Касбу ҳунар - омили мустаҳкамии оила

Ҳанӯз аз замонҳои қадим одамон фикр мекарданд, ки кадом омил метавонад ба ташаккули тафаккури зебоипарастӣ ва болоравии сатҳи зиндагӣ бештар қудрати таъсиррасонӣ дар рушди оила ва мустаҳкамии он дошта бошад. Ин масъала то ҳанӯз мавриди баҳси олимону муҳаққиқони соҳа мебошад ва андешаҳо низ гуногунанд. Маводи илмию оммавии олимону донишмандон тасдиқ менамоянд, ки рушди ҳунарҳои халқӣ ба тарбияи зебоипарастӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва ҳамчун омили асосии бокортаъминкунии аҳолӣ, коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ва мустаҳкамсозии оила басо нақши муассир доранд. Қисмати зиёди ин матолиб ба масъалаи тарбияи завқи бадеӣ, хусусан, тарбия тавассути ҳунару санъат бахшида шудааст. Метавон гуфт, ки мақоми ҳунар на танҳо дар наздик сохтани насли наврас ба неъматҳои эстетикии ҳаёт бузург аст, балки ба пешрафти сатҳи маънавиёти оила, рӯзгордорӣ ва ғанӣ гардидидани захираҳои моддӣ дар оила нақши муассир дорад.

Зеро аз қадимулайём мардуми соҳибмаърифати тоҷик дар баробари қавму мардуми дигар бо шавқу завқи баланд ба касбу ҳунарҳои милливу аҷдодӣ, амсоли оҳангарӣ, мисгарӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, шонатарошӣ, кордсозӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, олкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо дар зинда нигоҳ доштани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, ҳамчунин дар тарғибу муаррифии фарҳанги бою ғанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагӣ онро васеъ истифода менамуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷанбаи масъала ишорат намуда, бо зикри яке аз марказҳои қадими аҳолинишини кишвар Саразм иброз намудаанд, ки «дар Саразм ҳунармандӣ, аз ҷумла коркарди мис, сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, заргарӣ равнақ ёфта будааст. Саразмиён ба тамоми марказҳои аҳолинишини Шарқи Наздику Миёна алоқаҳои тиҷоратӣ ва маданӣ барқарор карда буданд».

Муаррихи барҷаста, академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси бозёфтҳои таърихиву археологӣ ба ҳунару истеъдоди мардуми Бохтари Қадим руҷӯ намуда, менигорад, ки«истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим, ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи «Дафинаи Амударё» ба таври барҷаста муҷассам гардидааст».

Мутафаккирони бузурги форсу тоҷик анвои ҳунару шахсияти ҳунармандро дар асару эҷодиёти гаронарзиши хеш ба назму наср тавсиф намудаанд. Ҳар як чакидаҳои бузургони илму адаби тоҷик мо имрӯзиёнро ба омӯзиши илму ҳанар талқин менамояд. Ба ин маънӣ Саъдии Шерозӣ мефармояд: «Ҳунарманд ҳар ҷо равад, қадр бинад ва дар садр нишинад» ё дар ҷойи дигар зикр медорад, ки «Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда ва гар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст». Дар воқеъ, мардуми соҳибҳунар муҳтоҷ ба касе намешавад ва касби андӯхтаи ӯ боис ба ғанӣ гардидани иқтисодиёти оила ва ҳаёти осоиштаи хонавода мегардад. Олимону донишмандон ва шоирону нависандагон ҳамеша даъват ба он доранд, ки мардуми боҳунар азизи ҳар ҷомеа ва хонадон аст. Унсурмаолии Кайковус хитоб ба фарзанд намуда, менигорад, ки «бидон, эй писар, ки мардуми беҳунар доим бе суд бувадчун муғелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро».

Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:

Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,

Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.

Туро бо ҳунар гавҳар асту хирад,

Равонат ҳаме аз ту ромиш барад.

Дар ҷойи дигар:

Гуҳар бе ҳунар зору хор асту суст,

Ба фарҳанг бошад равон тандуруст.

Ба таъбири дигар, он ҷое, ки мардум соҳиби маърифат ва касбу ҳунару машғули кор аст муҳтоҷи андеша ва кору фаъолияти касе нахоҳад шуд. Ӯ ҳамеша дар рушду нумӯъ ва такмилу эҷодиёти касбу ҳунари дӯстдоштааш хоҳад буд, чунончи, Сайидои Насафӣ мефармояд:

Сайидо, марди ҳунарманд аз тараддуд фориғ аст,

Даст агар дар кор машғул аст, по осудааст.

Манзур аз рӯ овардан ба андешаҳои сиёсатшиносону таърихнигорон ва мутафаккирон доир ба касбу ҳунарҳои мардумӣ бори дигар моро водор месозад, ки дар омӯзиш, эҳё ва таблиғу муаррифии ҳунарҳои аҷдодӣ ва равнақ бахшидани он саъю талош варзем. Зеро то ҳанӯз ин касбу ҳунарҳо маншаи асосии даромади ҳар як хонавода маҳсуб ёфта, арзиши худро гум накардааст.

Касбу ҳунар дар ҳамаи давру замон, хусусан, замони муосир рӯ ба рушд оварда, маҳсулоти ҳунармандӣ бо ҳисси баланди зебоипарастӣ аз ҷониби ҳунармандони чирадаст пешкаши мардум гардонида мешавад.

Ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ин масоил ва рушди сайёҳӣ қадами устувор гузошта шуд, ки дар замони муосир барои занону бонувони хонашин ва ҷавонони ҳунарманд имконияти бештарро фароҳам месозад. Зеро «Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст».

Аз ин лиҳоз, соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат бо маќсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат, омӯзиш ва густариши ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва солҳои 2019-2021 вобаста ба муҳимият ва зарурият “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуд, ки ин тадбир ба мо имконият медиҳад, ки дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои ҳадафманд ва нишонрасро роҳандозӣ намоем. Ин аз тадбирҳои самарабахше ба ҳисоб меравад, ки ҳам ба ғанӣ гардидани иқтисоди мамлакат, ба фурӯш рафтани маҳсули ҳунармандон, бо корҳои доимӣ машғул шудани занону бонувон, ҷавонони бекору имконияташон маҳдуд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум таъсири хуб мерасонад.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир ҳунарҳои миллии тоҷикон ба монанди кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ҷиҳакбофӣ, бофтани намудҳои гуногуни сарулибос, ҷиҳози хона, тарзи тайёр намудани анвои хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, намудҳои гуногуни нон, омода намудани маҳсулоти заргарӣ, ороиши боғу бӯстон, ҳавлӣ, ороиши дастархон равнақ ёфтааст. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд: Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Масчоҳ ва амсоли инҳо омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва машғул шудан ба он, инчунин, истеҳсол, коркард, бастубанд ва хизматрасонию фурӯши маҳсули меҳнат оилавӣ ба таври густурда ба роҳ монда шудааст. Метавон гуфт, ки оилавӣ машғул шудан ба касбу ҳунарҳои аҷдодӣ дар Тоҷикистони ҷавони муосир, махсусан, пас аз эълон гадидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дучанд гардид. Омилҳои бештар рӯ овардани мардум ба касбу ҳунарҳои мардумӣ аз ҳавасмандагардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва озод намудани онҳо аз пардохти ҳамагуна намудҳои андоз, инчунин, таъсис ва равона намудани маблағҳои грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои соҳибкорзанону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳунармандон маҳсуб меёбад.

Омили дигари таъсиргузор ин ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад. Масъалаи мазкур баҳри истеҳсол ва фурӯшимаҳсулоти ҳунармандӣ таккони дигар бахшид. Аз ин рӯ, ҷомеаи муосир аз ҳунармандони кишвар вобаста ба талаботи бозор амал менамояд, ки мунтазам дар эҷод ва такмили ҳунари худ бошанд ва фарҳанги ғанию касби пуршарафи худро ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба таври барҷаста муаррифӣ карда тавонанд. Эҷод намудан ва такмил додани маҳорати офариниши ҳунармандон боиси бозоргирии маҳсулот ва ривоҷи ҳунару ҳунармандӣ ва мустаҳкамии вазъи иқтисоди оила хоҳад гашт.

Давлату ҳукумати кишвар баҳри омӯзиши ҳунарҳои аҷдодӣ ва касбу ихтисосҳои муосир як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз ҷавонони саодатманди кишвар дар муассисаҳои маълумоти миёна, олии касбӣ, коллеҷҳо ва марказҳои таълимӣ ба омӯзиши беш аз 800 намуди касбу ҳунар ва ихтисоси гуногун аз рӯи 5 (панҷ) равия: табиӣ ва техникӣ, иқтисод ва география, филология, педагогика ва санъат, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ, тиб, биология ва варзиш фаро гирифта шудаанд.

Масалан, дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” омӯзиш ва таҳқиқи арзишҳои милливу маънавиамон як ҷузъи сиёсати Пешвои миллат қарор гирифтааст. Дар ин росто, таъсис ва фаъолияти кафедраҳои “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ”, “Экология ва ҳифзи табиат”, “Географияи табиӣ”, “География ва демография”, “Таърихи Ватан ва археология”, ҳамчунин кафедраи умумидонишгоҳии “Таърихи халқи тоҷик” аз шумори тадбирҳои ҳадафманд дарак медиҳад. Дар факултети геоэкологиядонишҷӯён бо ихтисоси “географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат” таҳсил менамоянд, ки ин ва дигар ихтисосҳо маҳз барои муаррифии арзишҳои моддиву табии мардуми кишвар нигаронида шудааст.

Зеро яке аз ҷанбаҳои тарбияи насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву зебоипарастӣ, ифтихорӣ миллӣ, омӯзиши намудҳои муосири ҳунару ҳунармандӣ бо намудҳои аҷдодӣ ва миллӣ метавон рабт дод. Зеро насле, ки созанда асту истеъдоди офариниш дорад, ҳамеша аз пайи ободии Ватан аст. Ҷавони мусаллаҳ ва боҳунар ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин ё он равияҳои ифротӣ ва гурӯҳу созмонҳои террористӣ нахоҳад гардид. Барои ин волидонро зарур аст, ки баҳри омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, меҳри омӯзиши онро аз овони хурдсолӣ бо амал ва гуфтор дар дилашон ҷой намоянд. Ин иқдом баҳри рушд ва камол ёфтани насли ҳунарманд гашта, сатҳи зиндагӣ ва маърифати ҷаҳонбинӣ дар муҳити хонаводагӣ беҳтар аз пештар хоҳад гардид.

Таъсири урфу одатҳои қадимаи халқи тоҷик ба ҳаёт, зиндагӣ ва санъати бадеии он ниҳоят бузург аст. Ҳунармандони мо хуб дарк намудаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии бозоргир шудани маҳсулоти ҳунармандӣ дар такмил ва густариш додани санъати бадеӣ аст. Ҳунарманде, ки дар як ҷо ба иборае шах шудааст, ҳеҷ гоҳ маҳсулоташ бозоргир намешавад ва рафта-рафта паршикаста ва касод мешавад.Барои ба ин ҳолати ногувор дучор нашудан мебояд ҳамеша дар такопӯ ва омӯзиши нозукиҳои ҳунари хеш буд.

Аз ин ҷиҳат, ҳунармандони имрӯзи тоҷик, махсусан заргарону атласдӯзони шаҳри Хуҷанд, қолинбофони шаҳри Гулистон, кандакорону кордсозони Истаравшани бостонӣ, ҳунармандони Панҷакенти қадим бо омӯзиш ва дарки ин масъала маҳсулоти ҳунари хешро омода менамоянд, ки шуҳратёри ҷаҳон гардидааст. Устодони чирадасти ин манотиќ аз анъанаҳои фарҳангӣ бо омехтанамоии суннатҳои аврупоӣ дар эҷоди ҳунарҳои амалии мардумӣ бештар коргир мешаванд, ки боиси таҳсин ва ифтихор аст.

Дар ин ҷо ба масъалаи оила ва муносибати оилавию омилҳои пошхӯрии он руҷӯъ намуданро лозим мешуморем. Зеро аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ки яке аз омилҳои мустаҳкам гардидани оилаҳо ва тарбияти дуруст ёфтани насли наврас бастагӣ ба соҳибҳунар будани аҳли хонавода дорад. Агар марду зан соҳиби ҳунар бошанд ва аз пайи ҳунари доштаашон зиндагиашонро таъмин намоянд, он оила дар ҷамъият мавқеъ пайдо мекунад ва рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегардад. Аммо дар оилае, ки аъзои он ҳунар надоранд ва фарзандонро ба омӯзиши он раҳнамо намешаванд дер ё зуд он оила пош мехӯрад. Барои он ки мушкилоти оилавӣ домангир мешавад ва роҳи халосӣ мушкил мегардад. Пас яке аз аъзои оила ба муҳоҷират ва ё корҳои сиёҳ даст мезанад. Аммо дар ин гуна оилаҳо фарзандон беназорат монда, ба падидаҳои номатлуб, аз қабили кӯчагардиву дуздӣ, сигоркашиву майзадагӣ ва билохира фирефтаи гуруҳҳои манфиатхоҳ гардида, аввалан бар зидди падару модари хеш ва баъдан ҷомеаву арзишҳои маънавии давлату миллати хеш амал менамоянд. Ин бетаваҷҷуҳӣ боиси шармсорї ва сарафкандагии волидайн низ мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи имрӯза, оила ва падару модаронро зарур аст, ки аз фазои мусоиди фароҳамгаштаи давлату ҳукумат фаровон истифода намуда, барои соҳибкасб ва ба зиндагӣ омода намудани фарзандон нақшаву барномаҳои мушаххасро тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд.

Хулоса, яке аз омилҳои пошхӯрии оилаҳоро ба бекасбиву бекории аъзои хонавода алоқаманд донист. Зеро акарияти оилаҳои ҷавони пошхӯрда омили ҷудошавиашонро ба ноуҳдабароии тарафи муқобил тарҷеҳ медиҳанд. Ё мард бекор аст ва ё зан дар хона маҳорати кадбонугӣ надорад. Ба кор банд будани сарвари хонавода, яъне мард омили асосии пойдории оила аст. Зеро марди соҳибҳунар дорои сиёсат ва саломатии махсус аст. Марде ки касбу ҳунар надорад, ҳамеша дар ҳама ҷо хор асту беқадр. Ҳамчунин, зане ки кадбонуи бомаҳорат аст, метавонад табъу дили ҳамаро бо омода намудани таомҳои гуногун ба даст оварад. Инчунин, занҳое, ки дорои маълумоти олӣ мебошанд, ҳеҷ гоҳ ба кӯтоҳназариву кӯтоҳфикрӣ оилаи хешро вайрон намекунанд. Зеро онҳо ба ояндаи худ ва фарзандонашон бетараф нестанд. Баробари ҷинси муқобили хеш ҳаракат намуда, пояҳои моддии хонаводаро бо ба даст овардани сармоя аз фаъолияти хеш мустаҳкам намуда, боис ба афзоиши меҳру муҳаббати ҳамагон дар хонавода мегарданд.

Ҳодибоев Ф.А. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент,

Мамадҷонова М.Д. – унвонҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ