Маркази тестӣ

Телефон барои маълумот

Маркази тестӣ- яке аз зерсохторҳои раёсати таълими донишгоҳ буда, бо фармоиши ректор аз 10.09.2014с., таҳти №195 таъсис ёфтааст. Мақсад аз таъсиси Марказ тавассути технологияҳои иттилоотии муосир ба роҳ мондани имтиҳонот, назорати донишандўзӣ ва тариқи технологияҳои муосир баҳо додан ба сатҳи донишазхудкунии донишҷўён мебошад. Вазифаҳои асосии Марказ аз таъмини техникии ҷараёни тестгузаронӣ, банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои ҷорӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани низомҳои муосири ташкили механизмҳои нави имтиҳонҳо, таъмини манбаъи тестҳо, маълумотҳо ва маводҳои санҷишӣ, таҳия ва таъмини механизмҳои мониторинги натиҷаҳои имтиҳонҳо ва шаклҳои нави маводҳои санҷишӣ, ташкили супориши қарзҳо ва фарқиятҳои академӣ, таҳия ва ташкили механизмҳои раванди аппелятсия, такмили усулҳои мониторинги сифати таълим дар асоси назорати доимии сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён ба воситаи имтиҳонҳои ҷорӣ, марҳилавӣ ва ниҳоӣ, коркарди саривақтӣ ва ба СИИ ворид намудани натиҷаи имтиҳонҳо ва ғ. иборат мебошад.

Дар донишгоҳ 5 нуқтаи маркази тестӣ бо фарогирии 718 компутер амал мекунад. Аз оғози соли таҳсили 2017-2018 татбиқи рейтинги ҷорӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари имтиҳоноти тестӣ имтиҳонҳои хаттӣ, шифоҳӣ ва эҷодӣ низ ҷорӣ гардид.

Қаблан вазифаи сардори маркази мазкурро Каримов И.И, Нуриддинова М., Музаффаров М. ва Раҳимов Ҷамшед ба зимма доштанд. Айни замон вазифаи сардори маркази тестиро Назаров Р.Р. бар зимма дошта, Нуриллоев Хушбахт ва Раҳимов Дилшод, Ҳошимов... , Усмонов Аҳадҷон ба ҳайси сармутахассис ва мутахассис фаъолият менамоянд.