​Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гашт.

Дар ҷамъомад муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдулфаттоҳ Раҳимов сухан карда, арз дошт, ки бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳалқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд. Гуфта шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад. Илова гашт, ки маҳз сиёсати дурандешона ва ботадбиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд.

Талошҳои Сарвари давлат боис гаштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Маҳз маҳсули ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор" эълон гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Аминҷон Шарифзода баромад дошта, арз дошт, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз шуд, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гашт, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор шуд, самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас гашт, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гардид ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Дар чорабинии мазкур филми мустанад таҳти унвони "Корномаҳои Пешвои миллат" ки фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ, як қатор устодону донишҷӯён баҳри дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати фаъолона дар мусобиқоти варзишӣ, мавқеи устувори шаҳрвандӣ бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Баъдан, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби дастаи созию овозии "Навои ҷавонӣ"-и донишгоҳ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ