ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.



ВОХӮРӢ БО ВОЛИДОНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОР
Дар синфхонаи 409  ҷаласаи васеъи волидони донишҷўёни курси 1-уми ихтисосҳои аудит ва ревизия, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, кори бонкӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон  мувофиқи ҷадвали тасдиқ гардида ташкил ва гузаронида шуд. 
Ҷаласаи мазкурро декани факултет профессор А.Л.Қодиров оғоз намуданд.  Роҳбари факултет қайд кард, ки донишҷӯёни факултет бояд дар асоси Фармони ВМҶТ №14/2 аз 4.10.2007  оиди «Дастурамали либосҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» ба дарс ҳозир шаванд.  
Аз назар гузарониданд: 214 нафар

МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОР
Дар факултети молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳ маҳфили илмии донишҷўён баргузор гардид. Дар ин маҳфил устодони факултет ва донишҷўён иштирок намуданд. Сараввал ноибдекан оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Р. Мавлонов маҳфилро ифтитоҳ намуда, таъкид сохт, ки маҳфили мазкур тибқи нақшаи тасдиқшуда бо мақсади ҷалби донишҷўён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил карда шудааст. Сипас роҳбари маҳфили илмии факултет муаллима Н. Рахматова  қайд намуд, ки  таваҷҷўҳ ба дастгирӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз ҳамчун яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хирадмандонаи маҳсуб ёфта, ин тадбири муҳим ба таҳкими фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну аспирантон, саҳми боризи онҳоро дар пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мусоидат намудааст.
Аз назар гузарониданд: 219 нафар

ҶАШНИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА
Бахшида ба ҷашни Рӯзи забон дар толори факултети математика чорабинии илмиву бадеӣ таҳти унвони «Забон – сарчашмаи бахти миллат» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби донишҷӯёни курси якуми факултети математика  таҳия гардида, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар оғози чорабинӣ декани факултет дотсент Қ. Бобохонов суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо Рӯзи забон ва Рӯзи  Рӯдакӣ табрику муборакбод намуданд.
Аз назар гузарониданд: 310 нафар





СУРУДИ ДОНИШГОҲ



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар