Нигоҳи андешамандон ба Наврӯз ва оинҳои наврӯзӣ

Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон, ки миллати тоҷик сарнавиши давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврӯз дар кишвари мо шукӯҳу ҷалоли худро аз нав пайдо кард ва ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз-рӯзи аввали моҳи фарвардин, ки расидани офтоб аст ба нуқтаи аввали Ҳамал.

«Ғиёс-ул-луғот»

Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он будааст, ки офтоб дар сесаду шасту панҷ шабонарӯз ба рубъи аввали дақиқаи ҳамал бозояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт рӯзи нав номид ва ҷашн ойин овард.

«Наврӯзнома»

Ва чанде аз ҳашвия мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд, Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!»

«Осор-ул-бақия»

Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро сари сол бошад ва шаб ба рӯз баробар шавад ва сояҳо аз деворҳо бигзарад.

«Зайн-ул-ахбор»

Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст.

Алӣ ибни Яҳё

Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст.

«Китоб-ут-тафҳим»

Рӯзи аввали фарвардин ҳамвора оғози соли нави эрониёни қадим буда, ҳамеша онро Наврӯз номидаанд ва ҷашни бузурге будааст. Мардуми Суғд онро ба забони худ «Навсард», яъне соли нав номидаанд. …одат шуда буд, ки дар ин ҷашн ҳар касе барои дӯстони худ ширинӣ мефиристод ва ин одат … дар миёни туркони усмонӣ низ роҳ ёфт.

Саид Нафисӣ

Наврӯз ҳамчун ҷашни мардуми эронинажод нишона аз таҷлили ҷадиди ҳар сол аст.

Ховаршинос М. Бойс

Ба сабаби аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо, рост омадани ин ид, табиати инсон ҳам ба ҳаракат меояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегӯянд: «Ҳамал (манзур номи бурҷе, ки мувофиқ ба моҳи фарвардин аст), ҳама чизҳо дар амал». Дар ҳақиқат ин иди ба ҳаракат омадани киштҳои ғалла, дона ва сар шудани кишту кор ва дигар ҳосилоти заминӣ аст, ки инсонро сер карда ва сабаби баҳои ҳаёти ӯ мешавад.

Садриддин Айнӣ

Насими муборакқадами баҳорӣ муғчаҳои дарахтонро хабари арӯсӣ меорад. Пилтаи сафеди нӯги занҷираи мӯйҳои маҳини духтарон ҳамчун баҳор сафедкорӣ мекунад. Офтоб мисли тоқии симдӯзии духтарон зарҳал меафшонад. Табиат медамад, дил метапад, хаёли ошиқ ба сайронгаҳи муҳаббат мепарад, сабзаҳо пардаи заминро дарида, ба офтоб салом медиҳанд. Наврӯз, ту ҳамчун боқимондаи сурудҳо ва навиштаҳои устод Рӯдакӣ азиз ва муқаддасӣ, ... ҳар кӣ дар зиндагӣ ба умри бузург омаду рафт, албатта, бо умеди рӯзи нав даргузашт. Пас ту ҳайкали рафтагони мо ҳастӣ.

Лоиқ Шералӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ