
Дараҷаи таҳсилот: Бакалавр
Дараҷаи маълумот: Барноманавис
Мӯҳлати таҳсил: 4 сол
Шифри ихтисос: 1-31.03.04-08
Шакли таҳсил: рӯзона
Web, – дизайн ва графикаи компютерӣ – яке аз соҳаҳои мухимтарини илм дар солҳои охир ба шумор рафта, бо методҳои навиштани барномаҳои компютерӣ дар шабакаи Интернет равона карда шудааст. Донишҷӯёни ин ихтисос ба намуди зерини фаъолияти касбӣ тайёр карда мешавад:
  • Барноманависӣ
  • Лоиҳакашӣ
  • Web – дизайн
  • Графикаи компютерӣ
Ихтисоси «Кибернетикаи иқтисодӣ»
Дараҷаи тахсилот: бакалавр
Дараҷаи маълумот: муҳандис-иқтисодчӣ
Мӯҳлати таҳсил: 4 сол
Шифри ихтисос:1-31. 03. 06-02
Шакли таҳсил: рӯзона ва ғоибона
Мутахассисони риштаи мазкур асосан бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, комплекси барномаҳои амалӣ ва гуногун дар фаъолиятҳои молиявии иқтисодӣ истифодашаванда ва татбиқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мушахаси иқтисодӣ машғул мешаванд. Мутахассисони ин соҳа муаммоҳои иқтисодиро бо истифодабарии усулҳои математикӣ ҳал мекунанд, ки дар натиҷа роҳҳои дақиқи пешрафти иқтисодиёт дарёфт карда мешаванд.
Ихтисоси Таъмини математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор ва низомҳо
Дараæаи таҳсилот: Бакалавр
Дараæаи маълумот: Муҳандис-барномасоз
Мӯҳлати таҳсил: 4 сол
Шифри ихтисос: 1-31.03.03-01.09
Шакли таҳсил: рӯзона
Ихтисоси «Таъмини математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор ва низомҳо» яке аз ихтисосҳои замонавие, ки мутахассиси соҳиби маълумоти соҳаи барномасозӣ ва технологияи коркарди таъминоти барномавӣ мебошад.
Ихтисоси номбаршуда яке аз соҳаҳои илм буда омӯхтани он ба методҳои навиштани барномаҳои амалии компутерӣ ва автоматикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ равона карда шудааст.
Хатмкунандагони ин ихтисос соҳиби ихтисоси муҳандис-барноманавис гашта мувофиқи тайёрии асосӣ ва махсус метавонад намудҳои зерини фаъолияти касбиро иæро намояд.
Барноманавис-балоиҳагиранда;
Админстратори системавии системаҳои иттиллоотӣ;
Барноманавис истифодабаранда;
Мутаххасиси соҳаи коркарди иттиллоот;
Барноманвависи амалӣ.
Ихтисоси «Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ», рамзи ихтисос – 1450101, забони таҳсил – тоҷикӣ, шакл – ройгон ва пулакӣ,намуд – рӯзона ва ғоибона, тахассус – муҳандис – аналитики соҳаи телекоммуникатсия,мӯҳлат-5 сол.дараҷа – мутахассис.
Ихтисоси «Системаҳои телекоммуникатсия» (истифодабарӣ), рамзи ихтисос – 195020401,забон – тоҷикӣ, намуд – рӯзона. тахассус – муҳандиси телекоммуникатсия, мӯҳлат–5 сол, дараҷа – мутахассис.
Ихтисоси «Низомҳои алоқаи радиошунавоӣ, радио ва телевизион», рамзи ихтисос –1450102.забон–тоҷикӣ, тахассус–муҳандиси соҳаи алоқа,мӯҳлат–4 сол,дараҷа – бакалавр.
ихтисоси «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)» - ро ба ӯҳда дорад. Рамзи ин ихтисос – 140010202, забони таҳсил – тоҷикӣ, ва мӯҳлати таҳсил – 4 сол мебошад.
Баъди хатми факултет, мутахассисони ин соҳаҳо метавонанд дар коргоҳҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар лабораторияҳои илмӣ – тадқиқотӣ, дар ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва Интернет, дар сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои соҳаи алоқа, дар стансияҳои автоматикунонидашудаи телефони байнишаҳрӣ ва ирсоли радио ва телевизион, дар марказҳои алоқаи моҳворавӣ кор ва фаъолият баранд. Ширкати «Мегафон» ба кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроника як қатор таҷҳизотҳои коммутаторӣ, амсоли сектори истифодабарии SSS, BS, ва BSC барои ҳамкорӣ тӯҳфа намуданд. Дар ин коммутаторҳои алоқаи мобилӣ таҷҳизотҳо ва воситаҳои ширкатхои бонуфузи олмонӣ SIEMENS ва хитоӣ HUAWEI истифода бурда мешавад, ки дар ҷодаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат мекунанд.
 

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло