ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.



Lof JSliderNews 1.0 - Jquery 1.3
  • ҲИСОБОТИ РЕКТОР ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2017

  • “ГАНҶИ СУХАН” ДАР СОЛИ НАВ

  • МУЛОҚОТ ОИД БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР ДОНИШГОҲ

  • ҶАМЪБАСТИ СОЛИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ

  • ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

  • ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


СӮҲБАТИ ОШКОРО НИСБАТИ АЪЗОЁНИ ҲНИТ

Дар кафедраи математика ва табиатшиносии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент оиди «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» сӯҳбати ошкоро бо аҳли омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси «Математика» ва «Информатика» баргузор гардид. Дар баромади худ устоди кафедра омӯгори фанни биология дотсент Бадалов Сулҳиддин қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда ба санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ имзо гузоштааст. Фаъолияти ҲНИТ – ро ба дар кафедра ба таври шаффоф тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ баррасию муҳокима намуданд. 

Ҳамин тариқ дар асоси далелҳои боэътимод пурра исбот гардид, ки роҳбарону фаъолони ҲНИТ дар табаддулоти давлати даст доштаанд. Бинобар ин бо ҳукми Коллегияи суди оиди ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2016, 14 нафар узви раёсати олии ҲНИТ дар содир намудани ҷиноятҳои оммавӣ бо роҳи зуроварӣ, тағир додани сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тероризм ва ғайра гунаҳгор дониста шудааст.

 

Аз назар гузарониданд: 50 нафар

МАКОЛА ДАР БОРАИ ҲНИТ

Моҳи сентябри соли равон дар ҳафтаномаи «Точикистон» мусоҳибаи Ш. Ҳамдампур ба судяи суди Олии Чумҳурии Точикистон Ш. Азизов, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористи-экстремисти шиноҳтани ҲНИТ кабул шудааст, таҳти унвони «То табадуллот се руз монда буд» интишор гардидааст. Маълум аст, ки 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олдии Чумҳурии Точикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Точикистон дар Точикистон расман катъ ва ҳамчун ташкилоти террористи экстремисти эътироф карда шуд.

Дар давоми солҳои 2010-2015 аз чониби аъзоёни ҲНИТ чиноятҳои вазнин ва маҳсусан вазнин ба кайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо чиноятҳои ҳусусияти террорист ива экстремисти, аз чумла барангеҳтани кинаю адовати дини, иштирок дар иттиҳодияи чинояти ва экстремистию террористи, даъватҳои омави барои бор оҳи зуровари тагйир додани соҳти Конститутсионии Чумҳурии Точикистон, мебошад.

 

Аз назар гузарониданд: 56 нафар

МУСАЛМОНОН НИЁЗ БА ҲИЗБИ ИСЛОМӢ НАДОРАНД

Ислом дини комил ва дарбаргирандаи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ буда, ба бурузи гуруҳ ва ё ҳизбе дар дохили худ ниёз надорад. Чунки бунёд ва густариши он аз тарафи қудрати ягонаест, ки Ӯ холиқи ҳамаи мавҷудот мебошад. рафт, Ислом ягона динест, ки асрҳо аз пайдоишаш гузаштааст, вале чунин ниёзҳоро дар худ надорад, чунки он бо ҳукми илоҳӣ рӯйи кор омадааст. Пас, сабаб чист, ки дар ҷомеъаҳои мусалмонӣ мусалмонон рӯ оварданд ба ташкили як ҳизби исломӣ? Ин мавзуъи баҳсист, ҳатто миёни донишмандони исломӣ ва барои иддае аз онҳо ин масъала номафҳум боқӣ мондааст, агарчи бархеи он қасдан фаҳмидан намехоҳанд.

Ташкили ҳизбу ҳаракатҳо яке аз омилҳоест,  ки дунёи башариро рангу бор дода, ҳар доирае ҳадафу мақсадҳои худро тавассути онҳо амалӣ менамоянд, аз ҷумла бо усули роҳ ёфтан дар муборизаҳои парлумонӣ ва пиёда кардани назароти хеш аз нигоҳи сиёсӣ. Ташкили ин гуна ҳизбҳо дар ҷомеъаҳои мусалмонӣ ҳам роиҷ аст ва ҳар кадоме ҳадаф ва мақсадҳои хоси худро доранд. Дар ин росто бояд иқрор шуд, ки дар ҷомеъаҳои мусулмонӣ, агарчи таъсисдиҳандагони ҳизбҳои ғайридинӣ худро мусалмон мешуморанд ва дар фароизи исломӣ чархиш доранд, вале ҳадафу мақсад ва афкори дигареро амалӣ мекунанд, ки бештар хилофи ислом ва шариъати он аст.

 

Аз назар гузарониданд: 44 нафар

ПАРДА АЗ РӮИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ БАРДОШТА ШУД

Солҳои вазнини пасошуравиро ба хотир оварда хеле ба диққат меоям. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар бархе аз мардуми ноогоҳ ба суханҳо ва ваъдаҳои пуч,  тарғиб ва ташвиқи душманони дохили ва хориҷӣ дода шуда, дар майдонҳои пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҷамъ омада, гирдиҳамоиҳо ташкил намуданд. Оҳиста –оҳиста вазъ дар кишвар номуътадил гардида, ҷанги шаҳрвандӣ оташ гирифт. Бар асари ин гуна даргириҳо ҷумҳурии ҷавону тозаистиқлоли мо ба вазниниҳои иқтисодӣ ва вазъи номуътадили сиёсӣ ру ба ру гардид. Дар як муддати кутоҳ бар асари ҷангҳои бемаънӣ мардуми зиёд бе хонаву дар монда, роҳ ба суи давлати Афғонистонро ва дигар давлатҳои хориҷаро пеш гирифта, ғариб гаштанд. Ин ҳама манзараҳои даҳшатбори он рӯзҳоро  тариқи садову симо медидаму тариқи гуш мекардам. Ҳоло низ гоҳе дар пеши назарам он рузҳои даҳшатбори гуруснагиву ноумедии  баъди  солҳои навадум аксар вақт чун тасмаи кино ҷилвагар мегарданд. Он солҳо мо ҷавон будем ва чи рузҳои вазнине ба сарамон овард, ин нофаҳмиҳо. Рузҳои дароз паи гирифтани як бурда нон аз субҳ то шом дар назди мағозаҳои холӣ навбат мепоидем. Тую маъракаҳои мардум бо як азоб мегузашт. Дастурхони тую маъракаҳо баъди анҷом покиза холӣ мегашт. Аксаран пирону ҷавонон ба муҳоҷирати корӣ ба Руссия сафар менамуданд. Барои дарёфти  маблағ ба корҳои вазнин тоб меоварданд. 

 

Аз назар гузарониданд: 44 нафар

ХИЁНАТКОРӢ БА АМАЛИ МУҚАРРАРИИ КАБИРӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Аз нигоҳи илми психология ҳар инсоне, ки ин ё он амалро такроран ва пайдарпай иҷро мекунад он амал ба одат ва ё амали муқаррарӣ мубаддал мегардад. Аслан ба амали муқаррарӣ ва одат табдил ёфтани кирдори шахс аз иродаи ӯ низ вобастагии калон дорад. Агар иродаи шахс мустаҳкам набошад дар сурати 3 ва ё 4 маротиба такрор намудани амал ӯ ба одат мубаддал мегардад. Агар иродаи шахс мустаҳкам бошад такрори пайдарҳамии ин ё он амал шояд бо иҷрои зиёда аз 10 – 12 маротиба ба одат табдил ёбад ва ҳатто имкони ба одат табдил ёфтани он ба миён наояд. Шояд аз нигоҳи илми психологияи муосир ва назари мутахассисон андешаи мо, каме иштибоҳ дошта бошад. Аммо инҷо мурод аз пайгирии масъала он аст, ки бигзор кирдори инсон, ки боиси расонидани зарар ва ё озурдахотирии дигарон намегардад ба одат табдил ёбад. Лекин вақте инсон дидаю дониста пайдарпай даст ба амали ноҷоя мезанад, ки вай ба амали муқаррарии ӯ табдил меёбад ва  боиси нигаронии аҳли пайвандону ҳамватанон ва ҷомеа мегардад бояд рафтори ношоистаи ӯ маҳкум карда шавад. Ҳангоме, ки инсон бори аввал хиёнат ё ҳар ҷинояти дигареро кард, виҷдонаш сахт азоб медиҳад. Бори дуввум камтар. Бори саввум боз камтар. Ҳамин тавр ҳар маротиба камтар шудан мегирад ва ба ҳаде мерасад, ки ба амали муқаррарии шахс мубаддал мегардад. 

 

Аз назар гузарониданд: 54 нафар

ҲНИТ ВА АКИДАХОИ НОПОКИ У.

Дар ҷомеъаи имрузаи чаҳони моро лозим аст, ки  бо акидаи солим бо як мухаббати хоса ва меҳри беандоза ба фардои кишварамон бахри амали шудани сиёсати хирадмандонаи асосгузори сулҳу вахдати милли, Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти кишвари маҳбубамон Эмомалии Раҳмон  кор ва зиндагони  намоем. 

Ҳизби наҳзати исломи яке аз ҳизбҳои гавгоангез муддате дар Тоҷикистони биҳиштосоямон фаъолият намуда то андозае ба акидахои солими мардуми тоҷик халал ворид намуда буд. Дар байни мардум акидаҳои маънавиро эъчод намуда буд. Ба хамагон маълум аст, ки бахри нигоҳдории як порчаи Тоҷикистони биҳиштосоямон  замоне буд, ки  ин хизб ҲНИТ хамчун хизби сиёси фаъолият менамуд ва бо ибораи дигар ин  таносуби сиёсат ба динро нишон медод.  Таърих гувох аст, ки муносибати байнихамдигарии сиёсат ва дин  дар як сатх карор надошта ва нахохад дошт. Онхо чун шаклхои шуури чамъияти тамоми тагйиротхои сифати  инкишофи чомеъаро дар раванди таърих ифода менамоянд. Ба муносибатҳои байнҳамдигарии дин ва сиёсат раванду омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Аз ин ҷост, ки сатҳи ин муносибатҳо аз ҳолати инкишофи раванду ҳодисаҳо ва воқеоти чамъиятӣ вобастаанд. Макон ва замон дар муносибатҳои байниҳамдигарии дин ва сиёсат дигаргуниҳои  куллиро ворид месозанд.  

 

Аз назар гузарониданд: 68 нафар

<< < 16 | 17 | 18 | 19 | 20 > >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар