Нақши адабиёт дар тарбияи эҳсоси ватанпарварӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ

Таърих гувоҳ аст, ки тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҳар марҳила дар ин ё он сарзамин ба авҷи воло мерасад ва дар замони муайян халқу миллате дар тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ равнақу ривоҷ меёбад.

Халқи тоҷик аз зумраи он халқҳоест, ки бо таърихи тўлонӣ, адабиёти оламшумул, эҷодкориву фарзонагӣ, офарандагиву бунёдкорӣ ва манзалати хеш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун эҷодкорони тамаддуни қадими Шарқ арзи ҳастӣ намудаанд ва ба таъриху фарҳанги башарият саҳми арзишманд ворид кардаанд.

Ин аст, ки эҳёи анъанаҳои миллӣ, расму оин ва тарғиби фарҳангу маданияти миллӣ дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳнамоиву дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вусъат меёбад. Ин амал заминаи боэътимод дар тарбияи худшиносиву ватанпарварии ҳар як фарди кишвари соҳибистиқлол мебошад.

Танҳо худшиносиву ватандўстӣ, ҳушёрии милливу заковат, солимии фикру ахлоқи миллӣ, қадр кардани офарида ва дастовардҳои халқ боис шуда метавонад, ки ба ояндагон Ватани ободу миллати озодро мерос гузорем.

Мо аз он, ки гузаштагонамон ориёиасл ҳастанд ва кишварҳои мутамаддин ва забони шаклгирифтаи адабӣ доштанд, бояд ифтихор дошта бошем.

Аз тадқиқотҳои олимону таърихнигорон воқиф аз он мешавем, ки забони адабии тоҷик дар дарозои таърих дар чанд шакл зуҳур дошта, то ба ин шакл расидааст. «Ташаккулу инкишофи забони адабии мо ба асрҳои IX-X - ба даврони ба вуҷуд омадани аввалин хонадонҳои давлатдории тоҷикон рост меояд. Забони адабии тоҷикӣ, ки дар ин аҳд бо номи форсии дарӣ маъруф буд, ба хусус, дар замони салтанати Сомониён ба авҷи инкишофи худ мерасад. Он дар ин замон на фақат ба сифати забони давлатӣ, ҳамчун забони адабиёти бадеӣ, илму маърифат ва забони муоширати байни мардумони дигар ҳам истифода мешуд».

«Таъсир ва шуҳрати адабиёти хаттии форсӣ дар асрҳои миёна чунон бузург буд, ки вай на танҳо дар мамлакатҳое, ки забони форсӣ барои аҳолии онҳо забони модарӣ ҳисоб мешуд (Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони Ғарбӣ), балки дар кишварҳои берун аз ҳудуди онҳо Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Курдистон, Афғонистон, Ҳиндустони Шимолӣ, Туркистони Шарқӣ низ эҷод мешуд».

Давлати Сомониён соли 875 чун давлати мутамарказ ташкил ёфт ва дар давраи ҳукмронии ин сулола вилоятҳое, ки аз ҳам ҷудо ва ба таври қалъабанд ҳаёт ба сар мебурданд, ба ҳам муттаҳид шуданд. Шаҳрҳои тоҷикнишини асри X Бухоро, Самарқанд, Чоч (Шош-Тошканд), Марв, Балх ва ғайра ба марказҳои калони ҳунармандӣ, савдо ва илму адабиёт мубаддал гаштанд.

Асри X ва асрҳои минбаъда аз назари муҳаққиқон ва адабиётшиносон давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ҳисоб меёбанд. «Осори адабиёти бадеӣ (аксаран, асарҳои манзум), асарҳои таърихӣ ва илмӣ, ки дар ин давра ба вуҷуд омаданд, дар ҳаёти мадании мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони Ғарбӣ, Ҳиндустони Шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна роли калон бозидаанд». Дар ин давра давлати мутамаркази тоҷикон ба авҷи тараққиёт расид ва «барои он ки мавқеи худро дар ҳаёт мустаҳкам намояд, ба майлҳои халқии тараққӣ додани хоҷагии халқ, илму маданият, таърифу тавсиф намудани гузаштаи халқи худ такя кард ва ақидаҳои ҳаётдўстиро ҳимоя намуд; аҳли илму адаб, касбу ҳунарро ҳимоят кард».

Забоншинос Ҳасанов А. дар ин хусус зикр кардааст: «Садаи Х-ро барҳақ «асри заррини фарҳанги эронӣ» хондаанд, зеро маҳз дар ин даврон осоре ба табъ расидаанд, ки пояи устувори забону адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба шумор омада, аҳли адаби даврони баъдӣ, ки воқеан меъморони сухан маҳсуб мешаванд, биноҳои дигари каломи бадеъро бар ҳамин асос бунёд ниҳодаанд».

Барҷастатарин осори назми тоҷикон дар ин давра эҷод шуд. Устод Рўдакиву ҳаким Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абўшакури Балхӣ, Робиаи Балхӣ ва дигарон бо осори худ машҳури олам гаштаанд. Муҳаққиқон «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», «Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ», «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ, «Ҳудуду-л-олам мина-л-машриқ ила-л-мағриб»-и маҷҳулмуаллифро аз ҷумлаи «қадимтарин насри форсии дарӣ» мешуморанд.

Олим ва шоири асри XI – XII Низомии Арўзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола»-и худ нақл кардааст, ки «аз нудамои подшоҳ ҳеҷ кас муҳташамтар ва мақбул-ул-қавитар аз устод Рўдакӣ набуд».

Қасидаи «Бўи ҷўи мўлиён»-и Рўдакӣ, ки ба Наср ибни Аҳмад бахшида шудааст, намунаи барҷастаи тарғиби ватанхоҳиву ватанпарварӣ маҳсуб меёбад ва чун порча аз қасидаи самимии ватанхоҳӣ дар адабиёти тоҷик шуҳрат дорад.

Насри II бо таъсири ин қасида роҳи сафари Бухороро пеш гирифт ва ба ҳеҷ манзил нафаромада, ба пойтахти худ расид ва дигарон аз азоби сафари дуру дарози амир халос шуданд.

Осори бою рангин ва пурҳикмати гузаштагони тоҷик, ки аксар дар мавзўи панду ахлоқӣ навишта шудаанд ва дар тарбияи руҳияи ватанпарвариву ахлоқи ҳамида мақоми арзишманд доранд, имрўз аз ҷониби халқу миллатҳои гуногуни дунё пазируфта шудаанд.

«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Донишнома»-и Абўалӣ ибни Сино, «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ чун намунаи барҷастаи забон ва адабиёти форсу тоҷик дар тамоми дунё машҳур гаштаанд ва ҳар яке бузургтарин асари тарбиявию ахлоқӣ ба шумор мераванд.

Аз қадим дар байни халқу қавми тоҷик роиҷ буд, ки пас аз хату савод омўхтан «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдиро аз бар кунанд. Ин анъана солиён тўл кашид ва имрўз низ ба омўзиши илмҳои гуманитарӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо диққати бештар дода мешавад. «Илмҳои инсонӣ (гуманитарӣ), адабиёт, ҳунар ҷомеаро аз лиҳози ахлоқию психологӣ, тарбият мекунанд, андар ниҳоди инсонҳо эҳсоси покизагӣ, ҳалолкорӣ, ба даст овардани ризқу рўзии ҳалол, меҳру вафодорӣ, садоқату гуфтори нек ва амсоли инҳоро тарбият карда, ҷомеаро тавонои маънавӣ мебахшанд, ин тавоноӣ муҳаррики қувват ва нерўҳои дигари инсон хоҳад буд».

Дар тарбияи насли ҷавон, ки оянда пояндадори халқу Ватан ва маданияти миллӣ мебошанд, адабиёт нақши муҳим дорад. Аз таърихи гузаштагон ва аз ҳаёти қахрамонону ҷоннисории онон танҳо тавассути осори ниёгон воқиф мегардем. «Мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан мисли меҳнати бунёдкорӣ ва созандагӣ қисми таркибии таърихи тўлонӣ ва пуршарафи халқи тоҷик аст ва ҳамчун таҷриба, сабақ ва арзиши маънавӣ аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Таърихи тоҷикон аз намунаҳои қаҳрамониву корнамоиҳо баҳри озодӣ ва истиқлолият, рушди миллат ва фарҳанг, шаъну шараф ва адолати иҷтимоӣ ғанӣ аст».

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон номи абармардони миллат Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик зиндаву ҷовид гардид. Ин далолат бар он мекунад, ки дар таърихи халқи тоҷик дар ҳар давру замон инсонҳои нексиришту покнажод барои зиндадории халқу миллат ҷоннисорӣ кардаанд ва ин анъана имрўз ҳам аз ҷониби мардони хирад ва қаҳрамонони миллат идома ёфта истодааст.

Дар таърихи халқи тоҷик шоҳону қаҳрамонони бешумори шуҷоъ, ки ҳар яке дар роҳи ҳақ ва адолат ҷоннисориҳо кардаанд, мисли «Заратуштра, Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав, Куруши Кабир, Доро, Спитамон, Сатибарзан, Меҳрдод, Ардашери Бобакон, Шоҳпур, Маздак, Хусрави Парвези Анушервон, Абўмуслим, Муқаннаъ, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳ ибни Тоҳир, Тоҳир ибни Абдуллоҳ, Яъқуб ибни Лайси Саффор, Амир ибни Лайси Саффор, Исмоил ибни Аҳмад, Насри дуюм ибни Аҳмад, Абўиброҳими Мунтасир, Ғиёсуддин Муҳаммад ва Муъиззидин Муҳаммади Ғўрӣ, Ҷалолуддини Манкубурнӣ, Маҳмуди Торобӣ, Малик Шамсиддини Курт, Мавлонозода, Восеъ», ҷовид мондаанд ва барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ намунаи ибратанд.

З. Абдуллоева

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ