1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

Факултети математика





Cуроға: 
махаллаи 20 бинои таълимии №1
Телефон:  8(3422) 24384


Оиди факултет

Факултети математика ҳамрадифи донишгоҳ буда, дар соли аввали хониш дар ду шӯъбаи донишкада – кимиёву биология ва физикаю математика ҳамагӣ 26 нафар донишҷӯ таҳсил дошта 12 нафарашон ихтисоси математикаро ташкил медоданд, ки аз онҳо соли 1936, 7 – нафар соҳиби дипломи омӯзгорӣ гаштанд.

Солҳои 1932-37 вазифаи декани факултет мавҷуд набуд. Ин вазифаро директори донишкада иҷро мекард. Дар соли 1938 вазифаи декани факултет таъсис ёфт. Якумин декани факултет М. Акрамов (1938-1942) буд. Минбаъд шахсони зерин ин вазифаро иҷро карданд: А.С. Малявин (1943-1944), Т.Ҳ. Ҳомидов (1944-1956), А.М. Қурбонов (1957-1970), Р.Т. Ҳасанов (1970-1992), А.Қодиров (1992-1993), А.Б. Нозимов (1993-1995), А. Рашидов ( 1995-2007), Ё. Дадоҷонов ( 2007-2011) аз октябри соли 2011 вазифаи декани факултет ба ӯҳдаи Қ.Бобохонов мебошад. Таърихи таъсисёбии кафедраҳои факултет

Аз соли таъсисёбии факултет 1932 то соли 1937 кафедраи ягонаи математикаю физика мавҷуд буд. Минбаъд кафедраи мустақили физика ва математика ташкил карда шуд. Он вақт кафедра ҳамагӣ 7 нафар аъзо дошт. Барои силсилаи фанҳои математикӣ то соли 1955 ин кафедраи ягона буд. Аввалин мудири кафедра А. Худойбердиев буданд. Пас, мудирони кафедра А.П.Писарев (1934-1938), Х.Азизов (1938-1939), К.С.Карпенко (1940-1944), М.С.Горштейн (1944-1950), А.С.Содиқов (1950-1955).

Соли таҳсили 1955-56 кафедраи ягонаи математика ба ду кафедра ҷудо шуд: математикаи олӣ ва математикаи элементарӣ. Кафедраи математикаи олӣ аз соли 1955 то соли 1975 фаъолият бурдааст. Дар ин муддат инҳо мудири кафедра буданд: А.С.Содиқов (1955-1962), Р.Т. Ҳасанов (1963-1966), Б.Толбоев (1966-1972), Ш.А.Аҳмадов (1972-1975)
Кафедраи математикаи элементарӣ низ аз соли 1955 то соли 1975 фаъолият кардааст. Дар ин муддат инҳо мудири кафедра буданд: Л.А.Рогов (1955-1956), Х.М.Муҳаммадиев (1957-1970), А.М.Қурбонов (1970-1975).

Соли 1972 ба ду факултети мустақил - факултети математика ва факултети физика ҷудо шудани факултети физикаю математика боиси таъсиси кафедраҳои нав гардид. Дар он сол кафедраи Методикаи таълими математикаю физика ба ду кафедраҳои мустақили Методикаи таълими математика ва математикаи элементарӣ ва кафедраи Методикаи таълими физика ҷудо шуданд. Охири соли 1975 кафедраи математикаи олӣ ба ду кафедра ҷудо карда шуд: кафедраи анализи математикию назарияи функсияҳо ва кафедраи алгебраю назарияи ададҳо, кафедраи нав геометрия таъсис дода шуд. Ҳамин тавр дар факултети математика аз соли 1975 то соли 1991 4 кафедра фаъолият бурдааст.

Соли 1991 кафедраи информатика ва математикаи ҳисобарор ташкил ёфт. Ба муносибати ба Донишгоҳ табдил додани донишкада дар факултет соли 1992 боз ду кафедраи нав таъсис дода шуд: кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи функсионалӣ ва кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ. Минбаъд кафедраи алгебраю назарияи ададҳо ва кафедраи геометрия муттаҳид карда шуда, кафедраи алгебра ва геометрия номгузори карда шудааст.
- кафедраи анализи математикӣ. Дар ин муддат инҳо мудири кафедра буданд: Ш.А.Аҳмадов (1975-1988), М.Х.Турсунов (1989-1991), А. Олимов (1991-2012), А.Мухсинов(2012 то имруз).
- кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ. Баъди донишкада ба донишгоҳ табдил ёфтан кафедра чунин номгузорӣ карда шуд: кафедраи методикаи таълими математика, информатика ва техникаи ҳисоббарор. Дар ин муддат инҳо мудири кафедра буданд: А.Н.Довудов (1974), А.М.Қурбонов (1975), К.С.Самадов (1976-1985), Ё.Дадоҷонов (1985-2007), А.Рашидов (аз 2007-2012), В. Ахруллоев (2012-2015), С. Рачабова аз мохи марти 2015 то имруз)
- кафедраи барномасози ва МҲ . Дар ин муддат инҳо мудири кафедра буданд: А.Б.Нозимов (аз январи 1991 то июли1991), Қ. Тухлиев (1991-2006), М.Муллоҷонов (2006-2011), Қ.Тухлиев (аз 2011 то ҳол).
  -кафедраи алгебра ва геометрия. Ин кафедра пас аз ба донишгоҳ табдил додани донишкада таъсис дода шудааст. Дар ин муддат инҳо мудири кафедра буданд: А. Қодиров (1983-1991, 1994-1998), А. Бобоҷонов (1991-1994), О. Солеҳов (1998-2005), М. Дадоҷонова (2005-2006), О. Солеҳов ( аз соли 2006 то январи 2012), Д. Музафаров (аз январи соли 2012 инҷониб).
- кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ. Ин кафедра аз соли 1992-1997 фаъолият кардааст. Дар аввал и.в.мудири кафедра с.1992 Р.Ахмедов буд, пас  Х. Эгамов (2011-2014), Х. Шерали 2014 то имруз).
Дар факултет ҳоло ду семинари илмӣ таҳти роҳбарии профессор Мӯҳсинов А. ва дотсент Музафаров Д. амал намуда истодааст, ки асосгузори ин семинарҳо доктори илмҳои физикаю математика, профессор, аъзо-корреспонденти АФ Тоҷикистон Муҳаммадиев Э.М. мебошанд. Дар солҳои фаъолияти ин семинарҳо се нафар Байзоев С., Наимов А., Мӯҳсинов А. рисолаи докторӣ, Ғуломнабиев С., Солеҳов О., Бобоҷонов Ш., Бобохонов Қ., Тӯйчиев О. рисолаи номзади ҳимоя намуданд. Иштирокчиёни фаъоли ин семинар Шарипов З.(соли 2010), Музафаров Д.(2011) рисолаҳои номзадии худро дар Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои ядроии ш.Дубнаи Федератсияи Руссия рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Хатмкунандаи факултет иштирокчии ин семинар Назаров М.(соли 2011) рисолаи доктории худро дар хоричи кишвар Шветсия бо муваффақият ҳимоя намуда ҳоло дар яке аз Донишгоҳи Техаси ИМА кор карда истодааст.

Факултет бо марказҳои таълимию илмии муосир, ба монанди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнй, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш.Қурғонтеппа, Донишгоҳи давлатии ш.Хоруғ, ш.Пажӯҳишгоҳи проблемаҳои идоракунӣ, Институти математикаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон, Академияи Муҳандисии ҳарбию ҳавоии Руссия, Донишгоҳи техникии Вологда, Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои ядроии ш. Дубнаи федератсияи Руссия алоқаи мустаҳками илмию омӯзгорӣ дорад.

- профессорон Самадов К.С., Мӯҳсинов А., дотсентон Олимов А., Рашидов А., Усмонов О., Мирзоахмедов М., Эргашбоев Т., Тухлиев Қ. Муллоҷонов М., Солеҳов О., Эгамов Х., Ҳакимов У., Бобохонов Қ., Тӯйчиев О., Ҳамдамов Ш., Музафаров Д., Мӯҳсинов Ё., Ахруллоев В., Раҷабова С. , Юсупова Ф. ,сармуаллимон Охунов Н.,Дадоҷонова М.Ё.,Ниёзалиева М. ва дигарон дар конфронсҳои ин Донишгоҳҳо ва Институти математикаи назди Академия Улуми ҶТ иштирок ва баромад намуда истодаанд.
Муаллимони кафедра - Ф. Мирпоччоев ҳамчун аспирант дар таҳти роҳбарии академик М. Шабозов ва М. Файзиев ҳамчун аспирант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори фанҳои физикаю математика, профессор Сафаров Д.Х. корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебаранд. Сармуаллимон; М. Ниёзалиева таҳти роҳбарии доктори фанҳои педагогӣ Исломов О. Аҳмадбекова М таҳти роҳбарии доктори фанҳои педагогӣ, профессор Каримова И.Х. ва дигарон кори илмӣ-тадқиқоти бурда истодаанд.
Фаъолияти илмии факултет аз рӯи мавзӯи актуалии фанҳои дақиқ ба роҳ монда шудааст ва аз тарафи щайати профессорону омӯзгорон зиёда аз 300 асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ -оммавию илмӣ -методӣ интишор шудаанд.
Бо роҳбарии номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Музафаров Дилшод Зикриёхоҷаевич лоиҳаи шабакавии оид ба мураттаб намудани луғатҳои русӣ-тоҷикӣ ташкил карда шудааст. Дар ин лоиҳа мутахассисон аз шаҳрҳои Душанбе – Мосвка - Стамбул ва аз ИМА иштирок мекунанд. Координатори ин лоиҳа доктори Донишгоҳи Техаси ИМА, хатмкунандаи факултети математика Назаров Муртазо мебошад. Оиди истифода бурдани таъминоти барномавии ройгон корҳои тарғиботи ташвиқоти гузаронида истодаанд.
Омӯзгорони факултет дар иҷроиши лоиҳащои буҷавӣ фаъолона иштирок мекунанд. Бо роҳбарии дотсенти кафедраи МТМИ ва ТҲ Дадоҷонов Ё. оид ба мавзӯи буҷавӣ: «Асосҳои педагогӣ-психологии истифодаи компутер дар раванди таълими математикаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ» барои солҳои 2013-2017 (рақами қайди давлатӣ: 0113 ТД 00310 ) корҳои илмӣ-татқиқоти иҷро шудааст. Донишҷӯёни солҳои таҳсили гуногун ба монанди Назаров М., Музафаров Д., Мирзобобоев М., Бобоев Э., Баротов Д.,Шодиев С.,Раҳмонов Б. дар маҳфилҳо ва семинари илмии факултет иштирок ва баромад намуда дар олимпиадаҳои донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳури ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд. Соли 2007 Мирзобобоев М. дар олимпиадаи донишҷуёни Осиёи Маркази, дар ш.Теҳрон гузаронидашуда буд ҷои сеюмро ишғол намуд. Омӯзгорони факултет бо мактабҳои МТУ ва гимназияву литсейҳои шаҳру ноҳияҳо ва Институти такмили ихтисоси муаллимон алоқаи зич доранд. Соли 1991 дар шаҳри Хуҷанд литсей ташкил шуд. Таълими математика дар литсей ба ӯҳдаи дотсенти кафедраи МТМ ва ТИ Усмонов О. гузошта шудааст.

Як қатор хатмкунандагони факултет дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷумла профессор Қодиров А. солҳои тулони вазифаи ректори Донишгоҳи политехники дар ш.Хуҷанд бударо ба ӯҳда доштанд, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Қодиров Б. солҳои тулони дар вазифаи муовини директории Пажущишгощи илмщои педагогии Тоцикистон ба ӯщда дошта якчанд номзадони илмро тайёр кардаанд. Ҳоло бошанд дар вазифаи профессори кафедраи математикаи олӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии педагогии ш. Борисоблекск –и вилояти Воронежи Федератсияи Руссия фаъолият мебаранд.

Ҳоло дар факултет зиёда аз 1200 нафар донишҷуён дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои – математика, информатика, математикаи амалӣ, математика-физика ва донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона аз рӯи ихтисосҳои математика, математикаи амалӣ таҳсил мекунанд
Донишҷуёни ҳамаи курсҳои шӯъбаи рӯзона бо низоми кредити таҳсил менамоянд. Дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ ба факултети мо оиди ташкили таҳсили нимсиклии кредит ба таври таҷрибавй иҷозат додашудааст, ки ин такмили раванди таълим дар сощаи низоми кредити мебошад. Аз соли таҳсили 2012-2013 бо иҷозати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди факултет аз рӯи ихтисосҳои «Математика», «Математикаи татбиқӣ ва информатика» магистратура амал менамояд. Донишҷуёне, ки аз рӯи нақшаи бакалавриат Донишгоҳро хатм мекунанд, метавонанд ба магистратура дохил шаванд. Ҳоло омӯзгорони факултет барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи математика кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Аз тарафи омӯзгорони факултет якчанд китобҳои дарсӣ ва раҳнамоҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ тайёр карда шудаанд. Дар интишори онҳо саҳми профессорон Наимов А., Мӯҳсинов А., дотсентон Нозимов А., Олимов А.,Дадоҷонов Ё., Аҳруллоев В., Рашидов А., Усмонов О., Мирзоахмедов М., Тухлиев Қ., Муллоҷонов М., Солеҳов О., Ахмедов Р., Бобохонов Қ., Эгамов Х., Тӯйчиев О., Ҳамдамов Ш., Музафаров Д., ва сармуаллимон Атаева М., Дадочонова М., Бабоева М., Охунов Н., Эгамова Ш., Раҷабова С. калон мебошад.
Барои таълифи ин асарҳо Макомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Сугд аввалин маротиба дар байни муаллимони фанҳои дақиқи Донишгоҳ, устодон – М. Муллоҷонов ва К. Тухлиевро бо Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонид
Мо боварии комил дорем, ки минбаъд ҷомеаи факултети математика дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос саҳмгузор мешавад.  

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло