ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.



ДУНЁРО ХУРШЕД РАВШАН МЕКУНАД, ДИЛҲОРО КИТОБ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати 26- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» таҳти унвони «Биёед, китоб мехонем» аксияи китобро баргузор намуд, ки дар он  бештари Китобхонаҳои вилоят китобҳои тозанашри  худро ба намоиш гузоштанд. Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳам ба монанди дигар муассисаҳои фарҳангӣ китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳро ба намоиш гузошт, ки аз он  хонандагони мактабҳои миёна, олӣ ва умуман мардумони касбу кори гуногун ғизои маънавӣ бардоштанд.  Дар  аксияи мазкур 50 номгў ва 108 адад китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 800 адад китобҳои устодон ва олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд. Ҳадаф аз гузаронидани « Аксияи китоб» ин тарбияи насли   ҷавон, тарғибу ташвиқи фарҳанги китобдорӣ ва мутолиаи китоб мебошад. 
Аз назар гузарониданд: 301 нафар

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ НАВИН”
Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Истиқлолияти миллӣ ва рушди Тоҷикистони навин” бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. 
Дар кори конфронс намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита кор бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Шамсиева Манзура Набиевна ва устодону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Аз назар гузарониданд: 256 нафар

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ 26-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ташкилёбии давлати соҳибихитиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаи тоҷикон натиҷаи талошҳои пайваста ва ниҳояти ҷонбозиҳои халқхои маскуни ин сарзамин маҳсуб меёбад.
Аз назар гузарониданд: 212 нафар

ШАНБЕГӢ БО ҶАЛБИ 2000 НАФАР
Шанбеи ҳафтаи гузашта наздик 2000 нафар кормандону донишҷўёни 15 факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирду атрофи биноҳои таълимии №1, №2, №3, факултетҳои филологияи тоҷик, санъат, геоэкология, тарбияи ҷисмонӣ, таърих ва ҳуқуқ, филологияи руси донишгоҳ ва хобгоҳҳои №1, 2, 3 ва 9 донишҷӯён шанбегиҳо гузаронида, гирду атрофи муассисаи таълимӣ, синфхонаҳо, долонҳо, боғу гулгаштҳо ва роҳраву ҷўйборҳоро аз партовҳо тоза карданд.  
Аз назар гузарониданд: 215 нафар

АФЗУДАНИ 20 ФИСАДИ МАОШ
Дар меҳвари сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва муҳайё намудани зиндагии шоиста мавқеи асосиро ишѓол менамоянд. 
Аз назар гузарониданд: 238 нафар

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРИ ШОДРАВОН ПРОФЕССОР АБУЛҚОСИМ МӮҲСИНОВ
Бо мақсади гиромидошти поси хотири Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи анализи математикии факултети математика шодравон Абулқосим Мӯҳсинов бо назардошти хизматҳои шоистаи устоди шодравон дар соҳаи илму маорифи кишвар, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як силсила иқдомҳо амалӣ карда мешаванд.
Аз назар гузарониданд: 197 нафар


<< < 37 | 38 | 39 | 40 > >>



СУРУДИ ДОНИШГОҲ



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар