Факултети Ҷаббор Расулов

Телефон барои маълумот

  • ноҳияи Ҷаббор Расулов

Факултети таҳсилоти ғоибона бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №330 аз 21.10.2013 фаъолият дошта, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ягона муассисаи таҳсилоти олӣ мебошад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки факултети таҳсилоти ғоибонаи Муассисаи таълимии давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси иҷозатнома таҳти №0001717 аз 27.10.2014 сол, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, фаъолият бурда истодааст ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, дар ин хусус шаҳодатнома таҳти № 000705- ро соҳиб мебошад.

Дар соли 2009 бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1742 аз санаи 19 август дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шуъбаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таъсис дода шуд. Тибқи фармони мазкур филиали коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе барҳам дода шуда, донишҷӯёни он ба коллеҷи омӯзгории ДДХ гузаронида шуд ва дар базаи мазкур Шуъбаи таълими донишгоҳ кушода шуд. Ба вазифаи мудири шуъба профессор Ш.А.Шаропов, ҷонишини мудир Қаюмова М. таъин гардиданд. Худи ҳамин давра дар шуъба кафедраи умумигуманитарӣ ва табиию риёзӣ ташкил карда шуд ва ба он дотсент Аҳлиллоев Т.А. мудир таъин гардид. Дар шуъба аз рӯйи ихтисосҳои математика, забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ӯзбекӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои хориҷӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ гуруҳҳои рӯзона ва ғайр аз ихтисоси забони хориҷӣ гуруҳҳои ғоибона қабул карда шуд, ки ҳамагӣ 250 донишҷӯ таҳсил мегирифт. Ба кори кафедра устодони варзида профессорон Шаропов Ш.А., Файзуллоев Н., Ҳасанов Н., Абдуқодиров А., дотсентон Аҳлиллоев Т.А., Ҳоҷиев С., Маҳмадшоев М., Шарипов Э., Рашидов А., Наврӯзов Т., Мирзоахмедов М. сармуаллимон Норбобоев Б., Қурбонова М., муаллимон Мамадҷонов С.Ҳ., Неъматов П. ва дигарон ҷалб карда шудаанд. Соли дуюми хониш донишҷӯёни гуруҳҳои рӯзона ба шаҳри Хуҷанд гузаронида шудаанд ва дар шуъба танҳои гуруҳҳои ғоибона таҳсилро идома доданд.

Соли 2012 шуъба дар асоси фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони №1604 аз санаи 06.08.2012 ба нуқтаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар ноҳияи Ҷ.Расулов табдил дода шуд. Дар соли 2013 шуъба бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №330 аз 21.10.2013 ба факултети таҳсилоти фосилавии ДДХ дар н.Ҷ.Расулов мубаддал гардид. Ба вазифаи декани факултет профессор Пӯлотов Аслиддин Ҳомидович ва ба вазифаи муовини декан дотсент Неъматова Муқаддас Ҳабибовна таъин шудаанд, ки то ҳол дар ин вазифаҳо фаъолона кор карда истодаанд.

Дар ташаккул ва инкишофи иқтидори зеҳнию маърифатии таълимгоҳи мазкур олимони варзидаи ДДХ профессорон Пӯлотов А.Ҳ., Ҳасанов А., Шаропов Ш.А., дотсентон - Маҳмадшоев М.М., Ахлиллоев Т., Шарипов Э., Ҳоҷиев С.Ҳ., Ҳикматуллоев Н., Олимҷонов М.О., Неъматова М.Ҳ., Толибов Ю., Қаюмова Ф., Баҳриев Ф., Раҳимов А.С., Эрмухамедов А.Н., сармуаллимон - Эшонқулов А., Мамадҷонов С. саҳми арзанда мегузоранд.

Бинои факултет чорошёна буда, дорои 48 синфхона аст, ки аз онҳо зиёда аз 20 адад ҳуҷра муҷаҳҳазонида шуда мавриди истифода қарор дорад, вале 33 синфхонаҳо таъмирталаб мебошанд. Инчунин дар факултет хобгоҳи донишҷӯйӣ мавҷуд буда, донишҷӯёни дурдаст бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

Айни ҳол дар факултет аз рўи 5 ихтисос ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад:

  • Забон ва адабиёти тоҷик;
  • Забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ўзбекӣ;
  • Таҳсилоти ибтидоӣ;
  • Таҳсилоти томактабӣ.Равоншиносии амалӣ;
  • Технология.

Бояд тазаккур дод, ки аз ихтисосҳои номбурда ҳамасола танҳо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ӯзбекӣ (20 нафар) тибқи ММТ-ии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултети мо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ба ихтисосҳои боқимонда бошад, донишҷӯён тариқи сӯҳбат – аттестатсия ҳамчун идомаи таҳсил ва маълумоти олии дуюм, баъди коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо қабул мешаванд. Бояд зикр намуд, ки таҳсил дар факултет тибқи низоми кредитӣ ҷараён дорад ва танҳо донишҷӯёни курсҳои панҷум тариқи низоми анъанавӣ таҳсил менамоянд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки шумораи донишҷӯёни факултет сол то сол афзуда истодааст.

Айни ҳол синфхона ва кафедраҳои факултети таҳсилоти ғоибона бо 6 доскаи электронӣ, 10 адад проекторҳо, 25 адад компутерҳои фардӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки ба беҳдошти таълим мусоидат мекунанд. Дар соли хониши 2018-19 дар факултети таҳсилоти ғоибонаи н.Ҷ.Расулов дар маҷмўъ 971 нафар донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд,ки аз онҳо 927 нафар духтарон буда, 44 нафар писарон мебошанд. Аз миқдори умумии донишҷӯён 126 нафар тариқи буҷавӣ ва 845 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил доранд.

Дар факултет дар соли хониши 2018-2019 ду кафедра амал мекунад:

1.Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ – мудир, дотсент Қаюмова Ф. Кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ зиёда аз 25 номгӯи фанҳои ҷомеашиносиву гуманитариро дарбар гирифта, аз рӯи самтҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, сиёсатшиносӣ амал мекунад. Аз ин рӯ, дар кафедра устодони гуногунихтисос фаъолият мебаранд, ҳамчунин қисмати асосии аъзои кафедраро устодони муштараквазифа ташкил мекунад.

Дар факултет мутахассисон аз рўи чаҳор ихтисос тайёр карда мешаванд: забон ва адабиёти тоҷик дар макотиби ўзбекӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ ва технология. Тибқи стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои номбаршуда ба феҳрасти фанҳои кафедра омӯзиши фанҳои бахши 2 ва 3 ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ӯзбекӣ, инчунин фанҳои бахши 2,3,4 ихтисоҳои таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ ва технология ворид карда шудааст, ки ҳамагии онҳо зиёда аз 70 номгӯ мебошад. Таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣқисми таркибии барномаи асосии таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, ҳаҷм, мақсад ва вазифаҳои он тибқи талаботи ҳадди ақали мазмун ва мудариҷаи стандартҳои давлатии таълими ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда шудааст. Он ба таҳкими донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷўён дар раванди таҳсил ва такмили малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона гардида, бо мақсади аз ҷониби донишҷўёназ худ кардани касби омӯзгорӣ, нишон додани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар корҳои таълимӣ, ҳамзамон дарниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби омӯзгорӣ ташкил ва баргузор мегардад