Иттифоқи касабаи донишгоҳ

Телефон барои маълумот

Иттифоқи касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ баробари таъсиси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар аввал ташкилоти мазкур мустақилона фаъолият мебурд. Баъдан самтҳои фаъолияти худро бо низоми кории раёсати донишкада ва баъдан донишгоҳ ҳамоҳанг кардааст.

Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба айни ҳол беш аз 12 ҳазор нафар аъзо дорад, ки онҳо аз ҳисоби устодону донишҷӯён ба ин ташкилот шомил гардидаанд.

Мақсад, вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, Барнома ва Низомномаи иттифоқи касаба муайян мекунанд.
Вазифаҳои асосии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ҳимояи ҳуқуқу имтиёзҳои қонунии кормандон маҳсуб мешавад. Гузашта аз ин, ташкилоти мазкур ҷиҳати ташкили шароити меҳнат, манзил, тартиб ва реҷаи кор, меъёр ва маош бо маъмурияти донишгоҳ ҳамкориро ба роҳ мемонад. Баробари ин, ба риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат барои қабул ба кор ва озод кардан аз кор мусоидат менамояд. Ҳаллу фасли маҷмӯи баҳсу мунозираҳои меҳнатиро ҳамроҳ бо маъмурияти донишгоҳ ба роҳ мемонад.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба иборат аз он аст, ки аз номи ҷомеаи меҳнатӣ ба шартнома имзо мегузорад. Кумита ташкили ҳифзи саломатии кормандон, донишҷӯён, ёрии моддӣ ба ятимон, нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоатро таъмин менамояд.

Иттифоқи касаба аз интиҳои солҳои 70-уми асри гузашта ташкилоти устодону кормандон ва донишҷӯёнро муттаҳид намуда, номи кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаро гирифт. Солҳои гуногун Т.Қ.Қурбонов, А.Н.Набиев, Е.Н.Кривошеева, З.Н.Умеренкова, А.Ш.Шарипов, М.И.Шамсиддинов, М.Мироватов, сарварии ин ташкилотро ба ӯҳда доштанд.

Аз соли 2010 то ҳол раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба дотсент А.Усмонов мебошад. Дар ин давра дар фаъолияти кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Теъдоди зиёди кормандону донишҷӯёни донишгоҳ аз роҳхатҳои истироҳатӣ истифода намуда, қисмате аз донишҷӯёни дигар бо хобгоҳҳои замонавӣ таъмин гардиданд. Махсусан, донишҷӯёни бо квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохилшуда аз чунин як хобгоҳи ҷудогонаи муҷаҳҳази замонавӣ бархурдор мебошанд. Зиёда аз 52 нафар устоди донишгоҳ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд.

Хидматҳои илмиву фарҳангии устодони донишгоҳ аз ҷониби давлату ҳукумат ҳамеша қадршиносӣ гардида, давоми даҳсолаи охир то имрўз 5 нафар Медали хидмати шоиста, 12 нафар Корманди шоиста, 2 нафар ордени Шараф, 2 нафар ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 47 нафар барандаи ҷоизаи вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, 500 нафар аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 200 нафар ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 170 Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро сазовор гардиданд, ки ифтихори ҳамаи мо мебошанд.

Маҳз таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буд, ки соли 2018 беш аз 100 нафар устодон ба табобату истироҳат, 50 нафар фарзандони омўзгорон ба таътили тобистона ва 262 нафар устодони ин боргоҳи илму маърифат бо кўмакпулии яквақта сарфароз гардонида шуданд, ки маблағи умумии он беш аз 300 000 (се сад ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли хониши 2017-2018 дар донишгоҳ 54 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор, 59 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3ва 428 нафар муҳассилини аз падар ё модар маҳруммонда таҳсил доранд. Ба донишҷӯёни ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд ба ғайр аз стипендияи муқаррарии ҳармоҳина кӯмакпулӣ дода мешавад.