Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ

Телефон барои маълумот

Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ соли 2009 таҳти роҳбарии дотсент Абдуҷаббор Абдуллоев таъсис ёфтааст. Назорати қатъии давомоти донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ, пешниҳоди маълумотномаи академӣ (транскрипт), баҳисобгирии натиҷаҳои ҳаракати донишҷӯён, мураттабсозии нақшаи таълимии фардӣ, ташкили триместр ва ғайра самтҳои асосии фаъолияти Марказ мебошанд.

Минбаъд Турдиев Т., Раҳимов Ҷ., Нуриддинова М., Ахмедов А. ба ҳайси сардори Маркази ҷиҳати пешбурди фаъолияти он саҳми назаррас гузоштанд. Ҳоло роҳбарии маркази мазкурро дотсент Дадобоева Н. ба зимма дорад.