Раёсати таълим

Телефон барои маълумот

Раёсати таълим чун ҷузъи томи сохтори донишгоҳ идораи раванди таълимро амалӣ мегардонад. Раёсати таълим вазифаҳояшро тибқи Оинномаи донишгоҳ ва Низомномаи раёсат (чун дастурҳои хизматӣ) амалӣ намуда, фаъолияти зерсохторҳои донишгоҳро ба ҳам мутобиқ месозад.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 16 факултет ва 77 кафедра (аз ҷумла 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рўи 77 ихтисос дар шуъбаи рўзона, 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона ва 7 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ 904 нафар омўзгорон, аз ҷумла 43 нафар доктори илм, профессор, 351 нафар номзади илм, дотсент, 193 нафар сармуаллим ва 318 нафар муаллим фаъолият намуда, шумораи умумии донишҷўён 20628 нафар (10236 нафар дар шуъбаи рўзона ва 10392 нафар дар шуъбаи ғоибона)-ро ташкил медиҳад.

Донишгоҳ дорои 41 кабинети методӣ, 73 кабинети фаннӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, 1 студияи телевизион, 1 студияи радио, 32 озмоишгоҳи таълимӣ, 3 осорхона, 4 устохона ва 41 синфхонаи компютерӣ мебошад.

Назорати мунтазами раванди таълим, интизоми меҳнат ва давомоти донишҷўёни факултетҳои донишгоҳ тавассути беш аз 450 камераҳои назоратӣ ба роҳ монда шудааст.

Айни замон нақшаҳои таълимии 77 ихтисоси мавҷудаи донишгоҳ дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Раёсати таълим бо мақсади беҳтар намудани вазъи донишандўзии донишҷўён ба таҳия ва нашри дастурҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ ва бастаи маводҳои таълимӣ аз рўи низоми кредитии таҳсилот диққати махсус медиҳад.

Раёсати таълим дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои донишгоҳ дар пешбурди раванди таълим тадбирҳои амалӣ андешида, чунин корҳоро ба анҷом мерасонад:

  • назорати ташкили чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани раванди таълим
  • муайян намудани роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ
  • таҳлил ва татбиқи самараноки барномаҳои таълимӣ
  • назорат ва танзими раванди таълим дар бахши тайёрӣ
  • ташкилу назорати ҷараёни таҷрибаомўзии омўзгорӣ ва истеҳсолӣ;

Раёсати таълим ҳамасола дар оғози соли таҳсил барои факултетҳо нақшаи чорабиниҳои таълимӣ- методӣ таҳия намуда, аз рафти иҷроиши ин чорабиниҳо, риояи ҷадвали дарсӣ, рафти сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ, иҷроиши сарбории омўзгорон, рафти иштирок ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои инфиродӣ ва мустақилона, таҳияи фармонҳои аз курс ба курс гузаронӣ назорат мебарад.

Дар соли таҳсили 2018 -2019 раванди таълим ва сарбории ҳайати омўзгорону профессорони донишгоҳ тибқи Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омўзгорони кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

То имрўз раёсати таълим (шуъбаи таълим)-ро Ҳоҷибоева Б.А., Шапкин А.И., Войченко А.П., Баянов А.В., Ҳакимова Э.В., Кравченко В.С., Усмонов Ғ.Ҳ., Назаров Р.Р., Раҳмонов З.П., Ўлмасов М.Ў., Азизов А.А., Ёқубов С., Ҳакимхоҷаев С. сарварӣ намудаанд. Аз моҳи марти соли 2016 вазифаи сардори раёсати таълимро дотсент Сабуров М.И. ба зимма дорад.

Ҳоло раёсати таълим дар ҳайати номзади илмҳои химия, дотсент Сабуров Муҳиддин., номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҷабов Э, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Турдибоев Тоҳирҷон, сармуаллимон Маҳмудов Исмоилҷон, Бобоҷонова Муҳайёхон, Ҳомидова Фирўзахон. ва оморгарон Баротова К. ва Эргашев Ҳусейнҷон пайваста ҷиҳати пешбурди раванди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот фаъолият намуда истодааст.

Мувофиқи сохтори донишгоҳ раёсати таълим аз зерсохтори зерин иборат мебошад:

  • Муоини ректор оид ба таълим
  • Раёсати таълим
  • Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
  • Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ
  • Маркази бақайдгирӣ ва машварат
  • Маркази тестӣ
  • Шуъбаи тайёрӣ
  • Маркази технологияҳои иттилоотӣ
  • Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон.