ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 23.02.2018, таҳти № №135 байни донишҷўёни факултетҳо озмуни умумидонишгоҳии «Ёддоштхонӣ» гузаронида мешавад. Даври ниҳоии озмун дар ҳафтаи Рўзи илми тоҷик дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони даври ниҳоии озмун бо туҳфаҳои хотиравии ректори донишгоҳ сарфароз мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд, ба садорати китобхонаи марказӣ ва ё почтаи электронии romizjon-84@mail.ru муроҷиат намоянд. маркази иттилоот ва таҳлил



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • ҶАШНИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР ДОНИШГОҲ

  • НАВРӮЗ-ҶАШНИ ҲУҶАСТАПАЙ

  • Таҷлили Наврўзи ҷаҳонӣ дар донишгоҳ

  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

Бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ояндаи дурахшон ва умедбахш!


ТАЪЛИМИ ИНКИШОФЁБАНДА ВА ХУСУСИЯТҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ ОН ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМИ ФИЗИКА

Дар факултети физикаю техника семинари илмӣ-назариявии намунавӣ ва ҷамбасти ҳафтаи илмии факултет гузаронида шуд. Дар семинар профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Файзиев И. таҳти унвони “Таълими инкишофёбанда ва хусусиятҳои истифодабарии он дар ҷараёни таълими физика”  маърӯза намуд. Мавсуф оид ба паҳлуҳои асосии таълими инкишофёбанда яъне салоҳиятноки маълумотҳои илмӣ пешниҳод намуд. 

Аз назар гузарониданд: 118 нафар

ТАҶЛИЛИ НАВРЎЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Ҷашни Наврўзи ҳуҷастапай имсол ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо маросими кушодашавии Осорхонаи таърихии донишгоҳ дар тарҳи ҷадид оғоз гардида, тамоми собиқадорон, олимону мутахассисон, меҳмонону ҳунармандон ва устодону донишҷўёнро ба майдони наврўзии саҳни бинои 1-и таълимӣ ба ҳам овард.

Аз назар гузарониданд: 253 нафар

НИШАСТИ НАВРӮЗИИ “ГАНҶИ СУХАН”

Нишасти 160  маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар ҳузури бештар аз дусад нафар дӯстдорони каломи бадеъ бо иштироки олимону адибони номвари кишвар дар арафаи Наврӯзи дилафрӯз дар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо Наврӯз муборакбод гуфт ва иттилоъ дод, ки ин нишаст ба ду воқеаи фараҳбахш яке фарорасии Баҳору Наврӯз дигаре ба  солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст.

 

Аз назар гузарониданд: 126 нафар

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ҶЎРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ИДИ НАВРЎЗ

Устодони муҳтарам!

Донишҷўёни гиромӣ!

Нахуст дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки баҳори фаррухпай ба сарзамини мо қадамҳои муборак хешро  мегузорад, фарорасии ҷашни  ҷаҳонии Наврўзро бароятон таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ҳузури ин баҳор ва ин ҷашни хуҷаста имсолу солиёни дигар ба  ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми азизи кишвар рўзҳои офтобиву гулрез, фаровониву нусратёрӣ, дастархони пур аз нозу неъматро чун ҳадяи беҳтарини идона ато оварад.  

 

Аз назар гузарониданд: 128 нафар

НАВРӮЗ-ҶАШНИ ҲУҶАСТАПАЙ

Дар  толори факултети физика ва техникаи Донишгоҳ бахшида ба омад омади Наврӯзи оламафрӯз аз ҷониби маҳфили “Гулчини адаб”-и  назди кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни факултети филологияи рус, математика, физика ва техника бо табрикнома, қироати шеърҳо, хондани суруд, рақсҳои ҷолиб ва  иҷрои саҳначаҳо баромад намуданд. Дар чорабинӣ декани факултети физика ва техника дотсент Шамсиддинов М, намоянда аз шӯъбаи тарбияи донишгоҳ, иштирок намуданд. 

Аз назар гузарониданд: 180 нафар

СОЛИ 2018 – СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ бахшида ба Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикор ва иштироки донифшҷӯёни гурӯҳи 310, ихтисоси назария ва амалияи тарҷумаи забони англисӣ викторинаи илмӣ дар мавзӯи “Tourism”(Саёҳат) баргузор гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 118 нафар

ЗАН ЧАРОҒИ ХОНАДОН

Таҳти чунин унвон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар дар толори хобгоҳи №3-и донишгоҳ бо иштироки устодон ва гулдухтарони ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.

Ба чорабинӣ устоди кафедраи умумидонишгоҳии  сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ М. Қурбонова ҳусни ифтитоҳ бахшида, тамоми меҳмонон ва донишxeёнро бо фарорасии фасли баҳор ва  Рӯзи модар табрику муборак бод намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки занҳо фариштаи рӯи замин, чароғи хонадон, роҳнамои фарзандон мебошанд.

 

Аз назар гузарониданд: 119 нафар

ҶАШНИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Иди бонувон, “Рӯзи модар” барномаи адабию фарҳангӣ бо иштироки меҳмонон ва устодону бонувони донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда иброз дошт, ки имрӯз сиёсати давлату Ҳукумат махсусан таваҷҷӯҳи Пешвои миллат дар баланд бардоштани мавқеи зан  дар ҷомеа назаррас буда, ба он равона гардидааст, ки то ҳаёти занону модарони мо осоишта гардида, ин табақаи иҷтимоии пурмалоҳати ҷомеа ҳамчун роҳбар, сиёсатмадор, олим ва тарбиятгари беҳтарин шинохта шаванд. 

Аз назар гузарониданд: 228 нафар

<< < 2 | 3 | 4 | 5 | 6 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Рўзҳои 6-7-уми апрели соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ...

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ
Холо дар сомона: 23 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар