ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.



ОЛИМИ ҶАВОНИ СОЛ-2017

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон”  чорабиниҳои  илмию фарҳангӣ, оммавӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро  дар сатҳи зарурӣ ташкил намуда, ба ин васила, дар доираи қонуну санадҳои танзимкунанда ҷавононро дастгирии иқтисодӣ намуда онҳоро тавассути баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгири намудан аз омилҳои номатлуб ва ба фарҳангдӯстию меҳанпарастии роҳнамун сохт.

 

Аз назар гузарониданд: 69 нафар

МУЛОҚОТ ОИД БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу впҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа бо ширкати Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Р.Ҳошимзода, ректори ДДҲБСТ Шарифзода Мумин Машокир ва ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло баргузор гардид.

Аз назар гузарониданд: 81 нафар

ҶАМЪБАСТИ СОЛИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 5.01.2018 дар толори Раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  дар асоси нақша чорабиниҳои донишгоҳ, чорабинии ҷамъбастии Соли ҷавонон, ки бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои ҷавонони донишгоҳ дар соҳаҳои илму иноватсия, таълиму тарбия ва фарҳангу варзиш баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд  Тоҷибой Султонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилоят Фирдавс Салимӣ, мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.  

 

Аз назар гузарониданд: 96 нафар

ҶОИЗАҲОИ НАВ БА ДОНИШГОҲ ОМАДАНД

Дар ҷаласаи Шӯрои Олимон, ки санаи 28.12.2017 дар  толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, якчанд устодони донишгоҳ бинобар сарфароз шуданашон бо диплому ҷоизаҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, Х. М.  Сабуров муовини ректор оид ба илм  ва инноватсия сазовори Дипломи аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия шарафёб гардид.

Аз назар гузарониданд: 133 нафар

ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо дастгирӣ ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм ва амнияти миллӣ” баргузор карда шуд.

Аз назар гузарониданд: 111 нафар

АЗ РАВАНДИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР ДОНИШГОҲ

Тибқи талаботи мавҷуда ва нақшаи қабулгардида ҳарсол устодону омӯзгорони донишгоҳ аз курси тайёри такмили ихтисос гузаронида мешавад. Имсол низ дар ин самт корҳои муайяни ташкилӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Ҳадафи гузаронидани такмили ихтисос такмил ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омўзгорон буда,  курсу семинар, машғулиятҳои амалӣ, лексия, машваратҳои фардӣ, гурўҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, илмию-методӣ, таълимию-методиро дар бар мегирад.  

Аз назар гузарониданд: 93 нафар


<< < 1 | 2 | 3 | 4 > >>



СУРУДИ ДОНИШГОҲ



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар