Шокирова Муяссар Ҷӯраевна

Вазифа:
омӯзгор
Ҷои кор:
Мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино
  • омӯзгор
    Ихтисос
  • 2017
    Соли хониш

Чӣ хеле ки мегӯянд, “Дер ояду шер ояд”. Ҳарчанд синну солам ба нафақа наздик аст, аммо хостам орзуи деринаи худ, ки донишҷӯйи донишгоҳи олӣ гардидан буд, баён созам. Аввалан, шукрона менамоям, ки новобаста аз собиқаи кории бисёрсола доштанам соли 2013 донишҷӯйи факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардидам. Дар давоми солҳои таҳсил дӯстони нав пайдо намуда, бо омӯзгорони соҳибтаҷрибаву собитқадам шинос гаштам. Аз дарсҳои омӯзгорон баҳравар гашта, дониши худро боз ҳам мукаммал гардонидам. Баъди хатми ин боргоҳи таълимӣ кору фаъолиятамро бо кӯдакони имконияташон маҳдуд давом дода истодаам. Аз устодони донишгоҳ сипосгузорам, ки моро бо маълумотҳои навини илмии вобаста ба ихтисосамон шинос гардонида, бароямон роҳҳои навгониҳои илму технологияи ҷаҳониро боз намуданд. Сипос аз донишгоҳ!