Нишасти 161–уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дирӯз бо ширкати олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъ дар толори факултети филологияи тоҷик баргузор шуд. Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки ин даъфа маҳфил ба ду санаи таърихӣ бахшида мешавад, ки яке 140 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ ва дигаре 75-солагии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов мебошад. Декани факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Муҳаббат Тиллохӯҷаева меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯёни факултет маълумот дод.
Аз назар гузарониданд: 7 нафар
|