Факултети филологияи тоҷик

Факултети филологияи тоҷик аз куҳантарин ва калонтарин факултаҳои донишгоҳ буда, соли хониши 1933-34 ба сифати шуъбаи адабию лингвистӣ таъсис ёфта буд. Вале аз сабаби набудани мутахассисон ва нокифоятии теъдоди донишҷӯён шуъбаи мазкур дер амал накарда, нақшаи қабули донишҷӯёни он ба собиқ ДДОД (ҳоло ДДОТ ба номи устод С.Айнӣ) дода шуд. Аммо бо тақозои таъмини эҳтиёҷи зиёди қисмати шимоли Тоҷикистон ба мутахассисон соли таҳсили 1937-38 факултети таъриху филология дубора таъсис ёфт, ки он аз ду шӯъба - забону адабиёти тоҷик ва таърих иборат буд. Факултети филологияи тоҷик то соли 1987 дар ҳайати факултети таъриху филология фаъолият намуда, аз ҳамон сол ҳамчун факултети филология бо шӯъбаҳои забону адабиёти тоҷик ва забону адабиёти ӯзбек мустақил шуд. Соли 1991 шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик ба сифатифакултетиҷудогона бо номи филологияи тоҷик арзиҳастӣ намуд.

Аввалин мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик шодравон Файзулло Абдуллозода буд, ки соли 1932 баъди хатми Донишкадаи олии омӯзгории Тошканд ба зодгоҳи худ баргашта, дар бунёди ДДОЛ ба номи С.М.Киров (алҳол ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) саҳми сазовор гузошт.

Муаллимони аввалини факултет Ф.Абдуллозода (нахустин мудири қисми таълими донишкада), С.Мансуров, А. Оқилов, М.М.Явич, Б. Олимҷонов, Н.А.Алексеева, А.Турсунов, А.М.Беленитский А.Мирпоччоев, М.Мансуров, М.Назиров, Ҷ.Хоҷаев, А.Ғаффоров ва дигарон дар ташаккул ва инкишофи иқтидори зеҳнию маърифатии таълимгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд. Солҳои минбаъда ҳайати олимони факултет аз ҳисоби нахустин номзадҳои илм О.Орифӣ, Қ.Тоҳирова, М.Турсунов ва А.Сайфуллоев мукаммал гардид. Бо омадани ин донишмандон ва як зумра омӯзгори ҷавони болаёқат, аз қабили А.Сатторов, Ю.Салимов, А.Усмонов, Ӯ.Аҳмадова, А.Ваҳҳобов, Р.Тошматов ва Б.Махсумова нерӯи илмию таълимии факултет пурқувват шуда, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи филология беҳтар гардид. Маҳз ҳамин солҳо нахустин асарҳои илмию тадқиқотиисуханшиносони маъруф интишор ёфтаанд.

Солҳои 60-70-ум ба ҳайати омӯзгорони факултет як гуруҳ ҷавонони болаёқат ва ҷӯяндаи дигар, аз қабили Ф.Зикриёев, А.Давронов, А.Зоҳидов, С.Ҳоҷиев, А.Абдуқодиров, А.Набиев, М.Файзуллоева, А.Насриддинов, Н.Ҳикматуллоев, А.Ҷалолов ва дигарон шомил гардиданд.

Дар тӯли ду даҳсолаи охири асри ХХ ва даҳсолаи аввали садаи ХХI факултет дар ҷодаи илму маърифат ба дастовардҳои матлуб ноил гардид. Дар ин солҳо нӯҳ нафар дастпарвар ва устоди донишгоҳ: А.Сайфуллоев (1980), С.Асадуллоев (1986), Ф.Зикриёев (1987), А.Насриддинов (1990), М.Хоҷаева (1995), Н.Салимов (2002), А.Ҳасанов (2004), Н.Файзуллоев (2006) ва Р.Бобоҷонова (2006) рисолаи докторӣ ва наздик чил нафар муаллим, аз қабили М.Файзуллоева, Н.Ҳикматуллоев, М.Ҳабибуллоева, М.Ӯрунова, Ш.Тоҷибоев, С.Саидов, Т.Келдиёров, Н.Нуров, М.Олимҷонов, Ҳ.Зоиров, М.Сатторова, Р.Каримхӯҷаева ва дигарон рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, эътибору нуфузи таълимгоҳробаланд карданд.

Дарозои сӣ соли охир бо саъю эҳтимоми донишмандони факултет қариб сад рисолаи илмӣ ва маҷмӯаи илмӣ интишор ёфт, ки ба масоили умдаи илмҳои адабиётшиносиву забоншиносӣ ва усули таълим ихтисос ёфтаанд.

Нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта марҳилаи нави рушди факултет ба шумор меояд. Маҳз дар ҳамин солҳо дар ҳайати факултет ду шуъбаи нав - рӯзноманигорӣ (1997) ва шарқшиносӣ (1999) таъсис ёфта, вобаста ба ин ихтисосҳо кафедраҳои нав ташкил гардиданд. Моҳи декабри соли 2001 шуъбаи шарқшиносӣ ба факултети мустақил табдил ёфт.

Солҳои охир ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик барои мактабҳои ӯзбекзабон» эҳтиёҷ ба миён омад, зеро баъд аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар зарурати омӯхтан ва таълими забони давлатӣ дар макотиби забони таҳсилашон ғайритоҷикӣ, аз ҷумла ӯзбекӣ ба тарбияи кадрҳои омӯзгории ба иҷрои ин вазифаи муҳим аз ҳар ҷиҳат омода ниёзмандӣ эҳсос гардид. Аз ин рӯ, аз соли таҳсили 2002-2003 сар карда, факултет толибилмонротибқиихтисосимазкурнизқабулменамояд.

Дастовардҳои илмиву таълимии олимони факултет берун аз қаламрави вилоят низ эътироф ва қадршиносӣ шудааст. Соли 2001 устоди варзидаи донишгоҳ, профессор Ф.Зикриёев чун яке аз муаллифони асари сеҷилдаи бунёдӣ ва дастҷамъонаи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 2006 доктори илмҳои филологӣ, профессор А.Насриддинов барои фаъолияти пурсамар дар риштаи таълим ва тайёр кардани мутахассисон ба дарёфти ҶоизаиПрезиденти кишвар дар соҳаи маориф, дар соли 2009 Ҷоизаи адабии устод С.Айнӣ, соли 2011 Ҷоизаи байналхалқии Чеҳраи мондагори забон ва адаби форсии Анҷумани байналмилалии устодони забон ва адаби форсиро дарёфт кардаанд. Профессор А.Сайфуллоев соли 2014 барои асари “Уфуқҳои тозаи наср” (дар се муҷаллад) бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қадрдонӣ гардид. Доктори илмҳои филологӣ, профессор М. Мирзоюнус соли 2017 бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва дотсент С.Ҳоҷиев бо ордени “Шараф” (дараҷаи 2) сарфароз гардиданд. Олимони факултет, профессорон А.Насриддинов, М.Хоҷаева, А.Ҳасанов ва Н.Файзуллоев барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Дар пешрафти фаъолияти илмию таълимии факултет ва тайёр кардани ҳазорҳо мутахассиси соҳа, пеш аз ҳама, сарварони факултет саҳм гирифтаанд. Аз соли 1987 баъди ба факултети алоҳида табдил ёфтан ба ин боргоҳи илму маърифат олимону омӯзгорони шинохта А.Насриддинов (солҳои 1987-1988), С.Ҳоҷиев (солҳои 1988-1994), Ф.Зикриёев (солҳои 1994-1999), Н.Файзуллоев (солҳои 2000-2008), М.Хоҷаева (солҳои2008-2011), Ш.Тоҷибоев (солҳои 2011-2013) М.Олимҷонов (солҳои 2013-2017) сарварӣ кардаанд. Азсоли 2017-ум ин вазифаро дастпарвариҳаминфакултетдотсентМ.Тиллохоҷаева бар ӯҳда дорад.

Феълан дар ду шуъбаи факултет шаш кафедра: забони тоҷикӣ (мудир профессор А.Ҳасанзода), адабиёти классикии тоҷик (мудир дотсент М. Ӯрунова), адабиёти муосири тоҷик (мудир дотсент С.Аъзамов), журналистика ва назарияи тарҷума (мудир дотсент Комилов К.), методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (мудир дотсент Ш.Ҳакимова), забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ (мудир дотсент Зоиров Ҳ.) фаъолият мебаранд, ки дар ҳайати хеш 7 нафар доктори илму профессор, беш аз 35 нафар номзади илм ва зиёда аз 20 нафар омӯзгор доранд. Дар назди ин кафедраҳо семинарҳои илмию назариявии устодон ва маҳфилҳои илмию адабии «Асрори сухан», «Баҳористон», «Адабиётшиносӣ», «Омӯзгор» ва «Минбари рӯзноманигор» мунтазам амал мекунанд.

Аз соли хониши 2005-2006 дар назди шуъбаи рӯзноманигорӣ радиостудияи “Садои донишҷӯ” ба фаъолият оғоз намуд, ки, пеш аз ҳама, дар таъмини ҷиҳати техникии дарсҳои ихтисоси рӯзноманигорӣ, ба монанди асосҳои журналистикаи радио, маҳорати журналистӣ ва фанниинтихоби донишҷӯро мусоидат менамояд.

01-уми сентябри соли 2014 бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ дар факултет студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ” бо иштироки раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Абдураҳмон Қодирӣ ба истифода дода шуд, ки як қадами ҷиддии дигар дар беҳдошти мутахассисони ВАО дар Донишгоҳ ва вилоят маҳсуб меёбад.

Маҳфили илмию адабии «Ганҷи сухан», ки сарварии онро устоди фақид, профессор А.Насриддинов ба зимма дошт, имрӯзҳо низ доираи фаъолияти худро густариш дода, ҷаласаҳои сайёри он дар марказҳои фарҳангии шаҳру навоҳии вилоят низ муттасилсурат мегиранд.

Факултет дар ҷараёнии татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» саҳми назаррас дорад.