ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Ифтитоҳи гербарии ботаникӣ дар донишгоҳ

  • Таҷлили Рӯзи муаллимон дар донишгоҳ

  • Робитаҳои байналмилалӣ: Семинари омўзишии байналмилалии ЕRASMUS+ EXTEND

Бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ояндаи дурахшон ва умедбахш!


НОМАИ КУШОД БА САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҶАТТУЛЛОҲ ФАҒОНӢ

“Пешгуфтор: Ҳамагон медонанд, ки имрўзхо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурхонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумхурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш  борони тухмату бухтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷўёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел норохат намудааст, ки  ў  бо интихоби  лақаби «Истаравшанӣ»  ба номи шахри бостонии мо иснод меорад.  Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон  мо  — як гурўх сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумхурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда,  асли ин шахсро барояшон  тавзех дихем.

Баъди иншои нома  гурўхи мазкур банда — Юлдошев Илхом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба ҷаноби сафир расонам. Онхо бароям рохпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва  ман рўзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017  озими шахри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. 

 

Аз назар гузарониданд: 273 нафар

ФОҶИАИ ТОҶИКОНРО КИҲО БАРАНГЕХТАНД?

Оид ба филми мустанад оид ба ҷанги ҳамватанӣ дар Тоҷикистон

Баъд аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи чашмгире ба даст овард. Ин марҳалаи нав дар шинохти кишвар ва нуфузу эътибори комили он дар миёни ҷомеаҳои бузурги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Табиист, ки расидан ба падидаи неки истиқлол фурсати бештар тақозо мекард. Шак нест, ки тоҷикон беш аз ҳазор сол хоҳони ин ормон буданд ва дар ин роҳ кўшиши хастанопазир ба харҷ доданд. Ин ният дар охири садаи бистум дар лаҳзаи хеле ҳассос рух дод. Тоҷикистон истиқлол ба даст овард, аммо, мутаассифона, аз оғоз гирудори ҷанги ҳамватанӣ, кашмакаши шаҳрвандӣ, низоъи хонагӣ ба фазои кишвар чангу ғубор овард. Тоҷикистони таърихӣ, нозанин ва ҳамешасабз рўзгори махуф, нохуш ва андўҳбореро аз сар гузаронид. Вартаи ҳалокатовару фоҷиабор фазои ҷомеаро фаро гирифта, мардум аз бесарусомонии сиёсиву иҷтимоӣ ба танг ва ба дард омадаанд. Гирудори тоҷикон паёмади сахт ошўбанда ва табоҳкунанда дошт. Ҳама ҷо ва ҳама касро эҳсоси нохуш ва номатлубе фаро гирифт. 

 

Аз назар гузарониданд: 191 нафар

ХИЁНАТКОРӢ БА АМАЛИ МУҚАРРАРИИ ҲНИТ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Бештари инсонҳо оид ба мусулмонӣ чунин андеша доранд, ки мусулмонӣ бо забон гуфтану бо қабл тасдиқ кардан аст. Дар ин маврид фармудае низ ҳаст, ки «Мусалмони комил он аст, ки дагарон аз забон ва дасти ӯ озоре набинанд». Аммо мутаассифона имрӯзҳо зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеа, ки аксаран ҳадафҳои нопоки худро таҳти ниқоби дини мубини ислом роҳандозӣ мекунанд ба назари аҳли олам динро ҳамчун василаи ихтилофангез муаррифӣ мекунад. Дур намеравем, мушоҳида мекунем фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломиро. Аксари аъзову пайравони он ришдорону гӯё мардуми аҳли тақво. Чун дар симои онҳо менигарӣ аз ришҳои дарозашону гуфторашон, ки саропо муноҷот бо Худост эҳсос мекуникӣ, ки ягон сӯфимашраб ва ё аҳли бузурги тақвоанд. Вақте аз амалҳои разилонаву манфураш огоҳ мешавӣ пай мебарц ки, ин ришдор мусалмон нест, балки душмани дин аст. vvvv

 

Аз назар гузарониданд: 195 нафар

ФАРЗАНДИ БАД ДОҒИ ПАДАР…

Дар ҳақиқат бамаврид қайд намудааст бузургмарде, ки:

Фарзанди нек боғи падар,

Фарзанди бад доғи падар.

Фарзанд беҳтарин нишонаву нахли умри инсон дар рӯи замин буда, фарзанди нек мисли боғи падар пур аз ҳосилу тароват ва фарзанди бад мисли доғ дар рӯи поки волидон аст.

Аз Луқмони Ҳаким мепурсанд, ки фарзанди бадро чигуна ташбеҳ медиҳӣ? Дар ҷавоб мегӯяд, ки: - Фарзанди бад мисли ангушти шашум аст, ки агар ӯро бурӣ даст дард мекунад ва агар дар даст боқӣ гузорӣ боиси шарм ва нафрати инсон аст.

Ба табори чунин нафарон фарзандони нохалафи миллат, Муҳиддин Кабирӣ ва аъзову павравони ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аъзову пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии гурӯҳи 24 ба ҳисоб мераванд, ки волидонашонро дар дами пирӣ хору зор намуда, дар назди хоҷагонашон умр ба сар бурда истодаанд. 

 

Аз назар гузарониданд: 227 нафар

ҲИЗБИ ХАЛАЛДОРКУНАНДАИ СУЛҲУ АМНИЯТ

Пас аз пош хўрдани ИҶШС  кишварҳое, ки шомил дар он буданд, мустақилияти худро ба даст оварданд. Тоҷикистон низ дар арсаи ҷаҳонӣ худро мустақил эълон кард. Бояд таъкид кард, ки дар солҳои аввали истиқлолият дар худуди Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд ва он амалкунанда аст. Ҳизби наҳзати ислом яке аз онҳо  мебошад. Тоҷикистон мамлакати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва ба дину оин низ аҳамияти беандоза медиҳад. Вале бархе аз шахсон аз он истифода намуда, қонушиканӣ намуда, барои халалдор намудани сиёсати имруза кўшиш ба харҷ медиҳанд. Аз рўйдодҳои солҳои охир (воқеаҳои Сурия дар назар аст) маълум мегардад, ки ҳизби номбурда фаъолони худро дошта, оилаҳои зиёдеро бо фиребу гумроҳкунӣ фарзандони мардумро ба Сурия сафарбар карда истодаанд, ки дар натиҷа амалҳои номатлуб пеш меояд. Ба ин фарзандони гумроҳшуда аз забони шоири бузург Сайидои Насафӣ гуфтаниям:

 

Аз назар гузарониданд: 168 нафар

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ МАМНЎИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пайдоиши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи баҳсу мунозираҳои сиёсиву иҷтимоии нимаи дувуми солҳои 80-уми асри гузашта вобаста аст. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ як давра Тоҷикистон ба гирдоби беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ гирифтор шуд, ба сари мардум ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил гардид. Аз ин ҷанг кишвар офатзада гардид, мардум бесарусомон шуданд. Таърих исбот кард, ки дар оташ додани ҷанги шаҳрвандӣ Ҳизби наҳзати ислом ба даст дорад. Мақсади асосии ҳизб барҳам додани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташкили давлати исломӣ буд.

Аксари мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, зиёиёни бофарҳанги тоҷик ба ташкили ин ҳизб зиддият нишон доданд. Кор ба ҷое расид, ки ҳокими шаҳри Ленингради собиқро ба шаҳри Душанбе даъват намуданд. Дар он вақт Собчак ба Ленинград сарварӣ менамуд. 

 

Аз назар гузарониданд: 183 нафар

ОҚИБАТҲОИ МУСИБАТОВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТЭТ ҲНИТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо ифтихори Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 соли “Ҷавонон” эълон гардид.

Эълон гаштани соли 2017  чун соли  “Ҷавонон” аз таваҷҷӯҳи хоси  Президенти кишвар нисбат ба насли ҷавон  дарак медиҳад. Ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати  Ҳукумати кишвар қарор  дошта, ҷиҳати татбиқи  сиёсати  давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд,Маҳз ҷавонон чун  нерӯи созанда ва  пуриқтидори ҷомеа, метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати  мамлакат  саҳми босазои худро гузоранд .

Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.

 

Аз назар гузарониданд: 152 нафар

ГУМРОҲИВУ БЕМАСЪУЛИЯТӢ НАШОЯД

Мусаллам аст, ки тоҷикон аз қадимтарин халқҳои мутаммадини маҳсуб ёфта, дар дарозои таърих дар олами сиёсат, ҳикмат ва фарҳанги ҷомеаи башарӣ саҳми муносиб гузошта, борҳо фоҷиаҳои хунин, хавфи завол ва маҳви миллиро аз сар гузаронидаанд. Ба раѓми аҷнабиён, ки тўли чанд қарн инқирози маънавию нажодии тоҷиконро ҳадафи хеш қарор дода буданд, ин миллати хирадпарвар ҳаргиз ба ягон кишваре дасти таҷовуз дароз накардаву нияти бад накардааст.

Шуруъ аз ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддӣ  “Терроризми байналмилалӣ” рў ба рў гаштааст. Имрўз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. 

 

Аз назар гузарониданд: 126 нафар

<< < 37 | 38 | 39 | 40 | 41 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

Tajikistan. The international community recognized TEO IRP as a terrorist organization. But…

ГИРДОБ...

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 19 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар