Факултети санъати тасвирӣ ва технология

Телефон барои маълумот

  • Бинои таълимӣ 1

Соли 1967 бо қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДОЛ (собиқ Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров) шўъбаи нақша, расм ва меҳнат кушода шуд. Дар аввал ҳайати омўзгорон се нафар: Д. У. Умаров, У. Аҳмадхўҷаев ва А. И. Мазунин буданд. Соли нахуст ба шуъба 26 нафар довталабонро ба сафи донишҷўї қабул намуданд. Баъдан соли 1968 низ гурўҳҳои тоҷикї ва русї ташкил карда шуданд. Аз сабаби зиёд шудани гурўҳҳо ва нарасидани омўзгорони соҳибкасб муаллимони русзабон З. Н. Умеренкова, Б. П. Геза, В. Н. Евсюков ба Донишкада даъват карда шуданд. Соли 1969 довталабон ба гурўҳҳои тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ қабул карда шуданд ва зарурати бо муаллимони ўзбекзабон таъмин кардани раванди таълим ба миён омад. Дар натиҷа бо ризоияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Ўзбекистон хатмкунандагони Донишкадаи омўзгории ба номи Низомии шаҳри Тошканд А.Ҷамолиддинов, М. Абдуллоев, Р. Айметов ва Р. Х. Ким ба Донишкада ба кор даъват карда шуданд.

Соли 1972 дар таърих ҳамчун соли ба камол расидани нахустин кадрҳои омўзгории баландихтисоси нақша, расм ва меҳнат шуморида мешавад. Нахустин муаллимони фанҳои нақшакашӣ, расмкашӣ ва меҳнат ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ фиристода шуданд. Бо қарори комиссияи давлатӣ аз байни хатмкунандагони аввалин донишҷўёни соҳибистеъдод, мисли Т. Шодиев, О. Гозиев, С. Ҳасанов ва Ш. Аҳмедов барои фаъолияти омўзгорӣ дар шуъбаи мазкур ба кор ќабул шуданд. Минбаъд аз соли 1973 хатмкунандагони соли дуюм аз гурўҳи тоҷикӣ С. Олов, А. Бобоҷонов, Ю. Юсупов, М. Исмоилова (Ҷалилова) ва шодравон К. Абдуллоев, аз гурўҳи русӣ Л. М. Баранова ва Л. Н. Мухина ба ҳайси омўзгор бок ор таъмин шуданд. Ҳамин тавр, дар солҳои баъдї низ гурўҳи донишҷўёни соҳибистеъдод, монанди К. Р. Мўъминов, Н. А. Руденко, С. Г. Вишнякова, Л. А. Прошина, Х. Холматов, О. Исмоилов, М. Н. Дадобоева, Т. Ю. Раҷабов, А. Исроилов, Ф. Н. Яҳёев, М. В. Қодирова, А. Умаров, М. М. Муллоҷонов М. Ч. Ашўров К. Шарипов, М. Акрамов, С. М. Сулаймонов, Н. Раҳматуллоев ва дигарон ба фаъолияти касбии хеш шурўъ намуданд. Дар асоси шуъбаи мазкур факултети рассомию графикӣ таъсис ёфта, нахустин роҳбари факултет З. Н. Умеренкова таъин гардид. Дар тўли роҳбарии муаллима ба муаллимони факултет муяссар шуд, ки барои такмили донишу мањорат ба марказҳои илмии шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Киев, Минск, Витебск, Тошканд ва Душанбе сафарҳо намоянд. Минбаъд хатмкунандагони факултет С. Ҳасанов ва шодравон Т. Шодиев то ба дараҷаи мудири кафедра расиданд. Дар ин њангом ду кафедраи алоҳида: кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва услуби таълими фанҳо кафедраи расм ва муссавирӣ бунёд гардиданд. Сарварии кафедраи нақшакашӣ ба зиммаи сармуаллим Д. Умаров ва кафедраи расму муссаварӣ ба ўњдаи номзади илм, дотсент А.И.Мазунин гузошта шуд. Баъди як соли коромўзӣ С. Олов аспиранти шуъбаи рўзонаи Донишкадаи давлатии омўзгории Маскав ба номи В.И.Ленин гардид. Ў аз соли 1986 то соли 1996 дар вазифаи декани факулта кор кард.

Соли 1991 кафедраи санъати ороиши амалӣ ташкил ёфт. Аз соли 1996 то 2001 сарварии факултетро номзади илмҳои санъатшиносӣ А. Б. Исоев иҷро намуда, дар ин муддат аз байни омўзгорон аъзоёни Иттифоқи рассомони љумҳурӣ ба воя расиданд. Аз соли 2001 бори сеюм ба вазифаи сарвари факултет н.и.п., дотсент Олов С. таъин гардид. Дар давоми 6 соли сарварии ў факултет ба зинаҳои баланди илмӣ ва маҳорат сабзида расид. Дар тўли ин солҳо олимон Исоев А. Б., Ашўров М. Р., Холматов Ҷ. М., Ҷўраев К., Дадобоева М. Н., ва Қодирова М. В., рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд. Бо баробари ин омўзгорони факултет то ба унвони доктори илм (профессор Исломов О. А.), Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шералиев С.) расиданд. Аз соли 2007 ба вазифаи сарварии факултет олими шинохта, доктори илмҳои педагогї, профессор Исломов О. А. таъин гардид. Дар давоми сарварии Исломов О. А. дар факултет ихтисосҳои нави замонавӣ ташкил карда шуд. Дар тўли 8 соли роҳбарии профессор Исломов О. А. љомеаи факултет ба таълифи дастурҳои методӣ, раҳнамоҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ҷалб шуд. Дар факултет ду ихтисос: дизайни графикӣ ва дизайни ҳунарҳои халқӣ ташкил гардид. Аз соли 2012 дар факултет магистратура аз рўи ихтисоси 1-15-01.01 – Санъати тасвирӣ , нақшакашӣ ва технология оѓоз гардид, ки раванди таълим ба ўҳдаи олимон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Исломов О. А., номзадҳои илм, дотсентон Олов С., Ҷўраев К., Дадобоева М.Н., Ҳасанов С., Қодирова М. В. Холматов Ҷ. М., Ҷалилова Ҳ. А. ва Исоев А. Б. гузошта шуд .

Соли 2016 кафедраи технология ва методикаи таълими он ба факултет ҳамроҳ карда шуда, факултет «Санъати тасвирӣ ва технология» ном гирифт. Кафедраи технология ва методикаи таълими он бо ҳайати зерини омўзгорон: Муҳаммадҷонов Н., Қўзиев М. А., Дадобоева М. А., Дадобоева М. Н., Бобоҷонова Ш. У., Шамсиева А. Н., Ўзбекова М. А., Юсупова Д. М., Дадобоева Б. Э., Неъматов Л. Х., Азизов Н. А., Абдуллоева А. У., Аҳадов Ф. Х., Таирова М. Н., Деҳқонова С.К., Исоқов А. ба ҷомеаи факултет ҳамроҳ гардид.

Роҳбарияти Донишгоҳ хизматҳои шоистаи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Азизов А. А.-ро дар вазифаи сарварии факултети физика ва техника буданаш ба назар гирифта, сарварии факутети санъати тасвирӣ ва технологияро ба дўши ў вогузорӣ намуд. Айни замон дар факултет се кафедра фаъолият бурда истодааст. Кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим (мудир профессор Исломов О. А.), кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (мудир Ҷалилова Ҳ.) ва кафедраи технология ва методикаи таълими он (мудир Неъматов Л. Х.) мебошанд. Бо сарварии Азизов А. А. факултет нирўи тоза ёфта, аҳли ҷомеаи он барои иҷро намудани вазифаҳои аз тарафи раёсати Донишгоҳ, Вазорати маорифи Ҷумҳурӣ гузошташуда камари ҳиммат баста, дар соли 2017 факултети санъати тасвирӣ ва технология дар байни 15 факултети Донишгоҳ ҳамчун факултети беҳтарин ҳисобида шуд ва сазовори гирифтани ҷои дуюм гардид.