ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁН

  • ҲАМКОРИИ ТАЪРИХӢ ВА СУДМАНД

Бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ояндаи дурахшон ва умедбахш!


МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ БОНУВОН

Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори варзишии Литсейи №1-и ба номи М. Осимӣ мусобиқаи варзишии вилоятӣ аз рӯи намуди волейбол байни бонувони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор гардид.

Аз назар гузарониданд: 81 нафар

ВАҲДАТ – ПОЯИ ХУШБАХТӢ ВА РУШТИ МИЛЛАТ

Дирӯз дар факултети филологияи рус соати тарбиявии кушод бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд. Соати тарбиявии кушод аз тарафи донишҷӯёни курси якум гурӯҳи 102 таҳти роҳбарии куратори гурӯҳи академики дотсенти кафедраи ИНШХ- забони русӣ М. Искандарова  гузаронида шуд. Дар соати тарбиявӣ намоянда аз  раёсати Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд муаллима М. Мирпочоева,  мутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Х. Исмоилов, ҷонишини декани факултет оид ба корҳои тарбиявӣ дотсент С. Ёрова ва дигарон иштирок намуданд. 

Аз назар гузарониданд: 115 нафар

ҶАВОНОНИ БОЛАЁҚАТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баҳои баланд дода, барои донишандӯзӣ, корҳои илмию озмоишӣ, тарбияи маънавию варзишии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Театри бачагон ва ҷавонони ба номи Одилҷон Назаров барномаи фарҳангиву фароғатии ансамбли «Навои ҷавонӣ»  - и донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбия Рухсора Давлатзода ва устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.

Аз назар гузарониданд: 109 нафар

ИШТИРОКИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШИИ ДАВИ МИЛЛӢ

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он, санаи  20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 7000 ҳазор  устодон ва донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров  иштирок намуданд.

Аз назар гузарониданд: 174 нафар

ҲУСНУ НЕРӮИ ВАТАН АЗ ВАҲДАТ АСТ

Имрӯз дар гурӯҳи 107-и факултети филологияи тоҷик, бахши рӯзноманигорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дарси тарбиявӣ таҳти унвони “Ҳусну нерӯи Ватан аз Ваҳдат аст” баргузор гардид. Дар  дарси мазкур ноибдекани бахши тарбияи факултет И. Қосимова ва мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума К. Комилов иштирок карданд. Чорабиниро роҳбари гурӯҳ  Ш. Зарипова  ҳусни оғоз бахшид. Ровиёни чорабинии мазкур Аниса Вайдуллоева ва Зулхумор Ҳабибова доир ба ин мавзӯъ шеъру таронаҳо қироат намуданд. Донишҷӯён дар чорабинӣ хеле фаъол буданд, бо шеъру суруд, гуфтору тарона ҳисси ватандӯстии хешро инъикос мекарданд.  Донишҷӯён маърӯзаҳои хешро дар мавзӯи “Таърихи Ваҳдати миллӣ” ва асарҳое, ки Ваҳдати миллиро таҷассумгар буд, бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муаррифӣ намуданд.

Аз назар гузарониданд: 111 нафар

ТИНҶИВУ АМОНӢ ВА ОСОИШТАГИИ КИШВАРРО ХОҲОНЕМ

Дирӯз дар толори хобгоҳи №2-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Тинҷиву амонӣ ва осоиштагии  кишварро хоҳонем!» баргузор  гардид.  Дар он мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ А. Бердишукуров ва ҷомеаи устодони кафедра иштирок намуданд.

Нахуст мудири кафедраи мазкур, дотсент А. Бердушукуров иштироки ҳамаи донишҷӯдухтарони хобгоҳро хайрамақдам  гуфт ва аз ҷараёни он ба эшон ҳарф зад.

 

Аз назар гузарониданд: 49 нафар

САҲМИ ДИЛОВАРОНИ ВАТАН ДАР БЕДОРФИКРИИ ҶАВОНОН

Дирӯз дар хобгоҳи №9-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Саҳми диловарони Ватан дар бедорфикрии ҷавонон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ, дотсент А. Бердишукуров ҳусни оғоз бахшида, аз қаҳрамонию далерии мардони ватандӯстӣ мамлакат ҳарф зад.

Аз назар гузарониданд: 122 нафар

ОИЛАИ СОЛИМ МУҶИБИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Дирӯз бо ташаббуси Шӯрои занони факултети забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни гурӯҳи 203 чорабинии тарбиявӣ бахшида Рӯзи оила таҳти унвони “Оилаи солим муҷиби солимии ҷомеа” бо иштироки устодони факултет ва дотсенти кафедраи психологияи умумӣ дотсент Мансурова А. Р. баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси Шӯрои занон сармуаллима Исоева Д.Ҳ. оғоз гардид ва мавсуф зимни суханронӣ устодону меҳмононро муаррифӣ кард.

 

Аз назар гузарониданд: 83 нафар

<< < 1 | 2 | 3 | 4 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 19 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар